
Бо ташаббуси Институти тадқиқотии технологияи саноати биотиббии Гуанчжоу ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак бо муассисаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Халқии Хитой дархост оид ба интихоби коршиносон ва муҳаққиқони тоҷик барои иштирок дар озмуни «QI MING», ки моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор мегардад, ворид гардидааст.
Ҳадафи ин озмун дастгирии пажӯҳишҳои илмӣ байни корхонаҳои чинӣ ва коршиносони хориҷӣ ва мусоидат ба табодули технологӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот мебошад. Озмун асосан лоиҳаҳоро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (энергетикаи нав ва ғ. (аз ҷумла истеҳсоли батарея), технологияҳои иттилоотӣ (зеҳни сунъӣ, интернет, омӯзиши мошинсозӣ ва ғ.), чипҳо, материалшиносӣ ва технологияи кимиёвӣ, таҷҳизоти баландтехнологӣ, биотиббӣ (фармасевтӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва ғ.), кишоварзӣ (парвариши ҷуворимакка, гандум, картошка ва ғ.) ва технологияи озуқаворӣ ва ғ. Мувофиқи талаботи лоиҳа ҳар як мутахассис метавонад ба озмун танҳо бо як корхонаи чинӣ ҳамкорӣ намояд. Мӯҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо аз 1 март то 30 майи соли 2025. Арзёбии натиҷаҳои хулосаи комиссияи масъул аз моҳи сентябр то декабри соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Корхонаҳо ва коршиносони ғолиб 1-2 миллион юан мегиранд (вобаста ба он мавзӯъ ва афзалиятнокии лоиҳа). Мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2026-2029 мебошад. Маблағгузорӣ барои дастгирии муҳаққиқон, коршиносон, мутахассисон ва корхонаҳои ҳамкор дар самти табодули таҷриба, пешбурди таҳқиқот ва технология (дар тачрибаи мо одатан 50 фоизи маблаггузорй ба як тараф чудо карда мешавад). Дар марҳилаи аввал олимони тоҷик, ки таваҷҷуҳ ба кор дар доираи лоиҳаҳои мазкурро доранд, CV-и мукаммали худро ба забони англисӣ ба Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ (mirvaise@gmail.com) то 11 феврали соли 2025 дастрас намоянд ва дар сурати мувофиқат кардан ва интихоб гардидан, ба марҳилаи дуввум роҳ хоҳанд ёфт.
Маълумоти муфассал дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар марҳилаи 2-юми лоиҳаҳо (бо забони англисӣ)
1. Резюме (CV), бо нишондоди ному насаби пурра, ҷинс, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, ҷой таваллуд, таҷрибаи корӣ (кадом вақт дар кадом муассиса ва дар кадом вазифаҳо кор кардан), маълумот, дараҷаҳои илмӣ, унвони илмӣ (аз қабили узви Академияи илмҳо, профессор, дотсент, ходими калони илмӣ ва ғ.), соҳаи тадқиқот ва ғ.
2. Акс
3. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ
4. Тасдиқи таҳсил (бакалавр, магистр, номзади илм, доктор ва ғ.)
5. Тасдиқи фаъолияти корӣ (вақти оғоз ва анҷоми кор, номи муассиса, вазифа, ӯҳдадориҳои корӣ ва саҳми шахсӣ, кори пурра ё нопурра)
6. Рӯйхати иштирок ё роҳбарӣ дар ҳама гуна лоиҳаҳо (вақти оғоз ва анҷоми лоиҳа, номи лоиҳа, манбаи лоиҳа, рейтинги мутахассисон дар лоиҳа, дастовардҳои лоиҳа, саҳми шахсӣ дар лоиҳа)
7. Рӯйхати корҳои илмӣ (китобҳо, мақолаҳо, гузоришҳо) ва нусхаи 10 кори муҳими илмӣ
8. Рӯйхати патентҳо(соли тасдиқи патент, номи патент, рейтинг, тавсифи мухтасари патентҳо ва саҳмҳои асосии инфиродӣ).
9. Рӯйхат ва нусхаи ҷоизаҳо (вақти гирифтани ҷоиза, номи ҷоиза, муассисае, ки ҷоизаро медиҳад, тавсифи аҳамияти ҷоиза).
