ФОРУМИ СЕЮМИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ФУРСАТИ РУШД БА ХОТИРИ СУБОТ
Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, 23 сентябри 2025
Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иборат аст, барои таъмини субот, рушди устувор ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ниёз ба ҳамкории зич ва ҳамоҳангшуда дорад. Дар ин замина, форумҳои байнипарлумонӣ ҳамчун платформаи муҳими сиёсӣ ва қонунгузорӣ барои густариши ҳамкории кишварҳо нақши асосӣ мебозанд. Ҳамоишҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фаъолгардонии муколамаи сиёсӣ баргузор мешаванд. Ин ҳамоишҳо ба вакилони парлумон имкони табодули таҷриба, баррасии масоили минтақавӣ, аз ҷумла амният, муҳити зист, муҳоҷират ва рушди иқтисодӣ ва таъмини иҷрои амалии тасмимҳои муштаракро фароҳам меоранд. Ҳамкории вакилони парлумонӣ барои баланд бардоштани иқтидори куллии минтақа низ муҳим аст ва аз ин рӯ, ин ҳамоиш ҳамасола баргузор мешавад. Амнияти минтақавӣ мавзӯъи калидӣ дар нишастҳои байнипарлумонӣ аст. Бо вуҷуди боқӣ мондани мушкилоте чун терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии сиёсатҳои кишварҳо дар доираи ин форумҳо ба коҳиш додани таҳдидҳои амниятӣ мусоидат мекунад. Масалан, муколамаи мунтазами байнипарлумонӣ ба таҳкими эътимод ва ҳамкории мустақим дар мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат мекунад. Форумҳо барои ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими равобити тиҷоратӣ дар минтақа замина фароҳам мекунанд. Баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ ба рушди устувори кишварҳо мусоидат мекунад. Ин дар амал ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои аҳамияти бузурги геостратегӣ дар минтақа метавонад бо иштироки худ дар чунин форумҳо дар таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дифоъӣ саҳми арзанда гузорад. Муколамаи мунтазам бо кишварҳои ҳамсоя метавонад ба ҳалли масъалаҳои умумӣ, аз қабили муҳоҷират, захираҳои об ва мубориза бо терроризм мусоидат кунад.
Бояд ёдовар шуд, ки форумҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ аз соли 2023 мунтазам баргузор карда шуда истодааст. Форуми якуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 9 - 10 - уми феврали соли 2023 баргузор гардида, дар доираи форуми мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардида буданд: масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумон дар ин раванд, инчунин густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар заминаи мероси муштараки таърихию фарҳангӣ. Дар натиҷаи форум Декларатсияи Туркистон қабул карда шуд. Ҳуҷҷат дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангию таърихии Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, инъикос ёфтааст.
Форуми дуюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 - уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки заминаи баргузории ин форум ба масъалаҳои ҳамкориҳои судманд ва минтақаӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки 23 - уми сенятбри соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон форуми сеюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши минтақавӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Форуми навбатии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори “Роҳҳои муассир барои рушди ҳамаҷонибаи минтақа” баргузор шуда, мавзӯъҳои мавриди баҳси вакилони парлумон қонунгузории муҳоҷират ва меҳнат, таъмини истиқлолияти рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ гузошта шудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои ин кишвар, ҳадафи форум таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди муҳити рақамӣ мебошад.
Дар он масъалаҳои “Муҳоҷират ва ҷараёнҳои корӣ: таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва устувории иқтисодӣ тавассути қонунгузорӣ”, “Тадбирҳои қонунгузорӣ барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва “Парлумонҳо ва соҳибихтиёрии рақамӣ: таъмини амнияти киберӣ ва танзими ҳуқуқии муҳити рақамӣ” баррасӣ хоҳанд шуд.
Форумҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як механизми муҳими ҳамкорӣ барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақа хизмат мекунанд. Ин платформаҳо ба кишварҳо имкон медиҳанд, ки мушкилоти умумиро бо роҳи осоишта ва ҳамоҳангшуда ҳал кунанд ва ба ин васила ба рушди устувори минтақа мусоидат кунанд. Барои Тоҷикистон ширкат дар чунин ҳамоишҳо як фурсати рушд ва субот дар минтақа аст.
ШАРИФОВ Искандар - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 21 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 65- солагии фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Яқубов Юсуфшо бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки фаъолияти илмии академик Юсуфшоҳ Яқубов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори бостоншиносии тоҷик мебошад. Дар бораи роҳи илмӣ ва хидматҳои устод ҳарф задан на танҳо изҳори эҳтиром ба илму маърифат аст, балки арҷгузорӣ ба заҳмати тӯлонӣ ва корномаи донишманди бузург низ маҳсуб меёбад. Густардагӣ ва серсоҳа будани фаъолияти ӯ, ки бахшҳои муҳими таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги мардуми тоҷикро дарбар мегирад, баёнгари мақоми илмии устод мебошад.
Таъкид гардид, ки Юсуфшоҳ Яъқубов 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаашро дар зодгоҳ ва баъдан дар мактаб-интернатҳои Саричашма ва Кангурти вилояти Кӯлоб идома дода, соли 1955 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Ӯ соли 1960 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш фиристода мешавад.
Зикр гардид, ки зиёда аз 65 соли фаъолияти ӯ дар ҳамин муассисаи илмӣ роҳеро дар бар мегирад, ки аз вазифаи лаборант оғоз гардида, то ба даст овардани унвони баланди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мерасад. Дониши амиқ ва меҳнати пайваста ба ӯ имкон доданд, ки устод соли 1970 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии Б. Я. Ставиский дар Маскав ҳимоя намояд. Соли 1988 бошад, рисолаи докториашро муваффақона дифоъ мекунад.
Гуфта шуд, ки академик Юсуфшо Яъқубов ба насли дуюми бостоншиносони тоҷик тааллуқ дорад. Роҳи илмии ӯ аз иштироки фаъолона дар ҳафриёти Панҷакенти қадим дар солҳои 1960 оғоз мегардад. Дар ҳамин ҷо устодони маъруф — А. М. Беленитский ва Б. Я. Ставиский — ба ӯ сабақҳои аввалини касбӣ додаанд. Барои ғанигардонии таҷрибаи худ ӯ дар ҳафриётҳои шаҳрҳои Ҳулбук, Кофирқалъа ва Аҷинатеппа низ иштирок кардааст.
Қайд гардид, ки фаъолияти мустақили илмии устод аз соли 1962 оғоз меёбад, замоне ки бо гурӯҳи таҳқиқотӣ дар водии Яғноб 10 ёдгории бостониро кашф намуд. Соли 1964 таҳти роҳбарии устод Ставиский ковишҳои мустақилонаи худро дар қалъаи Гардани Ҳисор оғоз кард. Дар тӯли даҳсолаҳо ӯ дар минтақаҳои мухталифи болооби Зарафшон ва Суғди баландкӯҳ тадқиқот анҷом дода, 118 ёдгории бостониро сабт ва омӯзиш кардааст.
Муҳимтарин давраи фаъолияти илмии Яъқубов ба омӯзиши ёдгориҳои куҳистони болооби Зарафшон марбут аст. Ду ёдгории нодири ин минтақа — Кум ва Гардани Ҳисор — ки дар наздикии Кўҳи Муғ ҷойгиранд, барои таърихи суғдиён аҳамияти бузург доранд. Маҳз дар ҳамин минтақа соли 1933 76 ҳуҷҷати машҳури хаттии суғдӣ пайдо шуда буданд. Тадқиқоти мунтазами Яъқубов имкон дод, ки масоили меъморӣ, сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳунармандӣ, фарҳанги моддии мардумони ин қалъаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шаванд.
