Дар шароити мураккаби буҳронҳои сиёсӣ, дипломатияи фарҳангӣ муҳим буда, ҳар як давлат талош мекунад, ки арзишҳои фарҳангии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Наврӯз яке аз арзишҳои фарҳангии Тоҷикистон ба шумор рафта, қадимтарин ҷашн дар фарҳанги халқи ориёитабор мебошад. Дар тӯли таърих ба минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Қафқоз ва дигар кишварҳо паҳн гардид, ки имрӯз вожаю урфу одатҳои тоҷиконаи он дар кишварҳои зикршуда ба мушоҳида мерасад.
Наврӯз беш аз таърихи шашҳазорсола дошта, рамзи эҳё, сарсабзӣ ва ҳамгироии мардумон мебошад. Инчунин, Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки як унсури муҳими дипломатияи фарҳангии миллатҳои гуногун гардидааст. Ифтихори миллати тоҷик аст, ки арзишҳои фарҳангии мо дар дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шомил кардани Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии (соли 2009) ва эътирофи он ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аз ҷониби СММ (соли 2010) саҳми муассир гузоштааст. Қадами зерин таҳкимбахши дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон гардид. Чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия – робитаҳои зичи фарҳангӣ доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як неруи рушди таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва рамзи дӯстӣ ва сулҳ миёни халқҳо тарғиб менамояд. Наврӯз 26 ва 27 марти соли 2010 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки кишварҳои ташаббускор дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш — Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор карда шавад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, соли 2011 бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд. Пас аз таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз тасмим гирифтанд, ки таҷлили 3-юми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Боиси хушнудист, ки пешниҳод низ аз ҷониби роҳбарияти кишварҳо дастгирӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони сатҳи олии кишварҳои ҳамфарҳанг барои таҷлили 3-юми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои Наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд. 25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе 3-юмин Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони олимақоми беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ таҷлил гардид.
Дар баробари ин, рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳз дар арафаи ҷашни Наврӯз сулҳ дар водии Фарғона эҳё гардид. Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки 31 марти соли 2025 бо ҳузури Сарони се давлати дӯсту бародар ва ҳамҷавори минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон - муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Қирғизистон - муҳтарам Садир Жапаров дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуданд.
Хулоса, Наврӯз воситаи муаррифии фарҳанги миллии худ дар сатҳи байналмилалӣ буда, баргузории чорабиниҳои байналмилалии Наврӯз барои шиносоии ҷаҳон, дипломатияи фарҳангӣ саривақтӣ мебошад. Наврӯз эҳёи табиат, ҷашни ваҳдат ва густариши сулҳро дар ҷаҳон мусоидат менамояд. Баргузории ҳамоишҳои муштараки наврӯзӣ миёни кишварҳо барои наздик кардани муносибатҳо, мушкилоти сиёсӣ ва низоъҳои минтақавӣ метавонад кумак расонад. Наврӯз ҳамчун як ҷашни муштарак ба таҳкими дӯстӣ байни кишварҳо гардида, оид ба ҳамкорҳои судманди соҳаҳои гуногун миёни кишварҳо шароити мусоидат фароҳам овардааст. Инчунин ин ҷашн ҳамчунин омили муттаҳидкунандаи миллатҳои гуногуни ҷаҳон гардидааст.
Бекова Озодамо, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МОЛИЯ ВА БАҲИСОБГИРӢ ДАР МАВЗӮИ «МОЛИЯ ВА ДИГАРГУНСОЗИИ РАҚАМӢ»
Имрӯз, 22 январ дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳошияи баргузории семинар китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова "Ёде аз Ҳинди бузург" рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Ҳиндӯстон дар қатори нахустин кишварҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оғози солҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба расмият шинохт ва соли 1994 дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Сафоратхонаи худро дар Деҳлӣ фаъол кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи 34 сол муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯз аз рӯз рушд меёбад. Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Ҳиндустон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафарҳои расмии Сарвазир ва Президенти Ҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам бародарро ошкор карданд. Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, нерӯи об, нақлиёт, роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ғайра ба имзо расиданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмиву таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд. Қайд гардид, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар самти Машварати стратегии Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории мудофиавӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодабарии осоиштаи технологияи кайҳонӣ барои рушд, Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика, Машваратҳои консулӣ амал мекунанд. Аз соли 2019 инҷониб сиғаи ҳамкориҳои минтақавии бисёрҷониба, Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ амал мекунад.
Зикр гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илми байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Аз ҷумла, ривоҷи ҳамкории олимони тоҷику Ҳиндӯстон дар риштаҳои забономӯзӣ тавассути барномаи Ай-тек дар самти илмҳои физикаву риёзиёт, зилзиласанҷӣ, кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, тиб, улуми иҷтимоӣ, забону адабиёт, таърих, фарҳанг ва амсоли онҳо зарур аст. Баррасӣ, таҳия ва нашру тарғиби осори ғании фарҳангии ниёгонамон ва муаррифии онҳо ба оламиён вазифаи муштараки донишмандони тоҷику ҳинд мебошад. Бо мақсади омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва адабии аз солҳои пешин дар муассисаҳо ва китобхонаҳои илмии Ҳиндустон мавқуфбуда, чандин маротиба олимон ва донишмандони мо ба Ҷумҳурии Ҳиндӯстон сафарҳои илмӣ намудаанд.
Иброз гардид, ки маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳиндустон инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ, натиҷаи сафараш ба кишвари зебоманзари Ҳиндустон, ки дорои табиати мафтункунанда ва биҳиштосо буда, яке аз “Ҳафт аҷоиботи олам” ба ҳисоб меравад, рӯи чоп овардааст. Маҷмӯа ба забони тоҷикӣ ва англисӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад. Дар китоби худ профессор Санавбарбону Воҳидова саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неҳру, Сарвапалли Родокришнон, Мавлоно Абдулкалом Озодро қайд намуд, ки онҳо нафақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки онҳо роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи кишвари худ тай кардаанд. Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Раҷеш Уике, дар баромади худ доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду кишвар ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки китоби тозанашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова таҳти унвони «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни ду кишвар хизмат намояд.
