
БОЛОРАВИИ МАҚОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Раддабандӣ (ранжирование ё муайянсозии тартиби мақом)-и муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва муайянсозии рейтинги оншо ҳамчун низоми баҳогузории объективӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми қарни мазкур ин амалҳо шакли ниҳоии худро гирифтанд. Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ раддабандии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад. Мавҷудияти чунин раддабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар як муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи ин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо онҳо рушд диҳанд. Аз ин рў, имрўз тамоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ кўшиш ба харљ медиҳанд, ки зимни банақшагириҳои фаъолият барои давраҳои кутоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори ин ниҳодҳо ба инобат гиранд.
Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори муаасисаҳои давлатҳои дигари ҷаҳон муайян гардидааст. Чунин раддабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо) ва тавассути арзёбиҳои электронӣ сурат мегиранд. Бо ҳамин сабаб муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот оид ба нишондиҳанда ва шохисҳо мақоми худро дар раддабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло мехостем, ки чанд андешаро дар бораи мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чунин раддабандиҳо, ки барои муассисаҳои дахлдори мо беш аз ҳама дастрас аст, яъне китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (ШРИИ, яъне РИНЦ)-и Федератсияи Россия баён созем. Дар ин раддабандӣ фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ пайваста арзёбӣ гардида, мақоми он дар байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ба ин низом воридбуда муайян мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки болоравии мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар низоми мазкур дар зарфи як соли охир метавон на танҳо ҳамчун рушди эволютсионӣ ё рушди бесобиқа, балки ҳатто як дигаргунии куллӣ ҳисоб кард. Барои мисол, якчанд нишондиҳандаҳоро бо ҳам муқоиса мекунем. Соли гузашта Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (10), шохиси Хирш аз аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (10) ва шохиси Хирш аз аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (5) ҷойи охиринро ишғол карда буд. Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда ҳамагӣ 802 адад ва миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ҳамагӣ 519 ададро ташкил медод.
Дар натиҷаи қабули қарорҳои дурусти идорӣ, бастани шартномаи литсензионӣ SCIENCE INDEX №SIO-7380/2024 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҶДММ “Китобхонаи илмии электронӣ” аз 11 июни соли 2024 ва тақвияти фаъолияти олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар анҷоми соли 2024 нишондиҳандаҳои мазкур хеле боло рафтанд. Имрӯз бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (51), шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (49) ва шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (42) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар миёни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда 6692 адад ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расидааст. Дар баробари ин, шумораи муаллифон дар радабандии мазкур аз 188 нафар ба қайд гирифта буда, ба 455 нафар расид. Инчунин, муаллифоне, ки дар шохиси Science Index ба қайд гирифта шудаанд, аз 153 нафар ба 445 нафар расидааст. Яъне, аз 1100 корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 40% дар шохиси номбурда ба қайд гирифта шудаанд ва маводҳои илмии онҳо ба китобхонаи электронӣ ворид карда шудааст, ки имконият медиҳад дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дастрас бошад ва бо он ошно шаванд. Ҳамзамон, дар соли 2025 имконият ҳаст, ки боқимондаи ходимон ва кормандони илмии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шаванд ва мақом, нишондиҳандаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори маводҳои воридшуда ва иқтибосоварӣ ба онҳо дар шохиси номбурда боз афзун ёбад.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рукуд боз монда, рӯ ба рушд дорад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳисси масъулият, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талқин намуданд, имрӯз боло гирифт ва дар ин ниҳоди бонуфузи илмӣ тартибу низом муқаррар ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тақвият пайдо кард. Аз ин рӯ, ин пешрафтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин самт метавон ҳамчун туҳфаи сазоворе барои мардуми кишвар дар арафаи анҷомёбии соли 2024 ва оғози соли нави мелодии 2025 баҳогузорӣ намуд.
Президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
МУЛОҚОТ БО ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭКСПЕРТӢ ОИД БА РУШДИ ЗАМИНАИ МИЛЛИИ ДАЛЕЛҲО ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
9 октябри соли 2025 дар Шуъбаи тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ вохўрии ноиби Президенти АМИТ, раиси шуъба, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. ва мудирони шуъба бо Карина Юрьевна Москоленко, намояндаи Гурӯҳи кории байналмиллалии экспертӣ оид ба рушди заминаи миллии далелҳо дар соҳаи тандурустӣ, биоэтика ва бехатарии биологии кишварҳои ИДМ вохурӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия ва ИДМ оид ба тадқиқоти муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: эндокринология, онкология, акушерӣ- гинекологӣ андрология, дорусозӣ, гинетика, иммунология-вирусология, тибби профилактикӣ, барқарорсозии асаб, пешгирии диабети қанд баррасӣ гардиданд ва инчунин Маркази миллии тадқиқоти тибби ба номи В. А. Алмазов таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Дар миқёси ИДМ имконияти гузаронидани лоиҳаҳои муштарак оид ба системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасонии (Қазоқистон), арзёбии миллӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ (ТУТ), офиятбахшии тибби иҷтимоӣ (Қирғизистон, Олмон ва ғайра), биоэтика ва бехатарии биологӣ (Ӯзбекистон), рақамикунонӣ ва ғайра мувофиқи мақсад аст.
Ташкиоти умумиҷаҳонии тандурустӣ нақша дорад, ки дар моҳи июни соли 2025 Конгресси дуюми лоиҳаҳои сармоягузориро дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор намояд. Имконияти пешниҳод намудани лоиҳаҳои Шумо ба он мавҷуд аст ва мо метавонем дар ҳама марҳила дар тарҳрезӣ ва татбиқи онҳо кумак расонем.
ИДОМАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ: САҲМИ ТАЪРИХИИ МАРДУМОНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОҲОИ ШАРИКӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Нимаи дуюми рӯз дар толори Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия идома ёфт.
Дар конфронс олимону муҳаққиқони равияи ҷаъмиятшиносӣ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Россия доир ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва саҳми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷанг маъруза намуданд. Зимни чорабинӣ масъулини КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ аксияи ҳизбӣ доир намуданд.
Конфронс. 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ: САҲМИ ТАЪРИХИИ МАРДУМОНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОҲОИ ШАРИКӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Имрӯз, 8 октябр дар ҳошияи баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида зикр дошт, ки иқдоми баргузории ин конфронси сатҳи баланд тасоддуфӣ набуда балкӣ бомақсад роҳандозӣ гардидааст. Зеро имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Дар ҳошияи ин, соли 2025 дар фазои кишварҳои узви ИДМ Соли сулҳ ва ваҳдат дар мубориза бо фашизм эълон гардидааст, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори аввал 27 августи соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисии худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуда буд.
Қатъномаи мазкур, ки дар соли ҷашнии ҳаштодумин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳадаф дорад, ки ҳамкориҳоро байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла бо сохторҳои гуногуни он ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор тақвият бахшида, амиқтар намояд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамин рӯзҳо дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе, баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия”, инчунин сафари давлатӣ ва расмии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта шуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон — ҷанги умумӣ, Ғалабаи умумӣ ва хотираи муштараки ҳамаи мардумони Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон мебошад. Имсол, 9 май дар Тоҷикистон дар фазои ботантана 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро таҷлил намуданд — ғалабае, ки бо қаҳрамониҳо ва талафоти бузурги мардумони мо ба даст омадааст. Ин санаи таърихӣ ба як рамзи муҳим ва самти асосӣ дар сиёсати ташаккули хотираи таърихӣ барои насли имрӯза дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил ёфтааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки хотираи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон на танҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мақоми баланд дорад, балки ҳангоми ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих, таърихнигорӣ ва дигар илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ низ мавриди арҷгузорӣ қарор мегирад.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ғалабаро як санаи муҳими таърихӣ мешуморанд — рӯзе барои арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои халқҳои мо дар мубориза бар зидди фашизм. Ин сана, ҳамзамон, ҳамчун хотиррасон ба тамоми башарият дар бораи он ҷанги даҳшатовар хизмат мекунад, ки ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърих ва фоҷиаи бузург барои бисёр халқҳои ҷаҳон, бахусус барои мардуми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба сарнавишти шумораи ками иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, кормандони ақибгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Инчунин, бо эҳтиром ба хотираи фарзандони шаҳидшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, Сарвари давлатамон дар қатори роҳбарони беш аз бист кишвари хориҷӣ дар паради ҳарбӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурхи шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки рӯзи Ғалаба на танҳо фурсатест барои арҷгузорӣ ба корномаи фарзонагони гузашта, балки ёдовариест аз аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ, хусусан дар миёни насли наврас. Дар шароити муосир, вақте ки ҳақиқати таърихӣ зери хатари таҳрифи мақсаднок қарор дорад, ҳифзи хотираи Ғалабаи Бузург ба вазифаи муштараки ҳамаи халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил меёбад — бахусус барои намояндагони доираҳои илмӣ ва зиёиёни эҷодкор.
