Skip to main content

Таҷлили ҷашнҳои гуногуни фарҳангӣ аҳаммияти калони тарбиявӣ, иқтисодӣ ва экологиро ва нигоҳ доштани миллатро дошта, дар вақт ва шаклҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Ҷашни фарҳангӣ иди Наврӯз ба 21 март рост меояд. Маънои он рӯзи нав, саршавии соли нави тоҷики, ки дар аксар асарҳои олимони асримиёнагӣ-Фирдавси,Хаём, ва дигарон ин идро навиштаанд. Рӯзи 21 март баробаршавии шабу руз ба амал меояд. Баъди 21 март рӯзҳо дароз шуда, шабҳо кутоҳ шудан мегардад. Дароз шавии вақти рӯзҳои Офтоби барои самаранок истифодабарии нури Офтоб мегардад, ки дар натиҷа растанӣ равшани ва гармии онро бештар истифода намуда зиёдтар ғизо захира менамоянд. Ҳамин аломати биологӣ дарозии вақти рушани, гармии Офтобро, деҳқони тоҷик ба назар гирифта кишти баҳории ғалладонагиро сар менамояд, ки аҳамияти калони иқтисоди дорад. Аломати дигари биологии ҷашни Наврӯз ин давраи бедоршавии табиат, баландшавии харорати хаво ва таркиби хок мебошад, ки баъди он ба гузаронидани кишту кори галладонаги сар менамоянд. Барои ин ҷашнро бо тантана гузаронидан мардум дастархони идона меоростанд,бо ин амалашон диққати мардумро бештар ҷалб менамоянд.Аҳамияти дигараш дар он мебошад, ки чунин дастархони идона дар дигар ҷашнҳо истифода намебаранд, ба монанди «Ҳафт шин»: шакар, ширни, шамъ,шарбат, ширбиринҷ, ширбиринҷ, ширва «Ҳафт син»: - сир, себ, сабзи,санҷид, сирко, сманак,сипанд. Аз сарчашмахои таърихи маълум мегардад. ки Ҷашни фарҳангии Наврӯз таърихи беш аз хафтҳазорсола дорад расму русум ва сунатҳои Наврӯзи аз аҳди тозардушти ва пас аз он ба ояндагони мо мерос мондаанд.Ҳамаи ин далели аз хама кадима будани Наврӯзи Аҷамро нишон медиҳад. Ба фикри олимони мардумшинос ҳар як маводи дар дастурхон гузошта шуда рамзи махсусро ифода мекунад:,ки онҳо низ асоси биологӣ доранд: шир, шакар, ширбиринҷ, шарбат ва ғайра.

Мисол рамзи рӯшной шамъ, рамзи пирузии неки бар бади аст Дар хонавода чанд нафаре бошад,ҳамон қадар шамъ дар мегирондаанд.

Дар замони Истиклолият қайд намудани Ҷашни Наврӯз бо ташабуси Пешвои миллат Президентамон ба ин иди фарҳангӣ умри дубора бахшида, аҳаммияти онро ба ЮНЕСКО пешкаш намуд, дар натиҷаи омузиш ин ҷашнро ба руйхати ҷашнҳои фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудаанд. ки ҷашн гирифтани идҳои милии Тоҷикон ба ғани гардонидани маъновият, иқтисодиёт, ба фарҳангӣ умумибашари аҳаммияти тарбиявӣ ва иқтисоди дорад. Натиҷаи иди фарҳангии Наврӯз ба ҷаҳониян як бори дигар фаҳмонид, ки давраи кишту кори ғалладонагиҳо аз 21 март сар мешавад ки таҷрибаи деҳқонони мо ба дигарон дастрас шаванд. Гузаронидани ҷашни фарҳангии Наврӯз диққати меҳмонони хориҷи ва сайёҳонро афзун мегардонад, ки ин ба иқтисодиёти ҷаҳон такони ҷидди медиҳад, ки обу руи миллати моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам афзун менамояд.

Дар рӯзи гузаронидани ҷашни Наврӯз мардум ба бозиҳои гуногун аз қабили бузкаши, гуштингирӣ, бандкашак байни ду гуруҳи паҳлавонон, пайка, сурудхони, рақсу бозиҳои гуногун, байдбарак менамоянд, ҳамаи ин бо пушидани либоси миллиамон боз ҳам зеботар мегардад.

Кишоварзони асил бо қаид намудани ин иди фарҳангии Наврӯз дар ин марҳилаи вақт даҳаи сеюми моҳи март (аз 21 то 24 март) бояд дар ҳамон давраҳои муайян гузаронида шаванд, ки ба маводи кишт намудаашон ҳосили дилхоҳ гиранд, чунки он нозукиҳои махсуси худро доранд. Иди Наврӯзро дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва мардуме ки фарҳанги моро қабул кардааст – Озарбойҷон), махсусан дар Афғонистон, Эрон, қисме аз мавзеҳои Покистон, Ҳиндустон ва Хитой ҷашн мегиранд, ки ин шаҳодати фарҳангӣ бой ва аҳаммияти калони тарбиявӣ ва иқтисоди доштани ҷашни фарҳангӣ доштани моро нишон медиҳад.

Дар охир ҳаминро қайд менамоям, ки агар хоҳед, ки милатро нест кунед, фарҳангашро бо баҳонаҳои гуногун аз байн баред, агар хоҳед, ки типи набототро аз байн баред, ҳукумронашро нест кунед, мисоли барои нест намудани ҷангали чормағзор шумо ҳукумрони онро-чормағзро аз байн баред, зертобеони он худаш нест мещаванд. Мавҷудияти фарҳанг ин ҳастии миллат мебошад.

Д.и.б., профессори кафедраи ботаника ва дендролигияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарбек Раҳимов