(Ба муносибати 33-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Эмомалӣ Раҳмон дар даврае роҳбарии кишварро қабул намуданд, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз рӯзи аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуданаш (19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон иҷрои як қатор вазифаҳоеро, ки ба амният ва ҳаёти осоиштаи мардум сахт вобаста аст, муҳим хонда буд, ки ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин намудан, гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида, онҳоро бо сарулибос ва ғизо таъмин кардан, барои кори бонизоми шаҳрвандон дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам овардан, ҳарчи зудтар кори корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳоро барқарор сохта, одамонро ба кори фоидабахши ҷамъиятӣ ҷалб кардан аз ҷумлаи нахустин ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат буд.
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бешак, бузургу назаррас аст. Мардуми Тоҷикистон ӯро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ мехонанд. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии суръатнок ин абармардро ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст.
Он замон Раҳмон Набиев, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусоҳибае иқрор карда буд: «Баъд аз он, ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».
Самимияти суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, баёни фаҳмою пурҳарораташ аввалин «қасами сулҳ»-и ӯ дар муроҷиатномаи он кас «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст ва боиси ба таври қобили мулоҳиза афзудани нуфузи сиёсии ӯ гардид: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, сарҷамъию ваҳдати ҳақиқии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён дошт. Ба ақидаи ӯ, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад.
Ҳукумати нави Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корро аз барқарории сулҳ ва бозгашти гурезаҳо шурӯъ карда буд. Ғояи сиёсии раҳбарияти нави кишвар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ буд.
1 июни соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муроҷиат намуда, бо баёни соддаю самимӣ, маҳорати хоси суханварӣ, лаҳни маслиҳатомез ба ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаанд, хитоб кард: «Магар нолаи чуғзе нашунидаед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад. Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем… Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инҷост. Ёд доред, ки мегӯянд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…»».
Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кор, барқарор намудани манзилҳои харобгаштаро Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон арзёбӣ намудааст.
Аз соли аввали Президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш Эмомалӣ Раҳмон аз қашшоқӣ раҳонидани мардум, таъмини амнияти онҳо ва аз обу ҳаво ва сарватҳои табиӣ пурсамар истифода бурдани ҳар як хоҷагӣ, инчунин дигаргунсозиҳои иқтисодиро ҳадафи худ қарор дода буд. 24 декабри соли 1994 дар нахустин машвараташ бо роҳбарони вазоратҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар, Президенти навинтихоб масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва таъиноти кадрҳоро баррасӣ карда буд: «Тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, инкишофи иқтисод вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати мост. Зеро мардум агар пешрафтро, беҳбудро эҳсос накунад, ба мо бовар нахоҳад кард…
Буду нобуди давлат, буду нобуди мамлакат ба интихоби дуруст ё ғалати роҳбарони ноҳияҳо, муассисаҳо ва вазоратҳо вобаста мебошад. Ҳар касе, ки ба роҳбарӣ пешниҳод мешавад, бояд инсони комил бошад, дарди мардумро фаҳмида даво карда тавонад, ба вай одамон, ҳамкоронаш боварӣ ва эҳтиром дошта бошанд, ҳамроҳаш шаванд, супоришашро иҷро кунанд. Роҳбар шароити имрӯзаро дарк карда тавонад – дигар мо аз ҷое, аз касе марҳаматро нигарон шуда наметавонем, бояд ҳамаашро худамон кунем… Набояд манфиатҷӯии маҳаллӣ сабаби аз ёд рафтан ва ё фаромӯш шудани кадрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ гардад. Ҳамаи мо ба ноҳияҳои худ ё вилояти худ не, ба ҷумҳурии худ ҷавобгарем ва аз ҳамин нигоҳ бояд кор кард».
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 нишонаи ба анҷом расидани рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар замони раҳбариаш дар кишвари ҷангзада мебошад. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад. Бо тасвиби ин ҳуҷҷат роҳи дароз, пурмашаққат ва бағоят муҳими ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт».
Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархурдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш бар мабнои сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳо бунёд ёфтааст.
