Тавре, ки огоҳем даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба анҷом расид. Дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмун, ки дар Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид, намояндагони ин муассисаҳо дар назорат ва баргузории Озмун фаъолона иштирок намуданд.
Имрӯз (30.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, ва дигар шахсони расмӣ ҷаласаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оид ба кори ҷаласа суханронӣ намуда, баҳри шафофият ва одилона баргузории озмуни мазкур ба ҳайати баргузоркунандагони озмун изҳори сипос гуфт.
Сипас, ҳисоботи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илмҳом Темур шунида шуда, аз ҷониби муттасаддиён масъалагузорӣ карда шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ҳайати ҳакамон, аъзои комиссияи аппелятсионӣ ва комиссияи иловагӣ барои шаффоф ва дар сатҳи хуб баргузор гардидани ин даври Озмун кӯшиши бисёр ба харҷ доданд ва вақти худро дареғ надошта, дар кори Озмун ширкат варзида, ба донишу малакаи иштирокчиён воқеъбинона ва холисона баҳогузорӣ намуданд, арзу сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён менамоям.
Зикр гардид, ки дар инъикос намудани рафти чорабинии мазкур Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сафарбар намудани кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд, ки боиси таҳсину офарин аст. Ҳамчунин, давоми фаъолияти Озмун тули ҳафта аъзои комиссияи ҷумҳуриявии Озмун, аз ҷумла, Раиси комиссия ва муовинони раиси комиссия аз рафти баргузории ин Озмун дидан намуда, тавсияҳои судманд доданд.
Дар идома масъалаҳои ҷорӣ дар шакли вазифагузорӣ вобаста ба талаботи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» пешкашӣ масъулин гардонида шуданд.