Дар идомаи конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои Русия академик Руденко Виктор Николаевич ва дигар олимону муҳаққиқони тарафайн маъруза намуда, саҳми шаҳравандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро дар Ғалабаи бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
БОЗДИДИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ РУСИЯ АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 8 октябр қабл аз баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Русия аз намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, зимнан ба дастовардҳои олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Зимни боздид меҳмононро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимон ҳамроҳӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаҳои илмии таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун дастовардҳои арзишмандро ба даст овардаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки натиҷаи ҳамаи ин дастовардҳо маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои олимону пажуҳишгарон тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардаанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри пешбаранда ва муаррифкунандаи илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешрафт ва шароити модиву техникии олимон корҳои муҳимро ба анҷом расонидаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсия тибқи стандартҳои байналмилалӣ Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз санаҳои 10-15.09.2025 Комиссияи экспертии Муассисаи давлатии “Марказимиллӣ оид ба аккредитатсия” дар Институт қарор доштанд. Муассисаи мазкур дар ҷумҳурӣ ягона мақомоти ваколатдор мебошад, ки озмошгоҳҳои самтҳои гуногуни кишварро тибқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ аз аккредитатсияи миллӣ мегузаронад.
Боиси хушнудӣ аст, ки озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология вагенетикаи растании Академияи миллии илмҳо ба муваффақият тибқи стандарти байналмилалии ГОСТ ИСО/МЭК 17025-2019 аз аккредитатсияи миллӣ гузашта, соҳиби аттестатсияи аккредитатсия шуд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАВЗУИ «МЕҲРГОН ҶАШНИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА САОДАТ АСТ»
Имрӯз, 7-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш таҳти унвони «Меҳргон ҷашни ваҳдату ягонагӣ ва саодат аст» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур - Шариф Бобозода ифтитоҳ кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов зимни суханронии хеш дар бораи ҷашни Меҳргон дар замони истиқлол тамаркуз карда, вобаста ба эҳёи дубораи ин ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои шоистаи ин абармарди таърихсозро ёдоварӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки Меҳргон пеш аз ҳама ҷашни замину табиат ва кишоварзон буда, онро ниёгони мо дар баробари Наврӯз ҷашни ҳосил номидаанд. Албатта, дар замони шуравӣ ин гуна ҷашнҳо набуд ва маҳз дар замони истиқлол бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон ҳамчун дувумин ҷашни миллӣ дар фасли заррини тирамоҳ дар саросари кишварамон таҷлил мегардад.
Дар идомаи ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи таърихи Меҳргон, моҳияти он, вижагиҳои ин ойини гузашта, ки онро шоҳ Фаридун асос гузоштааст, гузориши пурмуҳтаво кард. Ӯ таъкид дошт, ки Меҳргон ҷашни куҳан, дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббат буда, гоҳе маънои офтобро низ дорад. Онро гузаштагонамон дар рӯзи 16-уми меҳр таҷлил мекарданд, ки баробар ба 7-8-уми октябр аст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ин ҷашн бо талошҳои содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда шуд ва он, бешубҳа, ба баланд шудани худшиносиву худогоҳии миллат такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки аҳаммияти ин ҷашн ба кишоварзон, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, ки бо ҷашни Меҳрргон иртиботи мустақим доранд, бисёр муфид мебошад. Меҳргон дар баробари ҷашни кишоварзон, инчунин ҷашни маданияти баланди заминдорӣ ва ҳунари кишоварзӣ аст.
Дар суханронии худ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба расму ойини ниёгон, бузургдошти ҷашнҳои таърихсоз изҳори андеша намуда, диққати иштирокчиёнро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Пешвои миллат, таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ҷалб намуд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун магистранти Иниститути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷавони донишманду соҳибхирад Ҷасурбек Султонов иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур сазовори мақоми “ҶОИ ИФТИХОРӢ”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Сипоснома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун корманди Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бонуи зираку ҳушёр Садаф Ҷангибекова иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур Садаф Ҷангибекова сазовори мақоми “Даҳгонаи беҳтарин”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Ифтихорнома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.