Аз замони ҷанги таҳмилию харобиовари шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳо пайи ҳам мегузаранд. Маҳз иродаи қавии мардуми кишвар ва Сарвари мамлакат буд, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳу амният, назму суботи ҷомеа, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Ба итминони Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва бо расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст… Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем». Дар воқеъ, тавре ки академик Раҳим Масов иброз доштааст, «қувваи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар наздикӣ бо мардумаш ва мустаҳкамии он пайвандҳоест, ки бо халқи хеш дорад, ки худ намояндаи он аст».
Дар кишваре, ки ҷангзада ва хазинааш холӣ буд, бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат беш аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт. Дар шароити душвори иқтисодии кишвар, ҳатто, ба зеҳну тасаввур ҳам роҳ намеёфт, ки мо рӯзе соҳиби неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ шуда, бунёди неругоҳи азими Роғун оғоз бахшида, чархаиҳои нахустини онро ба кор медарорем. Ва ҳам сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500-киловаттаи «Шимол-Ҷануб» ва 220-киловаттаи «Лолазор-Хатлон» шурӯъ меёбаду ба анҷом мерасад. Тоҷикистон бо сарварии Эмомали Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд. Ташаббуси нав дар ин маврид, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз ёфт. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ин даҳсола баргузор гардид, ки мавқеи кишвари моро дар ҷаҳон ба сатҳи болотар бурд.
Шоири зиндаёд Бозор Собир баъди мушоҳидаҳои кори Сарвари давлат дар расонае ӯро ситоиш кард: «Касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и «Роғун»-ро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям». Бозор Собир аз мушоҳидаи ҷоннисориҳо, бунёдкориҳо, қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ваҷд омада, мисраъҳои зерро аз таҳти дил суруд:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!
Ба ақидаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ҳамакнун фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».
Яқин аст, ки Роҳбари давлат ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро дод, ки ин таҷриба имрӯз аз ҷониби институтҳои ҷаҳонии низоъшиносӣ ва кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, он гуна ки Роҳбари давлат таъкид медорад: «Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ бояд натанҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад».
Айни замон вазифаи умумимиллии ҷомеа, миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳамагуна манфиатҳои инфиродиро як сӯ гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устувору побарҷоро фароҳам оварда, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким бахшида, нерӯҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлати миллӣ сафарбар намоянд.
Муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофи Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз рисолати таърихии мост, ки Ватан ва Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ояндаи миллат чӣ гуна ба мерос мегузорем. Дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаб ва ҳассоси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ягона роҳи нигоҳдории миллат ин ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии кишвар ва ягонагии давлату халқ аст. Дар замони мо ягона манбаъ ва рамзи сулҳу ваҳдат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вобаста ба мақому мавқеъ ва хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати навини тоҷикон андешаронӣ карда, қайди он зарур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба буҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд. Дар он лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан тафаккури миллӣ дошта бошад ва барои сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби неруҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд. Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шӯълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд. Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба уҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки он кас дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархӯрдоранд. Ҳамин сифатҳои олии фитрӣ боис гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешво пазируфт. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд. Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Корнамоии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи собиқ Президенти ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Виссарионович Сталин гузоштан мумкин аст, ки оламро аз бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ раҳонида, аз хатари таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар назди давлати навини миллии мо меистод, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд. Воқеан, таҳти роҳбарии он кас аз ҷиҳати назариявӣ, илмӣ ва амалӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Хизмати бебаҳои Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Чунончи, ректори донишгоҳи сулҳи СММ Мартин Лиз, зикр намудааст: «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад». Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада дар ҷодаи сулҳофарӣ бозёфти нодир аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳофариро ҷавонмардона ба даст гирифт». Узви парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки “… дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд”. Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати куҳандиёри тоҷик насиб кард, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрӯз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Дар ин ҷо метавон суханони шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд – вазири дифоъи Афғонистон ва Қаҳрамони миллии ин кишварро дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки чунин гуфта буданд: “Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст, ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт”.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».
