Skip to main content

22-юми феврали соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону меҳмонон, роҳбарони сохторҳои гуногун, магистрантон, докторантони PhD дар толори калони академия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону меҳмононро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробарӣ ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд.

Дар идомаи чорабинӣ ходими калони илмии Институти омӯзишии масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, полковник Холназаров Назар зимни суханронии хеш қайд кард, ки Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбия менамояд. Зимнан қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити бисёр ҳам мураккабу ҳассос таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Зимнан Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”- ҲХДТ дар АМИТ, доктори имлҳои таърих – Ширин Қурбонова дар суханронии худ доир ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошт, ки айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккули худ расида, бобати ҳифзи марзу буми мо ба як ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Артиши миллӣ дар зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ ва дигар мушаххасоти давлатӣ масъул мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷудбуда ниҳоди ҳарбии давлатист ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор афсарони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ бо ташаббуси роҳбарияти академия бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарафароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои болидарӯҳии иштирокчиён дар охири чорабниӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.