Бузургтарин ганҷинаи мероси хаттии халқи тоҷик-Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сифати муассисаи илмӣ ҳанӯз 17 январи соли 1958 бо қарори Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон бо номи Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ-хаттӣ таъсис шуда буд.
Соли 1991 бо қарори Шурои вазирони СССР ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № УП-103, аз 02 апрели соли 1991, Институти мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон ташкил гардида, шоири номвару донишманди тоҷик Муъмин Қаноат директор-ташкилкунандаи Институт таъйин карда шуд.
2 марти соли 1993 бо Қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №3 Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Фонди дастхатҳои шарқии он ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ гузаронида мешавад.
2 апрели соли 1998 бо дарназардошти пеш омадани зарурат барои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва равандҳои муосири кишварҳои шарқ, бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 48, Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо табдили ном намуда, доираи фаъолияти он густариш пайдо намуд.
Институт дар ин давра аз шаш шуъба, ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ, чопи нодир ва озмоишгоҳи тармими китобҳо иборат буд.
Яке аз самтҳои муҳими кори институт омода кардани феҳристи осори хаттӣ буда, то соли 1988 шаш ҷилди он ба табъ расидааст. Дар замони Истиқлол ҷилдҳои 6 ва 10 он ба нашр расонида шуданд. Шуъбаи мазкур таҳти роҳбарии номзади илми таърих равоншод Қудратбек Элчибеков умури феҳристнигорӣ ва ба шакли рақамӣ гузарониданро иҷро карда, кори тавсифи электронии нусхаҳоро равоншод Амрияздон Алимардонов, Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, Абдуллоҷон Юнусов ва Аминҷон Аҳмадҷонзода сомон додаанд.
Кормандони шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, ки роҳбарии онро дар солҳои дароз Аълонхон Афсаҳзод, баъдан Алӣ Муҳаммадиев бар уҳда доштанд, дар таҳияву нашри нусхаҳои хаттӣ, аз ҷумла осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Биноӣ, Нозими Ҳиротӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва дигар классикони адабиёти тоҷик-форс хидмати шоистаеро анҷом додаанд.
Шуъбаи Эрону Афғонистон, ки мудирии онро чанд сол шодравон Зоҳир Аҳрорӣ ба уҳда доштанд, дар таҳқиқи масъалаҳои забону адабиёти Афғонистон ва адабиёти Эрон, таҳқиқу нашри осори адабӣ ва илмии шоирону олимони ин кишварҳо дар муддати чанд даҳсола корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Таҳқиқи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷик бо Ҳиндустон, ки таърихи чандинасра дорад, проблемаҳои адабиёт, аз ҷумла, «сабки ҳиндӣ», мероси гаронмояи шоирони бузурги тоҷикзабони асрҳои миёнаи ин сарзамин, монанди Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва шоирону мутафаккирони форсизабони асрҳои XІX – XX Ҳинду Покистон Мирзо Ғолиб, Муҳаммад Иқбол, Файз Аҳмади Файз, осори илмӣ ва фарҳангнигории олимони тоҷикзабони Ҳиндустону Покистон мавриди назари муҳаққиқони шуъба будаанд.
Таҳқиқи масъалаҳои муҳими ин сарзамини аз лиҳози нуфус, қаламрав ва фарҳанги бузурги ҷаҳон, ки забони тоҷикӣ ва адабиёти ғании он ба воситаи тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон ба он ҷой интиқол ёфта буд ва дар асрҳои миёна, бар асари истилои муғул ва ҳуҷумҳои қабилаҳои кӯчӣ, аз навоҳиву шаҳрҳои мутамаддини минтақа аҳли илму адаб маҷбуран ҷилои ватан кардаву ба он сарзамин рафта буданд, аз ҷумлаи вазифаҳои ниҳоят зарури илмие буданд, ки таҳқиқашонро шуъбаи Ҳинду Покистон анҷом додааст.
Яке аз зерсохтҳои навтаъсиси Институт шуъбаи таърих ва омӯзиши низоъҳои минтақавӣ буда, дар шароити имрӯза аҳаммияти вижа дорад, зеро проблемаҳои сиёсию иҷтимоӣ, этникию динӣ, ки махсусан, тундгароиву экстремизм ифротгароию терроризм дар кишварҳои Шарқи Наздик дар охири қарни XX ва оғози қарни XXІ ба зуҳур омадаанд, таҳқиқи амиқро талаб мекард. Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва зуҳури муносибатҳои нави байнидавлатӣ, таҷаммуи тазодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Ховари Миёнаву Наздик, махсусан, дар Афғонистону Ироқ, таҳдидҳои радикализму терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хосатан, ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади фаъолиятҳои идеологӣ ва мусаллаҳонаи толибон қарор дорад, зарурати таҳлилҳои ҳамаҷонибаи ин падидаҳоро ба миён гузошт. Роҳбарон ва ходимони илмии шуъба Қосимшо Искандаров, Раҳматулло Абдуллоев, Исмоил Раҳматов дар омӯхтани падидаҳои мазкур иқдоми ҷиддӣ намуда, асарҳои таълифнамудаи онҳо аҳаммияти назарӣ ва амалии муҳимеро доро мебошанд.
Тарбияи шарқшиносони ҷавон аз тариқи аспирантураву докторантура яке аз самтҳои стратегияи давлат дар илм аст. Бинобар ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти босамарро ба роҳ андохтааст, ки Маркази мероси хаттӣ ҳам, албатта, дар ин ҷода мавқеи ҷиддиро пеш гирифтааст ва дар ин густара шогирдони сазовореро ба воя расондааст.
Аз 4 феврали соли 2011, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ муттаҳид шуда, минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ номгузорӣ шуд.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри 2016, таҳти №465, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ ба муассисаҳои зерини илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо карда шуд:
1. Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ
2. Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ
3. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Ҳамин тавр, Хазинаи мероси хатии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 13 ноябри 2017, бо қарори Раёсати АИ ҶТ, №42 (а) ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ табдил дода шуд, идомадиҳандаи самти кор ва иҷрокунандаи таъйиноти вазифаи муассисаҳое мебошад, ки бо номҳои гуногун аз соли 1958 фаъолият доштанд.
Аз соли 2017 баъди табдили номи муассиса ба Маркази мероси хаттӣ кор дар чаҳор самти мушаххаси соҳа сурат гирифт:
1. Нусхашиносӣ – тафсири илмии нусхаҳои хаттиву сангии маҳфузи ганҷинаи дастнависи Маркази мероси хаттӣ, таҳия ва нашри феҳристи дастнависҳои гуногунзабони дар ганҷина нигаҳдоришаванда ба забонҳои тоҷикиву русӣ, танзими версияи электронии онҳо;
2. Матншиносӣ ё таҳия ва табъу нашри мероси хаттии дастраси ниёгонамон дар заминаи нусхаҳои нодири хаттӣ ва қиёси онҳо бо нашрҳои гуногун;
3. Ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тармими нусхаҳои хаттӣ;
4. Тарҷума, нашр ва оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои хориҷӣ.
Аз соли 2020 роҳбарии Маркази мероси хаттӣ ба уҳдаи номзади илми таърих Раҳматкарим Давлатов гузошта шуда, усулу равиши кори кормандони Марказ тарзу тартиби нави фаъолият – дар заминаи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби васоити ҷадиди техникӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳоло мо перомуни муҳимтарин дастовардҳои мероси хаттӣ, ки бо ному мақоми гуногун дар замони 33 соли Истиқлоли давлатӣ ин муассисаи илмӣ фаъолият кардааст мепардозем, маҳзи хотири ин ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ганҷинаи бебаҳои миллат, ки дар худшиносию худогоҳӣ ва худҷӯйии насли ояндаи давронсоз мақоми шоиста дорад, таваҷҷуҳи вижа доранд. Ба ин маънӣ муттасил таъкид менамоянд, ки ҳифзи ҳуҷҷату асноди таърихӣ, хосса мероси гаронбаҳои хаттӣ вазифаи ҷонии масъулини соҳа аст”.
Соли 2020 кормандони Марказ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 китоб ва аз соли 2017 то имрӯз дар маҷмуъ 108 китоб таҳия, тарҷума ва нашр намуда, дастраси хонандагон гардидаанд.
Матни комили “Захираи Хоразмшоҳӣ” дар ҳафт ҷилд(2021-2022) бори нахуст дар илми матншиносӣ ва тибби тоҷик ҳамроҳ бо шарҳи луғоту тавзеҳот ва феҳристи мафҳумҳои тиббӣ дар ихтиёри ҳамдиёрон алалхусус аҳли илму дониши кишвари азизамон Тоҷикистон қарор гирифт, ки аз ҷониби ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Баҳриддин Мирзоев ва Иззатулло Мирзоев ва садорати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳия ва чоп карда шуд.
“Захираи Хоразмшоҳӣ” асари Ҳаким Исмоили Ҷурҷонӣ, бузургтарин рисолаи тиббии ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, ки дар таърихи илми тибби тоҷик яке аз барҷастатрин осори тиббии энсиклопедӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад, ки сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст. Ӯ ин асари худро дар солҳои 1113-15 дар Хоразм, ки аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат мебошад ва дар маҷмуъ 10 китобро фаро мегирад, навиштаааст.
Чопи “Захираи Хоразмшоҳӣ” бешубҳа, барои олимони соҳаҳои гуногуни илми тоҷик, алалхусус, дорушиносу дорусозон, ҷарроҳону руҳшиносон, луғатшиносу истилоҳсозон таърихи илмомӯзон ва ғ. пайраҳаҳои тозаи эҷодӣ мекушояд.
Ҳамчунин, падидаи нодиртарин дар замони Истиқлоли давлатӣ ба табъ расидани алифбои тибби ҷаҳон “Қонуни тиб”-и Абуалӣ ибни Сино аз тарафи донишманди маъруфи тоҷик, ходими илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Сайиднуриддин Шаҳобуддинов дар ҳаҷми 134,4 ҷузъи чопии шартӣ, 96 ҷузъи чопии аслӣ ба забони ноби тоҷикӣ мебошад, ки соли 2021 бори нахуст ба шакли муфассал аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда ба нашр расид.
Айни замон дар ММХ НР АМИТ татбиқи бомароми лоиҳаи “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, ки мақоми лоиҳаи миллиро соҳиб аст бо ҳидояту пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳия қарор гирифта, бо роҳбарии директори Марказ Раҳматкарим Давлатов китоби якум нашр ва китоби дуюми ҷилди аввал омодаи нашр гардид.
Маврид ба таъкид аст, ки бо дарназардошти ҳифзи арзишҳо, ормонҳо ва асолати миллӣ, мақоми шоистаи миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир, бо дарки бештари худшиносию худогоҳии насли ҷавон, таъйини ҷуғрофиёи тамаддуни оламгир, густариши ҳувияти миллӣ, ки дар ин масир ҳамосаи миллии тоҷикон “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҷойгоҳи махсус дорад, дар заминаи ММХ рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022, аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар намояндагони аҳли илму адаби 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, беш аз 90 маърузаи илмӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, 09-10 октябри соли 2023, Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ –кашшофи асрори табиат” дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, дар толори АМИТ баргузор гардид, ки низ самараи даврони Истиқлоли давлати тоҷикон маҳсуб мешавад. Олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, адабиётшиносону забоншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо бо 80 маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ аз Тоҷикистон ва 23 кишвари ҷаҳон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар он суханронӣ намуданд.
Маркази мероси хаттӣ дар муддати 66 соли мавҷудияташ ба калонтарин маъхази дастнависҳо дар ҷумҳурӣ ва яке аз захираҳои пурарзиши нусхаҳои хаттӣ дар дунё табдил ёфтааст. Ҳоло дар ганҷинаи дастнависҳои марказ беш аз 6400 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6700 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (литографӣ) маҳфуз аст.
Аз лиҳози таърихи китобат дастнависҳои Марказ давраи калону доманадор, яъне қарнҳои Х1-ХХ-ро фаро мегиранд. Ба ибораи дигар, қадимтарин нусхаи хаттии мавҷуд дар Марказ дар қарни Х1 ва навтарини он дар рўзгори мо китобат шудааст.
Қадимтарин нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ, дастнависи «Таърихи Табарӣ» тарҷума ва такмили форсии Абуалӣ ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (363ҳ/974м), «Ат-тафҳиму ли авоил-ис-синоат ат-танҷим»-и Абурайҳони Берунӣ (430ҳ/1038м) «Кимиёи саодат»- Абуҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (506ҳ/1111м), «Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ» (690ҳ/1291м), «Шарҳ-ул-қофия фӣ наҳв»-и Разиюддин Муҳаммади Астарободӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки китобаташон ба асри Х111 тааллуқ дошта, дар айни замон, аз ҷумлаи қадимтарину муътамадтарин дастнависҳо маҳсуб мешванд.
Як теъдод нусхаҳои хаттии марказро дастнависҳои худи муаллифон ва ё нусхаҳои ягонаву нодир ташкил медиҳанд, ки аҳаммияти калони илмию таърихӣ доранд.
«Луғати Алӣ Сафӣ» – таълифи Фахриддин Алии Сафӣ (939ҳ/1532м), «Зафарнома»-и Бадриддини Кашмирӣ (асри XV1), «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Миррабеъ ибни Мирниёз (асри XV111), «Таърихи манзума»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам, девони ашъор ва «Ганҷи шойгон»-и Абдураҳмон Тамкини Бухороӣ (асри Х1Х), «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (1325ҳ/1907м), «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (асри ХХ) ва боз теъдоде аз нусхаҳои хаттӣ аз ҳамин қабиланд.
Ганҷинаи марказ, ҳамчунин, дорои нусхаҳои бисёр нодири мансуру манзумест, ки дар асрҳои гуногун таълиф ёфта, дар дигар китобхонаҳои ҷаҳон дида намешаванд. «Рисолаи мақомот»-и Шайх Абусаиди Абулхайр (1403м), «Шарҳ-ул-муғаннӣ»-и Абумуҳаммади Мансур (асри X1V), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (асри XV1), «Рисолаи қофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Рубоиёти мутафарриқа», “Девони ашъор”, «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Иноят Баззози Саноӣ, девони ашъори Абдулатифи Танҳо, қасоиди Назмӣ, девони ашъори Муҳаммадризои Чалабӣ, «Хусраву Ширин»-и Оқошопури Розӣ (асри XV11), девони ашъори Мирзо Абдуразоқи Нашъаӣ, девони ашъори Муҳаммад ибни Абутуроб Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, «Миръот-ут-тайиба»-и Муинуддин ибни Хоҷаи Хованд (асри XV111), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маъонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Латоифи субҳонӣ»-и Абдусаломи Чигадликӣ, «Маҷмаъ-ул-ҳикоёт» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», девони Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-китоб», «Гуҳаррез», девони ашъори Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» ва ғайраҳо аз ҷумлаи дастнависҳои нодири Марказ мебошанд.
Баъзе аз нусхаҳои хаттӣ аз он ҷиҳат муҳиму шоистаи диққатанд, ки дар замони зиндагии муаллифон ва ё каме баъдтар аз фавти онҳо китобат шудаанд. Чунончи, нусхаҳои хаттии «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс» дар замони зинда будани мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (в.898ҳ/1492м), нусхаҳои хаттии «Чаҳор девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Алишери Навоӣ (в.906ҳ/1501м), ҳангоми зиндагии ӯ ва нусхаи хаттии «Иёри дониш»-и Абулфазли Алломӣ (в.1011ҳ/ 1602м) панҷ сол баъд аз хатми таълифи китоб (соли 996ҳ/1587м) китобат шудаанд. Ва ё куллиёти Убайди Зоконӣ (в. 772ҳ/1370м), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809ҳ/1405м китобат гардидааст, қадимтарин ва боэътимодтарин нусхаи хаттии бадастомадаи осори шоир мебошад. Дар ҳошияи нусха ғазалиёти мунтахаби Ҳофизи Шерозӣ сабт гардидааст, ки аз ҷумлаи қадимтарин дастнависи ашъори шоир маҳсуб мешавад. Нусхаҳои хаттии “Куллиёт”-и Котибии Нишопурӣ (в. 838ҳ/1434м), «Се девон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Куллиёт”-и Абдураҳмони Мушфиқии Бухороӣ (в. 996ҳ/1588м), девони ашъори Шавкати Бухороӣ (в. 1106ҳ/1695м) чанд сол баъд аз фавти муаллифонашон китобат гардида, қадимтарин ва муътабартарин нусха шинохта шудаанд.
