Skip to main content

Нимаи дуюми рӯзи 16 апрел мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Институти Россия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой доир гардид.

Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, ноиби Президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам Ҷура, аз намояндагии Чин Гао Цзинчжай (Gao Jingzhai), сардори ҳайати намояндагон, котиби ҳизби комунисти Институт, муовини директор, Сюй Ган(Xu Gang), муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, Сюй Вэньхун, муовини котиби генералии маркази таҳқиқоти илмии “Камарбанд ва Роҳ”-и Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой, Чжан Нинг, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт, Лю Чан, ходими илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт иштирок доштанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки пеш аз ҳама мехостам барои боздиди Шумо ба АМИТ ва нияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, изҳори сипос намоям. Мулоқоти имрӯза ба низом даровардани муносибатҳои мост ва заминаи иловагии равобити дуҷонибаи мо дар соҳаи илму техника хоҳад шуд.

Боиси хушнудист, ки соли гузашта бо кумаки ҳамкорони чинии мо аз Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (хусусан хонум Ҷан Нин) китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони чинӣ тарҷума шуд. Китоби мазкур дар натиҷаи кори муштараки академияҳои мо ва туҳфа ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки чунин нишастҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак барои бунёд ва таҳкими ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар самтҳои зерин инкишоф диҳад:

✅ бо мақсади омухтани Хитойи ҳозира, комёбиҳо ва таҷрибаи он ташкил намудани Маркази омузиши Хитойи ҳозираро ба мақсад мувофиқ мешуморем (ин масъаларо намояндагони мо бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой ва университети КАОН муҳокима карданд);

✅ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак;

✅ ташкили семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду кишвар;

✅ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои илмии ду кишвар;

✅ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии ҳизбҳо барои магистратура, аспирантура, докторантура;

✅инкишоф додани малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ, ташкили лексияҳои олимони тоҷик барои мутахассисони ҷавони КАОН ва профессорҳои чинӣ барои донишҷӯёни АМИТ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон;

✅ташкили таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои олимони ду кишвар;

✅ иштирок дар тадқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои ҷорӣ, ки Академияҳо мегузаронанд;

✅ фароҳам овардани имконияти нашр дар маҷаллаҳои илмӣ;

✅ амалияи тарҷумаи китобҳои олимон, мутафаккирон, классикон ва муаллифони муосири тоҷику чиниро ба забонҳои тоҷикию чинӣ давом диҳанд;

✅ташкили гурӯҳи корӣ доимӣ ё комиссия оид ба ҳамкориҳои башардӯстона бо ҷалби кормандони салоҳияти ҳарду муассиса.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо туҳфаҳои хотирмон ба ҳамдигар тақдим намуда, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои илмию гуманитариро дар оянда ба мувофиқа омаданд.