Ба истиқболи рӯзи соҳибистиқлолии кишвар– 9 сентябр
Ҳанӯз Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бо овози баланд ба инсонҳо муроҷиат намуда гуфта буд:
Ту тухми бадӣ то тавонӣ макор,
Чу корӣ, барат бад диҳад рӯзгор!
Дар ҳақиқат, дар ниҳоди инсонҳо, баробари «пиндори неку гуфтори неку рафтори нек», ки маншаъ аз фарҳангу адаби дури дурамон, аз китоби «Авасто» мегиранд, боз дар тамоми раванди таърих хислатҳои разилонаю амалкардҳои манфию манфуре ҳам лона доштанду доранд, ки иборат аз хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, сияҳдилӣ, туҳмат ва ғ., умуман тухми бадномӣ коштан дар ҷомеа дар шахсияти амалкунанда мебошанду алайҳи некию некӯкорӣ пайваста дар сангари муборизаи шадид қарор доранд. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳоро ба хотири манфиатҳои ботилу ночизе сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хатти бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнату бадкирдорӣ дар ҷомеа, ба ҳар навъе, ки набошад, оқибат рӯ менамояд.
Вақте дар вуҷуди инсон бадномӣ қомат меафрозад, бадкор қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба бадкориҳои фаҷеътаре панҷа дароз кунад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромии он такони манфӣ ворид созад, барои манфиати фардӣ даст ба кору рафторҳои ношоиста занаду ба мурод норасида, мағлубияташ фош гардад.
Ҳамин тавр, бадном онест, ки ба ойила, ба наздикону дӯстон, ба раванди рости корҳо, ба моли мардуму ҷамъият, баъзан аз нодонӣ ба волидайн ва, бадтару бадтар аз ҳама, ба Ватан ва сиёсати осудаи давлатдорӣ ва ғ. амалкардҳои манфии инсонӣ содир менамояд, ки дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохушу номатлубе дораду ҳар шахсро ба сӯйи бадномӣ мебарад, обрӯяшро дар ойила, дар коргоҳ, дар байни ҷомеа ва дар ҳама ҷо ба хоки сиёҳ яксон менамояд. Барои сиёҳ кардани зодбуму кишвари худ ва ба ин васила ақлҳоро дуздидану ба сӯйи нокуҷоҳо бурдани мардуми авом ва ҷавонони бетаҷриба тухми бадномӣ коштан аз ҷониби саркардаҳои дохилию хориҷӣ мебошад, ки ба ҳеч ваҷҳ нопазируфтанист.
Ба ин маънӣ, дар ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз таърихи 26 декабри соли 2019, бамаврид омадааст, ки «…сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Бешак, дар замири ин гуфта амалкардҳои номатлубу ношоистаи ашхосе ишора ва таъкид карда шудааст, байни ҷомеа нифоқ меангезанду бо фош гардидани амали бадашон бо бадномӣ маҳкум карда шудаанду мешаванд.
Вақте мо ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, дар онҳо навиштаву ишораҳое дармеёбем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо чунин амалу падидаҳои номатлуб реша дошта, аёну ноаён амал мекардаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва дастандаркорон огоҳона аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд.
Агар ба саҳифаҳои ин адабиёти ғанӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлвори ҳар суханвари тавоно доир ба бадномӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва, дар ин замина, хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум накардаанду то ҳол омӯзандаанд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ беҳуда нафармудааст:
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза на ҳар ақли «солим» гӯши наситҳатшунав ва на ҳар амалкард ҷанбаи мусбат дорад. Лаҷоми ақлҳои «солим» имрӯз баъзан дар дасти хоҷагони авомфиребу зиштандешашон барои дарёфти манфиати ночизи шахсб иебошаду халос, фардои худ ва фардои ҷомеабарои онҳо чизе нест.
Ҳанӯз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобастаи хиёнату бадномӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба марде хиёнат мекунаду номи бадномиро ба номи худ мепайвандад, ин тавр овардааст:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастор он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: – Ай палид!...
Оғоз ва анҷомухулосаи ҳикоят ба мо нарасидааст, то бидонем, ки ин зани бо амали норостини худ бадномшуда чӣ зане буда ва чаро ин бадномиро бар худ раво дида! Кию киҳое барангезандаву ба гумроҳӣ равонакардаи ӯ буданд!
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, дар майдони давлатдорӣ тухми нифоқ накоштану хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста аз он, ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом мебошад. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳодисаву зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнату бадкорӣ, ки оқибаташ бадномист, сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнатеро, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво дидаанду оқибати он бо фоҷеае мудҳиш анҷомидааст. Яъне, бадхоҳону баттолон, кӯшишидаанд, ки писарро бо падар шинос нанамоянду яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданду зиддияту нифоқро аз байн набаранд. Ин гуна кашмакашҳо аз ҳамон рӯзгорони гузаштаи дур ба инсонҳо боқӣ монда будааст.
Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба – духтари шоҳи Ҳомоварон Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахте рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш, ба фоҷеа дучор ва бераҳмона кушта мешавад.
Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Чунин рафтор оё мисоли равшани ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат кардану худро бадном кардан нест?! Албатта, Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо Ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми Ватан мекӯшад. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод бо фармони хоҷагонаш яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба бародар дар саҳифаҳои таърихномаамон ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид?! Ҳаргиз!
Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ оид ба чунин амалиёти номатлуб андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини онҳо чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замону ба бадномӣ шуҳра нагардидан мебошад. Агар зердаст ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад.
Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат номуросо будани баъзе ҷоҳхоҳони кӯтаҳдасту пайравони аъмои онҳо ба давлату дину ойин, ба халқу Ватану миллат мебошад. Имрӯз номи басо касонро авроқи таърихи ҷаҳон дар худ рӯсиёҳу бадном забту сабт намудааст, ки аъмоли бадашон ба минбаъд аз он саҳфаҳо носутурданист.
Кошки чунин амалу рафторҳои гурӯҳҳои манфури ношоиста, ки имрӯзҳо дар кишвари мо «тасодуфан» аз ҷониби бадхоҳони халқу миллату Ватан сар мезананду оқибат барои саркардаҳои беандешаашон бадномӣ меоранд, такрор нагарданд.
Барҳақ, гирудору кашмакашиҳои шаҳрвандӣ дар давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузариш ба даврони соҳибистиқлолӣ бояд барои мо – шаҳрвандони имрӯзаи Тоҷикистон дарси ибрати ҳамешагӣ бошад.
Зиёда аз ин, баъзе ҳодисаҳои нохуш дар кишварҳои Шарқи Миёнаву наздик, монанди Фаластин, Сурия, Лубнон, Ироқ, Яман ва Афғонистони ба ҳар фарди замон маълум бояд дарси ибрат бошанд. Душманони ватану миллат, новобастаба аз мансубияти халқию ирсию нажодиашон, новобаста аз маншаи баромадашон, новобаста аз дину ойинашон ва ғ. мехоҳанд олн рӯзҳои сахти давраи гузаришро дигарбора ба сари мо бор кунанд. Оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ, сулҳу суботи бо душвориҳо бадастовардаи моро аз байн бибаранд, лекин куҷо ба муродашон хоҳанд расид ?!
Ҳар кӣ бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,
Ҳар кӣ бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!
Дар ин маврид аз офаридаҳои Низомии Ганҷавӣ, ки хеле зиёду судманданд. Танҳо ҳикояти «Хайру Шар»-ро мисол меорем, ки хиёнати Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунинҳоро дарси ибрат шавад.
Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату бадкирдориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид менамояд ва мегӯяд:
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту беш аз сӣ сол боз бо созандагиҳо Ватани озоду обод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу Ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин беш аз сӣ соли Истиқлолияти давлатии кишвар ва Ваҳдати миллии халқамон баробари дастовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагону чоплусони хоҷагони мунофиқ ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисороте овардаанд. Ин падидаи номатлуб баъзан имрӯз ҳам чеҳра менамояд. Боистӣ пайваста ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагию ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумраҳон ва манфиатҷӯёнро маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хориҷ аз кишвар истода ҷониби Ватани худ, халқи худ, миллати худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак, ин гуна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи «барномаҳо ва супоришҳо»-и хоҷагони хориҷии худанд, бештарашон фош шудаанду будаҳоалбатта фош хоҳанд шуд. Ба ин маънӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ гӯяд:
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас макун, ай бародари ман.
Гар модари хеш дӯст дорӣ,
Дишном мадеҳ модари ман!
Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонони моро зарур ва лозим аст, ки ҳушёронаву даррокона ҳуввияти миллии худро бештар аз пештар дарк намуда, баҳри осудагию ободии кишвар талош варзида, ҳамеша бо чашму дили бедор дар ҳифзи Ватану халқу миллат бошанд, зеро меваҳои ширини баъди турктозиҳои қарнҳо, бо душвориҳою кӯшишҳои зиёд, ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расонидаамонро содиқона муҳофизат карда тавонанд. Дар хотима андешаи баланди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ҳусни мақтаъ меорем, ки фармудаанд:
Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,
Дил аз ҳар бадӣ баркарон боядат!
Аз ин рӯ, на бадкору бадном, балки ҳамеша нексиришт ва созанда бошем, азизони Ватан!
Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ, - шоир ва адабиётшинос