Skip to main content

03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.

Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки дар Озмоишгоҳи мазкур тадбирҳои санитарию техникӣ барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об андешида мешаванд. Пас аз таҳлили пурраи таркиби об сифати он муайян гардида, ҳамзамон тавассути моддахои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионхои нуқра) ё усулхои физикӣ (ҷушонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар гардонида мешаванд.

Озмоишгоҳи мазкур дар пояи Донишгоҳи Акитаи Ҷопон фаъолият намуда, дар он муҳақиқони ҷавон ва магистрантону докторантони PhD ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ муҳақиқони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, донишҳои муосири худро сайқал дода истодаанд.

Зимни боздид аз озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суҳбат ороста, зикр дошт, ки дастгири пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон бештар зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, муҳақиқони ҷавонро зарур меояд, ки донишҳои худро муккамал сохта, дар оянда барои пешрафти соҳаи илми кишвар саҳми арзишманди худро гузоранд.