10. Маълумотнома аз ҷои кор
11. Шаҳодатномаи дарҷаи унвони илмӣ (масалан, дотсент, профессор, номзади илм, доктори илм, узви Академияи илмҳо ва ғ.)
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АГЕНТИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ҶОПОН (JST)
02 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео ҷиҳати қабул ва муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда доир ба ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) яке аз созмонҳои асосии Ҷопон буда, ба тадқиқоти илмӣ, рушди технологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Агентии мазкур дар дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати иштироки фаъолонаи Агентӣ дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор), ки ба ҳалли мушкилоти рушди устувор тавассути тадқиқоти муштарак мусоидат мекунад, суҳбат анҷом доданд.
Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) таҳияи технологияҳои идоракунии самараноки захираҳои об, аз ҷумла обёрӣ ва пешгирии вайроншавии қабатҳои хокро амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи тағйирёбии иқлим ва экология Агентӣ дар мавриди таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳо ва системаҳои оби Осиёи Марказӣ, ки барои минтақа аҳаммияти калидӣ доранд, пажӯҳиш мебарад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии мазкур мубодилаи академиро байни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо барои муҳаққиқони тоҷик, ки мехоҳанд дар Ҷопон таҳсил кунанд ва инчунин омӯзиши олимони ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ менамоянд.
Дар робита ба ин мо ният дорем, ки минбаъд ҳамкориро бо Шумо барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Дар ин самт мо умедворем, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Инчунин зарур аст, ки мутахассисон ва олимони мо лоиҳаҳои якҷояи вобаста ба мутобиқ намудани технологияи Японияро ба шароити маҳал, масалан, дар соҳаи сейсмология ва гидроэнергетика татбиқ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар бораи сейсмология ва идоракунии хавфи офатҳо Тоҷикистон дар минтақаи фаъолнокии баланди сейсмикӣ ҷойгир аст, ки лоиҳаҳои Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) дар соҳаи сейсмологияро муҳим мегардонад.
Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки тавассути Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар таҳияи системаҳои мониторинги заминларза ва огоҳии бармаҳал, инчунин омӯзиши мутахассисони тоҷик усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.
Дар ин замина Агентии илм ва технологияи Ҷопон бо фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳқиқот ва фанновариҳои пешрафта дар рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ба шарофати ҳамкорӣ бо Агентии илм ва технологияи Ҷопон Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори илмии худро таҳким бахшида, мушкилоти асосии рушди устувор ва амнияти экологиро ҳал мекунад.
2 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва директорони Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода оид ба натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳо дар соли сипаришуда ҳисобот дода, натиҷаҳои илми- таҳқиқотӣ дар зарфи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, яке аз дастовардҳои муҳими Агентӣ дар соли 2024 ин ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки 29 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттиллоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии Агентӣ 4 монография, таҳия гардида, 86 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расид. Илова бар ин, соли равон дар маҷмуъ дар сомонаи Агентӣ 107 хабару мақолаҳои оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун, инчунин самтҳои фаъолияти Агентӣ ба нашр расид.
Тазаккур дода шуд, ки дар соли 2024 ба як нафар унвони профессорӣ дода шуда, 3 нафар ҳимояи номзадӣ намуданд ва 2 нафари дигар рисолаи доктории худро ба Шӯро пешниҳод намуданд.
Дар умум фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 аз ҷониби ноиби Президенти АМИТ самарбахш арзёбӣ гардид.
ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИИ-ТАШКИЛИИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР СОЛИ 2024
02 декабри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ҷаласаи васе кормандони Институт доир гардид. Дар ҷаласа и.в. ноиби Президенти АМИТ-Раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён М. ва кормандони Институт иштирок намуданд.
Саравал котиби илмии Институт Мирзоев Ш.Ҷ. дар хусуси фаъолияти Институт дар соли 2024 ҳисобот дод.
Дар ин ҷаласа фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт дар соли 2024 баррасӣ гардида, ҳамзамон ҳар яке кормандӣ илмӣ аз натиҷаи фаъолияти илмӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
2-юми декабри соли равон дар доираи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ташриф оварда, бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Матсумото Хисаши мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар ҳарду кишвар суҳбат намуданд. Ҷонибҳо барои дар оянда рушду инкишоф ёфтани корҳои илмӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон, пайвасти илм бо истеҳсолот, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат барои андухтани таҷрибаи корӣ миёни кормандони илмӣ, олимону магистрантону докторантон ва умуман равобитҳои илмӣ - амалӣ ба мувофиқа расиданд.
