Skip to main content

Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ворисони Рӯдакӣ” ва “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз 15 майи соли 2024, №2 ва бо мақсади дар сатҳи сиёсию ташкилӣ баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ворисони Рӯдакӣ” ва “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Шарифзода Фарангис ва Амирзода Ориф азнав интихоб карда шуданд.

Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.

Дар суханронии муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова оиди саҳми Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ дар бораи ҷумҳуриро ба як давлати амну обод барқарор намудан шунида шуд.

Ваҳдат, сулҳ, ягонагӣ барои тоҷику Тоҷикистонӣ калимаҳои муқаддасанд. Маънии калимаи Ваҳдатро Пешвои миллат чунин шарҳ додааст: “Ваҳдат барои мо як калимаи оддӣ ё вожа нест, балки номи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Ин мафҳуми муқаддас миёни дигар мафҳумҳо чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандорию ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Сароғози ҳамаи созандагию ободкорӣ, некӯаҳволии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки Ваҳдат ниҳоли ширини парваришкардаи мо мебошад, ки ҷомеа аз он баҳравар гардид ва халқи азияткашидаи тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки теша ба решаи ниҳоли сабзкардаи мо бо номи Ваҳдат расад.

Аз номи Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аъзоёни кумитаро бо ин иди тақдирсози миллат табрик намуданд.