Skip to main content

20- уми феврали соли равон бо мақсади беҳтару хубтар гардидани шароити корӣ дар ниҳодҳои зертобеи академия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти Химияи ба номи В.И.Никитин вохурӣ намуд. Дар оғози суханронӣ роҳбарияти академия доир ба вазъи фаъолияти корӣ дар институт ва дар оянда беҳтару хубтар гардидани интизоми меҳнат байни кормандони ин ниҳод, фикру андешаҳои худро баён намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон зимни суханронӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба рушду пешрафти илми тоҷик, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаи химия, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”, ташкили шуроҳои дисертасионӣ ва ҷоннок намудани кор дар ин самт, таъсиси дастаҳои олимпӣ аз ҳисоби магистрантон, докторантони PhD, ибрози андеша намуданд.

Дар ибтидо қайд гардид, ки мо бояд барои рушду пешрафти илми тоҷик стратегияи рушди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ро омода намуда, дар якҷоягӣ бо олимони соҳа барои пешрафти илми тоҷик иқдомҳои навро рӯи кор оварем.