Давлати Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар самти истеҳсоли техникаву технологияи муосир буда, дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бидуни технологияи муосир ғайри имкон аст. Мақсад аз вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои осон намудани кор дар ниҳодҳои илмӣ ба олимону муҳаққиқони ҷавони илмӣ аст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки минбаъд магистрантону докторантон метавонанд барои сайқал додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба давлати Ҷопон ташриф бурда, дар шароити хуби корӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотияшонро гузаронда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст биёранд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид гардид, ки муҳаққиқони давлати Ҷопон низ метавонанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шароити хуби ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ омоданамудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ – таҳқиқотияшонро гузаронида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷопон бо таҷрибаи худ дар сейсмология бо Тоҷикистон барои таҳияи системаҳои назорати заминларза ва сохтани сохторҳои тобовар ба заминларза ҳамкорӣ мекунад.
БО ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ 300- ДОНА КИТОБ БА МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 70- И ДЕҲАИ ПОРВЕНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ТАҚДИМ КАРДА ШУД
Имрӯз (30.11.2024) бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 300- дона китоб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70- и деҳаи Порвени шаҳри Панҷакент тақдим карда шуд.
Воқеан ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб ва илму дониш, таълиму тарбия ва маориф эътибори ҷиддӣ медиҳад ва аз ҷавонон пайваста даъват ба амал меорад, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани савияи донишандӯзии насли наврас мебошад.
Китобҳои мазкур маҳсули эҷодиёти олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, яқин аст хонандагон бо хондани ин китобҳои илмю бадеӣ ҷаҳони маънавии хешро бойу рангин месозанд.
Муассисаи таълимии мазкур чанде пеш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд. Ин бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, барои 320 нафар хонанда дар ду баст пешкаш гардидааст.
30 ноябри соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио дар ҳошияи сафари кории президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷопон, бо донишҷӯён ва шаҳрвандони муқими Ҷопон вохурӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ дар доираи сиёсати "Дарҳои боз" бо тамоми кишварҳои ҷаҳон рушду густариш ёфтаанд. Ҳамин аст, ки талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имконият фароҳам овардан барои таҳсили ҷавонони кишвар дар бонуфузтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ қобили таҳсин аст.
Бояд донишҷӯён аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, савияи дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда ба ватани худ баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти мамлакати хеш саҳми арзишманд гузоранд.
ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 29 ноябри соли 2024 зимни нишасти сеюмини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ - шарти асосии ҷамеаи демократӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди ҷамъомад, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуданд.
Академик Маҳмудзода Маҳкам ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа доштанд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфиди ҳуқуқӣ ва илмиву фарҳангӣ гирифтанд. Аз ҷумла, академик М.А. Маҳмудзода иброз намуданд, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бидуни эҳтиром ва риояи ҳуқу вуҷуд дошта наметавонад. Зеро, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст.
Ҳамин тариқ, дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.15:49
Тибқи ҷадвали баргузории маҳфили илмию адабии “Хирад” – и Раёсати АМИТ имрӯз (29.11.2024) бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов Мамадшо Илолович маҳфил баргузор карда шуд.
Дар баргузории маҳфил академикон олимону магистрантон ва дӯстдорони илмҳои математикаву техника иштирок доштанд.
Нахуст ба кори маҳфил саркотиби АМИТ Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, суханро ба академик Илолов Мамадшо Илолович доданд, мавсуф зимни баромади хеш ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта, аз зиндагиномаи хеш каме маълумот дода, зикр намуд, ки сабаби илм омӯхтану тарбияи воло гирифтанам падару модарам буданд, чунки падарам омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва модарам донандаи хуби илми муҳосибӣ буданд, таъсири дониши модарам сабаб шуду ман майл ба омӯхтани илмҳои математика намудам.
Ҳамзамон бо суханони пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба илми математика ва технологияи инноватсионӣ ва умуман самти илмҳои техникӣ маълумот дода, шогирдонро ба омӯхтани илмҳои дақиқ даъват намуданд.
Дар идома олимону академикон низ суханронӣ намуда, ҷавононро барои истифода намудан аз донишу малакаи академик Мамадшо Илолович тавсеаҳо дода роҳнамоӣ намуданд.