Skip to main content

Июнь 24, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар бахши сармоягузории соҳаи энергетика аз соли 2001 то инҷониб 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 миллиард доллари амрикоӣ вобаста ба бунёди иқтидори нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 миллиард доллари амрикоӣ идома дорад. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар конфронси минтақавӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, иттилоъ дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани иқтидори тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, зиёд намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард кВт соат, паст намудани талафоти неруи барқ то 10 фоиз, таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуд буда, аз дигар сарчашмаҳо офтоб, шамол ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои калидии соҳа, то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия офтоб ва шамол бо иқтидори на кам аз 1500 МВт дар назар гирифта шудааст.

Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки ҳамасола дар мамлакат тахминан 98 фоизи неруи барқи истеҳсол гардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Дар баробари паҳлӯҳои мусбии экологию молиявӣ доштани ин нишондиҳанда, ин вобастагиро аз ҳаҷми резиши об дар дарёҳои мамлакат ва вазъи обу ҳаво дар шароити тағйирёбии иқлим, ба таври назаррас зиёд менамояд.

Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳо, имрӯзҳо ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома дорад.

Ҳадафи конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ мебошад. Инчунин конфронс ба омӯзиши амиқи таҷрибаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии захираҳои офтобӣ ва шамолӣ мусоидат намуда, давлатҳоро барои рушди иқтидори худ дар истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда ташвиқ хоҳад кард. Чорабинӣ имкон фароҳам меорад, ки мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои энергетикӣ пешниҳод карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми конфрон се ҷаласа – Вазъи кунунии рушди энергетикаи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ ва ташаббусҳои ҷорӣ дар самти иқтисоди сабз, Рушди энергетикаи барқароршаванда: вазъ ва мушкилот дар давлатҳои Осиёи Марказӣ; Лоиҳаи USAID «Энергетикаи Осиёи Марказӣ»: Таҳкими заминаи техникӣ ва меъёрӣ барои афзоиши сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон доир гардид.

Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди энергияи аз манбаъҳои барқароршаванда тавлидшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 26 июн идома меёбад.