Дар идома, олимону муҳаққиқон атрофи фаъолият ва ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо андешаҳои хешро баён доштанд. Зикр гардид, ки академик дар тӯли чанд даҳсола бо пайгирӣ, таҳлилҳои илмӣ ва ҷустуҷӯҳои саҳроии худ боқимондаҳои тамаддунҳои қадимаи тоҷиконро бо далелҳои муътамад равшан намуда, ба илми бостоншиносии ватанӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Қайд намуданд, ки ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо дар мавзеъҳои таърихии Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, Қубодиён ва маконҳои дигари муҳими таърихӣ имконият доданд, то саҳифаҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ниёгон бо нигоҳи илмӣ боз ҳам пурра ва мушаххас инъикос ёбанд.
Сипас, академик Яқубов Юсуфшо дар баромади хеш ба роҳбарият, ҳамкорон ва шогирдон барои баргузории маҳфил ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои илмияш изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи дастовардҳои илмӣ натиҷаи саъю кӯшиши чандинсолаи худ ва ҳамкории самарабахш бо олимону кормандони муассисаҳои илмии кишвар мебошанд.Таъкид намуд, ки омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик на танҳо вазифаи илмӣ, балки масъулияти ватандӯстона ва маънавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як бозёфт, ҳар як ҳуҷҷат ва ҳар як далели таърихӣ дар худ паёми худшиносӣ, ифтихор ва сабақи пойдории давлатдориву фарҳанги миллиро ҷой медиҳад.
ИФТИТОҲИ РАСМИИ «НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ифтитоҳ гардид.
Дар кушодашавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мирзошариф Ҷалолов, роҳбари дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), ҷаноби Сейҷу Имай ва намояндагон аз дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.
Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.
Татбиқи чунин технология на танҳо ба коҳиши истифодаи сӯзишвории маъмулӣ мусоидат мекунад, балки намунаи равшани гузариш ба энергияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Ҳамзамон, он метавонад сатҳи истиқлолияти энергетикии маҳаллиро баланд бардорад, хароҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳоро коҳиш диҳад ва ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
Дар ин технология зеҳни сунъӣ низ ба таври самаранок истифода шудааст. Системаҳои рақамӣ бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ доимо маълумотро аз сенсорҳо таҳлил мекунанд, аз ҷумла ҳарорати қабатҳои зеризаминӣ, талаботи гармӣ ва шароити иқлим. Ин имкон медиҳад, ки кори насосҳо ба таври худкор оптимизатсия шуда, истеъмоли энергия кам ва устувории тамоми шабака беҳтар гардад.
Истифодаи зеҳни сунъӣ инчунин ба пешгӯии сарбории гармидиҳӣ, идоракунии оқилонаи энергияи дохилии бино ва коҳиши хароҷоти истифодабарандагон мусоидат мекунад. Дар натиҷа, чунин система на танҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва камхарҷ аст, балки ба сатҳи навбатии идоракунии интеллектуалӣ мегузарад.
Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои хуби геотермалӣ мебошад, муттаҳидсозии GSHP ва зеҳни сунъӣ метавонад заминаи технологияи ояндадор гардад ва ба татбиқи стратегияҳои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми муҳим гузорад.
Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва шароити мувофиқи иқлимӣ мебошад, татбиқи чунин лоиҳа метавонад намунаи пешқадам барои дигар минтақаҳо гардад ва ба амалисозии стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад.
ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ГЕОТЕРМАЛӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ АМИТ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дод шуд, ки озмоишгоҳи мазкур ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои гармии зеризаминӣ машғул мешавад. Дар озмоишгоҳ ҳарорат ва хосиятҳои обҳои зеризаминӣ таҳлил мешаванд, потенсиали геотермалӣ муайян мегардад, таркиби минералӣ ва газҳои ҳамроҳ санҷида мешавад ва технологияҳои истифодаи гармии зеризаминӣ, аз ҷумла насосҳои гармидиҳии заминӣ (GSHP), озмоиш мешаванд. Ин озмоишгоҳ барои рушди энергетикаи тоза ва устувор аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки дар озмоишгоҳ анализатори Хроматографияи ионӣ насб карда шудааст. Хроматографияи ионӣ вазифаи таҳлил ва ҷудокунии ионҳоро дар намунаҳои гуногуни об иҷро мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки консентратсияи анионҳо ва катионҳо бо дақиқии баланд муайян карда шавад, таркиби маҳлулҳо ошкор гардад, сифати об назорат шавад, ифлоскунандаҳо ва ионҳои номатлуб муайян шаванд ва раванди химиявӣ пайваста таҳти назорат нигоҳ дошта шавад.
Гуфта шуд, ки ин усул дар назорати экологӣ, гидрохимия, саноати озуқаворӣ ва дорусозӣ, инчунин дар озмоишгоҳҳое, ки таҳлили босуръат ва боэътимоди таркиби ионӣ талаб карда мешавад, васеъ истифода бурда мешавад.
ВОХУРӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо дастгирии Донишгоҳи Акитаи Япония амалишавии лоиҳаи мазкур дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконият медиҳад, то дар кишвар технологияи муосири гармидиҳии декарбонатӣ рушд ёфта, истифодаи захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки имрӯз мо дар доираи ифтитоҳи хонаи гармидиҳии геотермалӣ, бахшида ба лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» — ҷамъ омадаем. Лоиҳаи мазкур бо ҷонибдории барномаи байналмилалии “Ҳамкориҳои илмӣ ва технология барои рушди устувор” (SATREPS), Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардид.
Таъкид гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки низоми гармидиҳии кишвар бо усулҳои муосир такмил ёфта, ҳамзамон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ заминаи устувор фароҳам оварда шавад. Гуфта шуд, ки истифодаи гармии зеризаминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди энергетикаи сабз дар кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи сабз ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад ва татбиқи лоиҳаи гармидиҳии декарбонатӣ намунаи рӯшани ин ҳамкорӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохурӣ иштирокчиён оид ба роҳҳои амалисозии босамари лоиҳа, ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ мубодилаи афкор намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОДИЛАИ ИСТЕЪДОДҲО ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) — сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Ҳафтаи равон (санаҳои 11–14 ноябри соли 2025) аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Чин иштирок намуданд
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ, профессор Саидмуқим Ибодзода ва бо иштироки сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ, профессор Қурбонов Қ.Ш., аз 13 то 16 ноябри соли равон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби ноиби Президенти Академияи илмҳо ва технологияҳои Чунсин, Ҷен Сюн Бо, самимона пазироӣ гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти расмиву корӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муҳаққиқон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин баргузории форумҳо ва чорабиниҳои илмии дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳайати илмии АМИТ ҳамчунин аз Клиникаи илмию амалии «Хайфу» боздид ба амал овард. Клиника бо истифода аз технологияҳои муосири лазерӣ ва ултрасадо табобати бемориҳои гуногуни инсонро, аз ҷумла бемориҳои саратонӣ, эхинококкии ҷигар, эндометриози бачадон ва дигар патологияҳоро ба роҳ мондааст. Олимони тоҷик бо имкониятҳои клиника, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири ташхису табобат шинос гардиданд.
Сафари мазкур дар самти тавсеаи робитаҳои илмӣ ва тиббӣ миёни Тоҷикистону Чин қадами муҳими нав ба шумор рафта, заминаҳои тоза барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои таҳқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ фароҳам меорад.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ — КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ ҶАҲОН»
Имрӯз, 15 ноябр аз рафти баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дидан намуданд.
Зимни боздид масъулин аз сатҳи омодагии иштирокчиён, баргузории марҳилаҳои озмун ва муҳити созандаи маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» барои густариши ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани савияи дониши фарҳангии ҷавонон аҳамияти хоса дорад.
Зикр гардид, ки адабиёти ҷаҳонӣ — ганҷинаи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷассумгари таҷрибаи ҳазорсолаи инсоният буда, мутолиа ва омӯзиши он дар ташаккули тафаккури созанда нақши муҳим мебозад.