Skip to main content

Имрӯз, 29 октябри соли 2024, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро раиси Шурои олимони Институт, доктории илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати иштирок изҳори минатдорӣ намуд.

Сипас, раиси Шурои иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон шинос кард. Дар рафти ҷаласа, бандҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур мавзуҳои илмии ду нафар унвонҷуёни Институт ва мушовирони онҳо тасдиқ шуданд.