Ҳанӯз дар солҳои 384-322 то мелод файласуфи Юнони қадим Афлотун дар асари худ «Давлат», қайд карда буд, ки «дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад».
Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.
Дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо дарки сиёсии амиқ изҳор намуд:
«Дар байни низоъҳо ва ҳолатҳои бӯҳронӣ, баъди анҷоми «ҷанги сард» аз масъалаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида муҳимтаре нест, ки ба паҳншавии яроқ, маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа мегардад». Мутаасифона ин пешгӯиҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро чандон ба назари эътибор нагирифтанд ва имрӯз маълум шуд, ки он фарзу тахмини Роҳбари Тоҷикистон мутлақо дуруст будааст.
Воқеаи 11-уми сентябри соли 2001 амали терроризми байналмилалӣ дар ИМА ва воқеаҳои минбаъда дар Ироқу Сурия ва хусусан Афғонистони 15 августи соли 2021 исбот намуд, ки то кадом дараҷа андешаҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлил ва баррасии масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон кодир аст. «Ташаккули муносибатҳои сиёсӣ - ба ақидаи сотсиологи рус Кравченко А.И. - дар заминаи институти сиёсии ҷомеа, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, таъиноти асосии он амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, баррасӣ мегардад».
Бинобар ҳамин ба ақидаи мо сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омадани ӯ ба ҳайси намояндаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, ба марҳилаҳои зерин ҷудо мешавад:
-марҳилаи якум, солҳои 1990-1991 то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. (24.08.1990. – 9.09.1992)
- марҳилаи дуюм – даъвати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик (16.11.1992-6.12.1994).
- марҳилаи сеюм - ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти ҷумҳурӣ (06.11.1994. -27.6.1997).
- марҳилаи чорум – имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва фазои баъдиҷангӣ (27.06.1997 - 11.03.2002).
- марҳилаи панҷум – имзои ҳуҷҷати ризоияти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ (11.03.2002-22.06.2003).
- марҳилаи шашум - гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.06.2003-2006).
- марҳилаи ҳафтум – интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006).
- марҳилаи ҳаштум - гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.05.2016).
Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик З.Мамадҷонова «бисёр олимон чунин ақида доранд, ки равандҳое, ки дар ҷомеаи тоҷикон мегузаранд, ин давраи қонунии бунёди шууру худогоҳии ҳар як халқ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо тағийротҳои дарднок дар муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд меояд».
Яке аз ин қиматҳои муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ ин бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст, ки ба марҳилаи таърихи навини худ ворид шудааст. Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон буда, ин давраро давраи «Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ё худ «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон» номидан низ мумкин аст.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии афкори сиёсии худро эълон намудааст. Аз ҷумла, ӯ менависад: «Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта, бо системаи дунявӣ ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои таҳмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида ба ҷудоандозӣ, бӯҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд.
Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.
Абунасри Форобӣ - яке аз мутафаккирони асримиёнагии тоҷик буд, ки хусусият ва хислатҳои сарварии сиёсиро пешниҳод намуд, ки қимати сиёсии худро то ҳол гум накардаанд:
1.Сарвар бояд аз ҷиҳати табиӣ мутлақо ҷисми мустаҳкам, қобилияти узвҳои бадан барои ҳаракатҳои заруриро дошта бошад.
2.Аз нигоҳи табииӣ ба таври аъло табиати шӯх дошта, гуфтаҳои худро дарк намояд.
3.Хотираи мустаҳкам дошта бошад, ҳамаи он чизҳоеро, ки ба ӯ мегӯянд, тассавур карда тавонад.
4.Ақл ва зеҳни чуқур дошта бошад.
5.Нутқи бурро ва тафаккури равшан дошта бошад.
6.Муҳаббат ба таълим ва маърифат дошта бошад.
7.Ҳақиқатро дӯст дорад ва тарафдори он бошад, дурӯғ ва дурӯғгуёнро бад бинад.
8.Дили кушод дошта шаъну шарафро қимат донад.
9.Дирам, динор ва дигар нишондодҳои ҳаёти моддиро нафрат кунад.
