Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣва рушди технологияҳои навини иттилоотӣ дар сиёсати давлатдории кишварамон илм ва маориф яке аз пояхои пурарзиши ҷомеа гардида, барои рушду пешрафти ҳар як давлат ва миллат макоми калидиро касб намудааст. Дар ин раванд ба масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии омӯзгор, ба хусус чавонон ба танзим даровардани низоми илму маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ-ҳуқуқии наврасону ҷавонон, алалхусус аз заҳмати омӯзгор ва устод сарчашма мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 28-уми декабри соли 2023 зикр намуданд, ки: “… авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд, ки «Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад. Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва байни онҳо густариши тафаккури илмӣ, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад». Бешубҳа, яке аз роҳҳои истодагарӣ намудан ба ин ҳама чолишҳо таквият бахшидан ба рушди ин соҳаҳо ва таваҷҷуҳи бештар додан ба муҳтавои таълиму тадрис дар макотиби миёнаву оли ва ба замона мутобиқ намудани муҳтавои барномаҳо ва китобҳои дарсиву адабиёти илмӣ мебошад.
Дар кадом сатҳ ва то кадом дарача баланд будани сифатнокии таълиму тарбия дар давраи нави ташаккули ҷомеи муосир ва муносибатҳои бозорӣ маҳаки асосии пешрафти давлат ва ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсат қадам ниҳодан дар баробари таъмини сулҳу амният, оромию осоиштагӣ ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалидараҷа дода, барои ба стандартҳои чаҳони мутобик сохтани он дастуру ҳидоятҳои созандаро пешниҳод менамоянд. Воқеан, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти босифат бо истифода аз васоити техникии муосири таълим чиҳати барномаҳои таълимӣ, дастгирии ихтироъкорону муҳаққиқон, таъмини адабиёти хушсифати таълимӣ, бо компютеру технологияҳои инноватсионии таълим ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста азму талош намуда, дар ин самт чораҳои мушаххас меандешанд.
Кобил ба зикр аст, ки яке аз масъалаҳои мубраме, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат қарор дода шудааст, ин таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ барҳак қайд намуданд, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад. Ба хусус доштани маърифати ҳуқуқӣ ҷанбаи муҳими фаъолияти касбии омӯзгор ва мутахассисони ҷавон мебошад. Барои ин зарур аст, ки санадҳои еъёриу ҳуқуқӣ, ки бевосита ба фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошад, пайваста пайгирӣ намоянд. Дар ин раванд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун тарбия намудани онҳо, ташвиқ намудани арзишҳои демократӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2024-«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Дар воқеъ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа яке аз заминаҳои таъмини волоияти қонун мебошад. Бо ин мақсад ҳануз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиклолияти давлати дар мамлакат як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» аз 29 апрели соли 2009 таҳия шуда, ба тадриҷ амалӣ мегарданд. Айни замон «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки заминаҳои асосии рушди илму маорифи миллӣ ба раванди густариши маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан омузгорон, инчунин ба омода намудан ва дар амалӣ намудани консепсия ва барномаҳои рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ мебошад. Яке аз ҳуччати мухиме, ки он барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар мусоидат менамояд, ин қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад. Ин стратегия аз 29 сентябри соли 2020, таҳти №526 тасдик карда шуда, мавриди татбиқ қарор дода шудааст.Он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ба андешаи мо таъмини рушди устувори кишвар бе истифодаи навовариҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ғайриимкон аст. Омили такондиҳандаи чунин модели рушд захираи инсонӣ бо ҷузъҳои асосии таркибии он – маориф ва илм, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд тазакур дод, ки тамоюли ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу маънавиёти ҳамаи халқияту миллатҳо бетаъсир буда наметавонад. Дар чунин шароит роҳи ягона ва асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар чунин шароит тавассути рушди илму маориф сурат мегирад. Ба ибораи дигар ҷаҳони муосир бо ҳама таззодҳо, мухолифат ва дигар вижагиҳояш ба илму дониш ва мутахасисони болаёқат эҳтиёҷ дорад. Дар ин замина ҳануз дар нимаи дуюми асри XX мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад.
Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷомеаи ҷаҳонӣва ба имзо расонидани як қатор санадҳои байналмилалӣ, созишномаҳои ҳамкорию ҳамгироӣ тақозо мекунад, ки донишҷӯёни замони нав бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Воқеан ҳам дар давраи нави ташаккули ҷомеи муосир ва муносибатҳои бозорӣ дар сатҳи зарурӣ боло бурдани сатҳи ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар эҳтиёҷба мутахассисоне, ки дорои кобилияту малакаи мустақилона қабул намудани қарорҳо, андешаҳои солими созанда, дорои дониши амиқ, ки дар таҷриба онро амалӣ карда тавонанд ва бо сифатҳои масъулиятшиносиву босалоҳиятӣ мусаллаҳ бошанд, ба миён омадааст. Мутахассисони замони нав бояд шахсони бомаърифат ва аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордон ба воя расанд Онҳо роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу арзёбӣ карда тавонанд. Инчунин масъалаҳои мураккаби олами атрофро даркнамуда, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавониста масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар эҳсос намуда пайваста пайи такмили салоҳиятҳои шахсии худ бошанд. Агар омузгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо чунин салоҳиятҳо мусаллаҳ бошанд албатта хусусият ва хислатҳои шахсиятро соҳиб мешаванд, зеро барои мутахассисисони ҷавон доштани салоҳияти худтакомулдиҳии шахсӣ арзиши бузург мебошад. Барои ин хусусиятхоро ба даст овардан албатта бар зидди мушкили ва сахтихои баамаломада устувори нишон додан лозим аст. Дар ин хусус Абушакури Балхӣ - шоири тарбиятгар ва закӣ хануз дар гузаштахои дур гуфта буд:
Кушода шавад кор чун сахт баст,
Кадомин баланд аст нобуда паст.
Яъне, барои ба куллаи баланди мақсад расидан бояд саъйу кӯшиши зиёд ба харҷдод. Мутахассисони замони муосир - замони инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣва пешрафти илму технология, воридшавӣ ба фазои ягонаи иттилоотӣбояд ҳам бо донишҳои нави назариявӣ ва ҳам амалӣ мусаллаҳ бошанд. Бо нерӯи тафаккур ва бардоштҳое, ки аз таҷриба дорад, имкон пайдо кунад, ки дар оянда муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣва адабиву фарҳангиро мустақилона ҳаллу фасл намояд, баҳои воқеӣдиҳад, хулосаҳои дуруст бардорад ва дар рушди ҷомеа ҳиссаи сазовор ва созанда дошта бошад. Барои ин ба онҳо зарур аст: - бояд эҷодкору навовар ва таҳқиқотчӣ бошанд; - воситаҳои технологияи нави муосир, интернетро самарабахш истифода бурда тавонанд; - дониши назариявии худро дар таҷриба ва амал тадбиқкарда тавонанд; ҳисси худшиносӣва масъулиятшиносиашон бедор бошад, ба кору амали худ баҳои воқеӣдода тавонанд.
Роҷеъ ба худтакомулдиҳии пайвастаи донишомӯзон як қиссаро аз таърихи илму фарҳанги миллатамон мехостем ёдовар шавем. Мутафаккири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илм мекард, дар назди донишманди маъруфи он замон Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ сабақ гирифта, қобилияту истеъдоди донишандӯзии нотакрор ва азимро зоҳир намуд. Ӯ дорои хислати наҷибе буд ва ба ҳар чиз, ба ҳар як ҳодисаву воқеа бо назари кунҷковиву мушоҳидакорӣ менигарист ва дар баҳсу музокираҳо орому ботамкин ва бо андешаву фикрҳои бикр суханронӣмекард ва ҳамеша ғолиб мебаромад ва устодони донишманд дар доноиву оқилии шогирди худ ангушти ҳайрат мегазиданд Дар ин хусус Зайниддин Маҳмуди Восифӣдар асари худ «Бадоеъулвакоеъ» нақли аҷиберо дар ҳикояи «Хамсаи муҳайира» (Панҷгонаи ҳайратангез) меоварад, ки мазмуни он чунин аст: Устод Мавлоно Муҳаммадҳоҷӣ ба панҷ нафар – Мавлоно Абдураҳмон, Мавлоно Камолиддин Шайҳусайн, Мавлоно Шамсуддин, Мавлоно Довуд ва Мавлоно Муини Тунӣ ном шогирдони худ асари олими машҳур «Шарҳи таҷрид» - и Мавлоно Алии Қӯшчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни устоду шогирдон баҳсу мунозираҳои илмӣ ба миён меомаданд ва бештар дар ин мунозираҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд, ки ин боиси ба андеша рафтани Мавлоно Муҳаммадҳоҷӣ гардид ва ӯ азм намуд тадбиреро пеш гирад, яъне худро бемор созад, то шогирдонаш дар кӯи бекорӣ ва дар истироҳат бошанду ӯ дар ин муддат шабу рӯз дар мутолиа бошад ва донишихудро афзун намуда бо тайёрии бештар назди шогирдон ояд ва ба тадрис машғул гардад. Ва чун ин устоди дар банди хаёл афтида бо ин сабабу мақсад шогирдонро ба мӯҳлати 40 рӯз ҷавоб дод, шогирдони доно ва закӣ муроду мақсади бемории устоди худро пайхас намуда, қавл доданд, ки онҳо низ дар муддати 40 рӯз аз мутолиа даст намебардоранд ва қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди ҷомеи Маликон ҷамъ меоянд ва бо навбат тадрис мекунанд. Мавлоно Ҷоҷармӣ шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд ва барои шогирдони саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр намуд. Ӯ аз он хурсанд буд ва боварии комил дошт, ки дар илму дониш аз шогирдон хеле боло рафтааст. Ниҳоят рӯзи 40-ум хабари сиҳатии устод ба гӯши шогирдон мерасад ва онҳо ба мадраса ҳозир мешаванд. Мавлоно бо дили пур ба шарҳи як масъалаи мураккаб ва сарпечида оғоз менамояд, шогирдон бошанд бо ҳозирҷавобӣва дониши худ устодро дар тааҷҷуб мегузоранд. Чун аз он ки шогирдон дар ин муддат фориғболӣ нанамуданд, балки дар мутолиа буданд, хушҳол мешавад ва ба шогирдон дуои нек ва роҳи сафед металабад. Чанде пас Абдураҳмони Ҷомӣ ва он чор нафар шарикдарсони ӯ, ки зикрашон рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд. Мурод аз овардани ин ҳикоя он он аст, ки мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар замони имрӯз ҳам арзиш варисолати худро гум накарда, барои тарбияи инсони комил ва соҳибкасб хизмати арзандаро то ба имруз анҷом медихад ва минбаъд низ хохад дод.
Ҳаминро бояд зикр кард, ки эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ аз пешниҳодҳои оқилона ва созандаи Пешвои миллат ба шумор меравад. Яъне густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеаи мутамаддин, ба хусус наврасону ҷавонони замони навро яке аз масъалаи ҳалталаби ҳаёти ҷомеа арзёбӣ карда метавон. Воқеан ҳам, ин ташаббуси Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо, ки ба сатҳи маънавиёт, тарбия ва ташаккули ҷавонону наврасон таъсиргузор мебошад, хеле муҳим ва рӯзмарра мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст. Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудаанд. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад. Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.
Ҳамин тариқ, қабул ва тасдиқи рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиклол боз як марҳилаи нав кушода шуд. Умед дорем, ки омӯзгорону устодони муассисаҳои оливу илмии кишвар баҳри бунёди ҷомеаи бомаърифату муттаҳид ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ тамоми неру ва рисолати худро равона сохта, дар ин самт қадамҳои устувор ва созанда мегузоранд.
Холиқова Шоира - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