
Имрӯз (18.10.2024) бо ибтикори шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми феҳристнигорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ”, ки ба 80-солагии яке аз донишмандони фарҳехтаи нусхашинос, шарқшинос ва мутарҷими осори Ибни Сино Сайиднуриддин Шаҳобиддинов бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қосимшо Искандаров оғоз шуда, мавсуф андешаҳои худро оид ба арзиши илмӣ ва фарҳангии дастнависҳо дар мисоли корҳои анҷомдодаи яке аз дастхатшиносону донандагони барҷастаи забони арабиву хатти порсӣ С.Шаҳобиддинов баён намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ фароҳам оварда шудааст. Ва кормандони Марказ вазифа доранд, ки кори ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи осори хаттиро, ки муҳимтарин муаррифгари ҳувият ва хотираи таърихии миллат мебошанд, бо талаботи меъёрҳои муосир бештар суръат бахшанд.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илми таърих зимни суханронии хеш дар мавзуи “Собиқаи тавсифи дастхатҳои ММХ ва масъалаҳои асосии феҳристнигорӣ” зикр намуданд, ки аз 17 ҳазор китоби дастнавис, то имрӯз 23% онҳо ё ҳудуди 4000 нусха тавсиф ва дар 10 ҷилд бо забони русӣ ба нашр расидааст. Номбурда таъкид намуданд, ки аз оғози соли равон тавсифи дастхатҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин баҳри оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ феҳрист тарҷума шудааст ва ҷилди аввали он имсол ба нашр мерасад.
Донишманд ва файласуфи шинохта, доктори илми фалсафа, яке аз ҳамкурсону дӯстони наздики равоншод С.Шаҳобиддинов устод Комил Бекзода, ки шиносоӣ ва ҳамкории 62 сола бо марҳум С.Шаҳобиддинов дорад, фаъолиятҳои илмии ӯро бо далелҳои ҷолибу ҳайратангез ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар идомаи конфронс маърузаву андешарониҳои н.и.ф., Маҳмадёр Шарифов дар мавзуи “Таҳияи аввалин феҳристи нусхаҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ”, Алӣ Муҳаммадиев “Матншиносии даврони соҳибистиқлоли тоҷик ва вижагиҳои он”, Сайидхоҷа Ализода “Шинохти нусхаҳои нодир ва таҳияву нашри онҳо”, ходими пешбари Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев “Нақши устод Сайиднуриддин Шаҳобиддинов дар муаррифии осори ниёгон” шунида шуд.
Кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик номзади илми фалсафа, Саидбек Маҳмадуллоев ва Раҳматулло Абдуллоев оид ба хизматҳои анҷомдодаи С.Шаҳобиддинов суҳбат намуда, саҳми ӯро дар таҳвсиф, таҳияи феҳристи осори хаттӣ ва тарҷумаи осори бузургон аз забони арабӣ муҳим в амондагор арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин нишасти илмӣ узви хориҷии АМИТ, дастхатшиноси машҳур, собиқ директори Китобхонаи миллии Фаронса Франссис Ришар ҳузур дошт, ки мулоҳизаҳои худро дар бобати нуфузи илму дониши хаттии мардуми тоҷику форс ва таъсири он ба илми ҷаҳонӣ иброз намуд. Мавсуф корҳои анҷомдодаи Сайиднуриддин Шаҳобиддиновро дар заминаи нусхашиносӣ ва тавсифу феҳристнигории осори хаттӣ мондагору нодир арзёбӣ ва барои идома додани онҳо тавсияҳои муфид дод.
Дар анҷоми конфронс аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод карда шуд, ки ба хотири арҷ гузоштан ва қадрдонии донишманди пуркору пухтакор, тарҷумон ва таҳиякунандаи бузургтарин асари тиббӣ “Ал-қонун фи тибб”-и Абуалӣ Сино ва даҳҳо китобу рисолаҳои дигар, Сайиднуриддин Шаҳобиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки ин олими тоҷик дар он таҳсил кардаанд ба номи ӯ гузошта шавад.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ 0203 ВА 05170 ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси гвардияи миллӣ ба нақши неруҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи кишвар баҳои баланд доданд.
Ин маънӣ дар паёми табрикии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар ҷамъомад ба муносибати таҷлили 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Панҷакент баён карда, ҳайати шахсии ин воҳидҳои низомиро бо ин иди давлатӣ табрик гуфтанд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз анбори нави муҳимоти хоҷагӣ, намунаи нақлиёт ва силоҳи ҷангӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи маишии сарбозон, анбори маҳсулоти ғизоӣ ва ошхона дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки дар ин воҳиди низомӣ барои хидмати оинномавии сарбозон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда, биноҳо ва ҳудуди он таъмиру таҷдид карда шудааст.
Дар ҷамъбасти маросими таҷлили ҷашни истиқлол ба як гурӯҳ афсарону аскарон ва ҳамкорони қисми ҳарбии 0203 нишони ҷашнии “30 солагии Қушунҳои сарҳадӣ”, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз барои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз, 08 август дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо ба як зумра фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2025, № 1054 ба ду нафар- хидматчии давлатӣ ва омӯзгор медали “Хизмати шоиста” ва се нафар хидматчии давлатӣ Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин бо қарори раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2025, №201 се нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо қарори раиси шаҳр аз 3 сентябри соли 2025, №386 як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳр ,аз ҷумла, 12 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 нафар хидматчии давлатӣ, 10 нафар корманди соҳаи маориф, 6 нафар корманди соҳаи хидматрасон, 2 нафар корманди соҳаи тиб, 11 нафар соҳибкор, 2 нафар варзишгар, 10 нафар корманди соҳаи фарҳанг, 2 нафар корманди соҳаи кишоварзӣ ва 7 нафар корманди фаъоли дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.
Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.