10.Аз табиат адолатро дӯст дорад.
11.Беадолатӣ ва зулмро бадбинӣ намояд.
12.Ба одамони худӣ ва бегона адолатнок бошад, дар назди адолат якравӣ накунад.
13.Ҷасур бошад ва зуд қарор барорад, тарсу буздилӣ надошта бошад.
14.Ба таври хуб санъати идоракуниро донад.
Ин сифатҳои сарварӣ бевосита ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ буда, борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ худро исбот намудааст.
Ба ақидаи муҳаққиқони ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитҳои муайяни иҷтимоӣ зарур аст, ки ба ин шароитҳо дохил мешаванд:
- шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ;
- шароитҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ;
-шароитҳои фарҳангӣ.
Барои ҳамаи ин шароитҳо сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон идеяҳои конструктивӣ пешниҳод намуда, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро омили муҳими давлатдорӣ меҳисобад.
Барномаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ (бунёди роҳҳо, сохтмони азими НБО – «Роғун», корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва ғ.), рушди демократия дар Тоҷикистон (бисёрҳизбӣ, озодии матбуот, дину виҷдон, иштироки васеи мардум дар идоракунии давлатӣ), Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа, танзими расму оинҳо, барномаҳои фарҳангӣ (2006-бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, соли 2009-соли бузургдошти Имоми Аъзам, 5500-солагии Саразми бостонӣ, эҳъё ва ҷаҳоникунонии Наврӯз, Сада, Меҳргон, ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани «Шашмақом» ва «Фалак»), сиёсати берунии бисёрсамтаи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, робитаҳои қавӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон бидуни низоми сиёсии онҳо ва дигар барномаҳои муштараки инкишофи иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номгӯи масъалаҳое мебошанд, ки самтҳои асосии сиёсати Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонро муайян месозанд.
Чӣ тавре, ки Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд «ҳамватанони мо хуб мефаҳманд, ки маҳз таҳлили дурусту баҳои оқилонаи раванди воқеаҳо, ботамкинӣ ва дурандешагии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳоят дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои ба мо дӯсту бародар ва хайрхоҳ имконият доданд, ки мо на як бору ду бор хатари табадуллоти давлатӣ ва такроран ба ҷангӣ хонагӣ кашидани мардуми азияткашидаамонро бартараф созем. Имзои намояндагони бештар аз 50 ҳизбу созмон дар «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» низ иқдоми накӯ ва боэтимодест барои таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ дар сар то сари кишвар».
Дар маҷмӯъ хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави эҳъёи давлату давлатдории навини тоҷикон инҳо мебошанд:
- фароҳам овардани фазои мӯътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи бемайлони он;
- ҷонибдории арзишҳои демократии бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ хос;
- гуногунандешагӣ, озодии виҷдон, матбуот;
- таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;
- институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифротгароӣ дошта;
- нигаҳдории принсипи дунявияти давлат;
- равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;
- пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;
- давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
- ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи он;
- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат;
- танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;
- самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;
- ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;
- танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон.
- ҳимояи ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати мусоиди шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ – этникӣ (табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии тараққикардаи озод, соҳибихтиёр ва ҷолиби сайёҳӣ).
«Бо боварӣ гуфта метавонем, ки давраи нави инкишофи иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар фаро расидааст, ки муносибати комплексиро дар бунёди низоми инкишофи миллӣ талаб менамоянд», қайд менамояд Эмомалӣ Раҳмон.
Таҳлил ва тадқиқи адабиёти илмӣ ва илмӣ – оммавӣ нишон медиҳад, ки масъалаи мазкур доғу актуалӣ буда, то ҳол ба таври алоҳида тадқиқ нашудааст. Моҳият ва паҳлӯҳои гуногуни сарварии сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои беназири ин шахсияти таърихӣ дар наҷот, эҳъёи давлату давлатдорӣ, фарҳангу адабиёту маънавият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тадқиқоти пурраи фундаменталиро дар илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ тақозо менамояд.
К.Камолов - Ходими калони илмии Шӯъбаи ИДМ Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон