Skip to main content

Дар ин омад-омади фасли зебои сол баҳори гулшукуфон мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол- Иди модарон қарор дорем. Модар бузургтарин ганҷинаи рӯи замин, гавҳари ноёбаст, маро ба дунё ба ҷаҳони ҳастӣ овардӣ, шабҳо нахуфтӣ то ман роҳат бихобам, аммо боре шикоят аз азобу ранҷифарзанд накардӣ...

Агар садҳо сол хизмати туро ба ҷо оварам ҳам, ба якшаба ранҷе барои ман кашидӣ баробар шуда наметавонад. Дар ҳақиқат модар ин шахси меҳрубону ғамхор ободгару созанда ва тарбиятгари насли наврас мебошад. Модар ин ягона шахсе аст, ки тамоми ҳастияшро барои фарзанд фидо мекунад. Ба ибораи дигар, агар нури Офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати худ сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Воқеъан ҳар гоҳе дохили хонадон мешавем аввалин сухане ки пурсон мешавем ин аст, очам дар куҷост? Аз ин бар меояд, ки модар ин оромиву осудагии фарзанд аст. Аз ин хотир дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Танҳо модар аст, ки ҳама фарзандонро дар як сатҳи баробар хоҳ доро аст, хоҳ фақир аст, хоҳ бемор аст новобаста аз шарту шароити зиндагӣ дӯст медорад ва бо ҳама дар як сатҳ муносибат мекунад. Барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам, озор, дуруштӣ ва сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад.

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастгирҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки новобаста аз он ки тарбияи насли наврасро бар душ доранд, боз имрӯзҳо бонувони бо нангу номуси мо дар ҳама сохторхои давлатӣ кор ва фаъолият мекунанд.

Дар ин фасли зебои сол тамоми модарон ва бонувонро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфта, ба тамоми бонувон умри бардавом, зиндагӣ орому осуда ва дастархони пур аз нозу неъматро таманно дорам ва орзу менамоем, хамеша саломату сарбаланд бимонед.

Идатон муборак, баҳоратон ҳамеша шукуфон бимонад, модарон азизу меҳрубон.

Намехоҳам ба руяш гард бошад,

Дилаш дар зиндагӣ сард бошад.

Тавалло дорам аз Холики якто,

Вуҷуди Модарон бедард бошад.

Садриддинов М.Р. - ходими илмии Институти ботаника, физология ва генетикаи растани АМИТ