Дар ганҷинаи Марказ баъзе асарҳои нодир мавҷуданд, ки аз онҳо то рӯзгори мо фақат чанд нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтори Ғазнавӣ (в.544-554ҳ/1149-1159м) аз ҳамин қабил дастнависҳост, ки дар асри Х1Х китобат шуда, аз китобхонаи Стариков (ховаршиноси рус) ба ганҷинаи Марказ ворид гардидааст. Матни асар дар ин нусха нисбат ба дувумин нусхаи то кунун маълуми китоб, ки ба Музейи Бритониё тааллуқ дорад, мукаммалтар мебошад. Ё худ дар ганҷина нусхаи бисёр ҷолиби девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ (в. 561ҳ/1173м) мавҷуд аст, ки бо вуҷуди дар асри Х1Х китобат шуданаш аз нусхаи аслии худи муаллиф саҳеҳтар аст.
Дастхатҳои «Калилаву Димна»-и Абулмаолӣ Насруллоҳ Муҳаммад ибни Абдулҳамид Шерозӣ (асри Х11), «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Ҷамолиддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ (в. 635ҳ/1232м) ва «Тӯтинома»-и Зиёуддин Нахшӣ (в.751ҳ/ 1350м), ки дар ганҷинаи Марказ маҳфузанд, бо вуҷуди дар қарни XV11 китобат гардиданашон, аз ҷумлаи нусхаҳои қадимаи ин китобҳо ба шумор мераванд.
Дар марказ беш аз 1200 лавҳаву намунаҳои хушнависӣ ва қатаоти хаттотишуда мавҷуданд, ки маҳсули қалами сеҳрангези хаттотону хушнависони моҳири давраҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросону Эрон мебошанд.
Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии Бадахшон» ном дорад, микрофилму акси нусхаҳои беш аз 280 дастнависи дар миёнаи солҳои 1959-63 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда, нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар ин, дар марказ маҷмуае бо номи ёдгории хаттии Бадахшон мавҷуд аст, ки дар он бештар аз 300 микрофилму фотонусхаи дастнависи осори мардуми Бадахшон нигоҳ дошта мешаванд.
Бори нахуст ММХ тавсифи 29 нусхаи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро барои ворид кардан ба номинатсияи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО таҳия намуд, ки 24 майи соли 2023 ин нусхаҳо бо қарори махсуси ҷаласаи ЮНЕСКО ба феҳристи осори ғайримоддии башарият ворид гардид ва намоишгоҳи осори хаттии халқи тоҷик рӯзҳои 5-10.06.2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО-Париж ба намоиш гузошта шуд, ки намояндагони садҳо кишвари ҷаҳон аз он дидан карданд.
Дар Марказ, инчунин, асарҳои зиёде роҷеъ ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Дастнависҳои мавҷуд ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва илмию оммавии осори пурарзиши ниёгони мо аз ҷониби муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода шудаанду мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии Марказ дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 6 ҷилд (1960-74) ба табъ расидааст. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудаанд. Феҳристи нусхаҳои хаттии Марказ дар чор ҷилд зери назари донишманди фақид А. Алимардонов дар Теҳрон (ҶИЭ) ба чоп расидааст. Варианти электронии дастнависҳо(2009-2012) дар ҳамкорӣ бо «Маркази Ҷумъа ал-Моҷид оид ба фарҳанг ва мерос» (Аморати Муттаҳидаи Араб) омода шуда, ба чоп пешниҳод шудааст. «Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (2013) ба чоп расидаанд. Чанд соли охир дар натиҷаи экспедитсияҳои кормандони Марказ беш аз 500 дастнавису китоби чопи сангӣ вориди ганҷинаи марказ гардидааст.
Ходимони пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ, Шодиҷони Рамазон, Меҳриддин Ғиёсӣ