( Дар ҳошияи эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)
Воқеияти даҳаи дуюми садаи XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд.
Вусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои замони муосир дониста мешавад. Ин раванд дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон метавонад пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба дунбол дошта бошад. Илова бар ин, таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба омилҳои нигаронкунандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд [Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015, №332].
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳилаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои гуногун мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.
Мусаллам аст, ки башарият дар оғози қарни 21 мувоҷеҳи хатар ва таҳдидҳои номатлубе гардид, ки чунин падидаҳои номатлуб барои рушди ҳмаҷанибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо монеаҳои назаррас ба миён овард. Аз тарафи дигар, рӯйдодҳои рӯзафзун дар арсаи ҷаҳонӣ, чун нуфузи технологияҳои иттилоотӣ, зуҳури манфию ифротгароёнаи ҷаҳонишавиро ба қаламрави таърихи асри нав ворид намуданд.
Дар шароити нави давлатдории миллии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури мунаввари хеш ва афкору андешаи наҷибона ва созандаву бунёдкоронаашон, муҳимтарини василаи наҷот ва саодатмандиро, ки Сулҳ номдорад, бунёд намуданд. Пас, Сулҳ омили асосии таъминкунандаи зиндагии шоиста барои инсоният аст. Сулҳ ҳаёт аст. Сулҳ зиндагист. Сулҳ нишот васт. Сулҳ хурсандиву фараҳ аст. Сулҳ тавъам бо нерӯи Офтоб ва ҷилои Моҳу тобиши Ситорагон аст.
Ан рӯ, маҳз ана ҳамин падидаи поку ояндаофаро, ки Пешвои муаззами мо ба миллати тоҷик ҳадя карданд, дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва мушкилу мураккабу тақдирсоз пеши роҳи он ҳама ҷангу хунрезӣ гирифта шуда, кишвари азизи мо, воқеан аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ба ин васила дар Тоҷикистон ва минтақа, таъмини сулҳу субот падид омад.
Далели равшану возеҳ аст, ки ибтикорот ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳаммияти умумибашарӣ буда, дар меҳварашон дониш, илм, маърифат, фарҳанг, сулҳу оромӣ, инсонгароию таҳаммулпазирӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, пеш гирифтани чунин роҳи бузург, яъне даъват ба Сулҳ аз ҷониби фарзанди асили миллати тоҷик дар асри нав аз ҷониби аҳли олам эътироф гардидааст.
Вуруд ба мавзӯъ:
Қобили зикр аст, ки Ташаббуси шашуми Пешвои миллат тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардид. Чунин Ташаббус ва ибтикорот дар таърихи муносибатҳои байналхалқӣ бори нахустин нақш ёфта, дар масири сулҳҷӯиву сулҳофарӣ ба хотири ояндаи босубот ва осоиштаву пурсаодати аҳли башар мусоидат хоҳад кард.
Дар қаринаи шаклгирии нави низоми муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати ҳалли масоили байналмилалӣ, даъвати ҷомеаи ҷаҳон ба ҳамдиливу ҳамфикрӣ, роҳандозии ташаббуси ҷаҳонии сулҳ дар ҳамкориҳои байналхалқии кишварҳо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас, бориз ва боиси зикр аст. Зеро ба ақидаи коршиноси ватанӣ Зубайдулло Давлатов фаъолият ва тадбирҷӯиҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи адолат бунёд ёфта, дар он ҷаҳонбинии илмӣ, фалсафӣ ва миллӣ бо ҳам тавъам буда, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, таҳаммулпазирӣ на танҳо ба шаҳрвандони худ, балки бо тамоми башарият манзур шудааст. Пас, ин арзишҳои умумӣ ва бунёдии инсонӣ мебошанд, ки на танҳо ҳуввияти тоҷикӣ, балки ҳуввияти миллии дигар қавму халқҳоро низ дар тули таърих ҳифз намуданд. Ғояҳои дурбинонаи Сарвари давлати тоҷикон дар бораи фалсафаи сулҳ ва эҷоди мактаби сулҳофаринӣ метавонанд ба хотири бартараф кардани паҳлуҳои ихтилофовари ҷаҳонишавӣ, пешгирии доман паҳн кардани падидоҳои номатлуби аср, ифротгароӣ, шиддат гирифтани низоъҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир ва мусбӣ дошта бошад.
Илова бар ин, Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи консепсияи сулҳофарии ин шахсияти нотакрори таърихӣ ба миён омада, на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Чунки пеш гирифтани таъмини сулҳ дар ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳо ҳамчун иқдоми беназир барои ҳаллу фасли мушкилоти сулҳ дар саросари ҷаҳон ва ҳама манотиқи он мусоидат хоҳад кард.
Ба тариқи хулоса метавон иброз дошт, ки ҳастии инсоният ва таъмини зиндагонии босаодати ӯ дар оянда аз устувории сулҳ вобастагии нагусастанӣ дорад. Зеро сулҳ сарчашмаи рушду тараққиёти давлату миллатҳо дар ҳама давру замон аст.
Воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки имрӯз аҳли сайёра Пешвои муаззами миллати моро ҳамчун Роҳбари дорои Мактаби бузурги сулҳофарӣ мешиносанд. Воқеан, афкори сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, таҷрибаи волои сулҳофарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, ташаббуси Роҳбари давлати мо иқдоми ояндасоз ва наҷотовари заминиён буда, бозгӯи дигарбора тасдиқи мақому манзалати азалӣ ва бузургу беқиёси Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Зеро, дар марҳалаи кунунии муносибатҳои байналхалқӣ ва шиддатёбии равандҳои мураккаби геосиёсии сайёра омили наҷот ва раҳоии аҳли башар аз ҳама гуна низоъ, нофаҳмӣ, носуботӣ, ноамнӣ ва ифротгароиву ҷудоихоҳӣ танҳо дар устувории сулҳи саросарии курраи Замин маънидод мегардад.
Ардамеҳр Ашуров - ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих