Skip to main content
123

Таҳқиқоти илмии олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии Regional Sustainability (нашриёти Elsevier), ки дар пойгоҳҳои маъруфи Scopus ва Web of Science индексатсия шуда, ба гурӯҳи маҷаллаҳои квартали баланд (Q1) шомил буда, дорои нишондиҳандаҳои баланд, аз ҷумла Impact Factor – 4.6 ва CiteScore – 8.2 мебошад, ба нашр расиданд.

Аз ҷумла, мақолаи илмӣ таҳти роҳбарии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мавзуи рушди энергияи “сабз” ва нақши он дар коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим нашр гардид, ки дар он робитаи мутақобилаи рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, беҳтар гардидани сифати муҳити зист ва таҳкими амнияти энергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври илмӣ асоснок карда шудааст.

Мақолаи дигар таҳти роҳбарии академик Ҳикмат Ҳисориев ба масъалаи экосистемаҳои чарогоҳҳои Тоҷикистон бахшида шуда, дар он гуногунии биологӣ, масъалаҳои барқарорсозии экологӣ ва роҳҳои идоракунии устувори захираҳои чарогоҳӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин, дар самти омӯзиши равандҳои гидроклиматӣ ва криосферӣ, мақолаи номзади илмҳои география Маҷид Гулаёзов дар мавзуи “Тағйироти гидроклиматӣ ва криосферӣ дар Помири Шарқӣ” ба нашр расидааст, ки дар он бо истифода аз маълумоти зонкунии фосилавии Замин динамикаи дарозмуддати кӯлҳои баландкӯҳ ва омилҳои таъсиррасон ба онҳо таҳлил гардидаанд.

Ҳамзамон, олимони тоҷик дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ як қатор таҳқиқоти муҳими илмиро дар самтҳои тағйироти гидроклиматӣ ва криосферӣ дар қаторкӯҳи Помир, таҳлили тағйирёбии дарозмуддати ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Хингов, идоракунии устувори захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии глобалӣ, таҳлили ҳамбастагии Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) дар Тоҷикистон ва арзёбии хатари камбарфӣ ва таъсири он ба ҷараёни об анҷом дода, натиҷаҳои онро дар ҳаммуаллифӣ дар ҳамин маҷалла ба нашр расонидаанд.

Натиҷаҳои бадастомада метавонанд ҳамчун заминаи боэътимоди илмӣ барои таҳияи сиёсати самараноки энергетикӣ ва экологӣ, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат намоянд. Чоп шудани чунин мақолаҳо дар маҷаллаи сатҳи баланд нишонаи эътирофи байналмилалии дастовардҳои илмии олимони тоҷик ба ҳисоб меравад.