Дар миёни тамоми ҷашну маросимҳое, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар дунё ҷашн гирифта мешавад Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва қадимтарини ниёгони мо ба ҳисоб меравад. Муҳаббати беандозаи халқи тоҷик мо ба тозагии ватан ва диёри хеш ҳифзу ҳимояи сарватҳои фарҳангии худ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ниҳоди онҳо ҷой гардида буд, ки Наврӯз намунаи олии онҳо мебошад. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ дар таърих ва фарҳанги кишварҳо форсизабон мақоми хоса дошта, таъсири худро ба минтақа низ гузоштааст. Кишварҳои масири Наврӯз аз қадимулайём равобити қадимии таърихӣ дар арсаҳои мухталиф доштаанд ва ҳарчанд равобити онҳо дар солҳои ахир пастиву баландиҳои гуногунро паси сар кардаанд, ҷашни Наврӯз баҳонае барои таҳкими дӯстӣ ва густариши равобит миёни миллатҳо ва кишварҳои минтақа будааст. Ҷашни мазкур паёми иттиҳоди башариро ифшо мекунад, ки бо табиат тамоми сардӣ, душманӣ ва мушкилотро як сӯ гузошта, ҳама чизро аз нав барқарор кардан мумкин аст. Мо метавонем мисли Модари- табиат меҳрубон бошем ва на танҳо барои як маҳал ва миллати мушаххас, балки барои тамоми инсонияту зиндагон саховатмандӣ, рушду ободӣ орзу кунем, ки инҳо аз муҳтавао ва фалсафаи асосии пайдоиши ҷашни Наврӯз ҳастанд. Тибқи ақидаи шарқшиноси маъруф Р.Фрай фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар равнақи тамаддуни ҷаҳони ислом он қадар бузург аст, ки саҳми тамаддуни юнониҳо дар барқарории фарҳанги масеҳӣ ҳамон қадар мебошад.
Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Абу Даби 28 сентябри соли 2009 гузошта шуда, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуд. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҷаҳонишавии Наврӯз бо пешниҳод ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон сурат гирифтааст, ки дар пойдории анъанаҳои миллӣ саҳми бузург аст. Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки минбаъд доманаи анъанаҳои он, чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, шаҳодат медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин ҷашни бузурги милли мефармояд: «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст». Вобаста ба таърихи қадима доштани Наврӯз ва ҷашнгирии он ақидаҳои олимони соҳаи таъриху фарҳангшиносӣ гуногун мебошад. Масалан, яке муҳаққиқони соҳавӣ профессор Меҳрдоди Баҳор чунин меҳисобад, ки ҷашнгирии Наврӯз аз сеҳазорсолаи пеш аз милод оғоз мегардад, ва кулли муҳаққиқон итминони онро доранд, ки Наврӯз ҷашни миллии маҳз мардуми ориёиҳо мебошад. Сабаби чунин пойдории ин ҷашни оламшумули мардуми ориёӣ - Наврӯзи аҷам дар он мебошад, ки тамоми ҷузъҳои зебои ҳаёт, хотироти накӯ ва қаҳрамонҳои асотирии ин мардумон маҳз ба ҳамин рӯз рост меояд, аз ҷумла: тавлиди шоҳ Каюмарс ва Зардушт, ки дар ин рӯз ба дунё омадаанд. Умуман ин ҷашн ба ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти миллии мардуми ориёӣ алоқаи бениҳоят зич дорад”. Наврӯз, ки бо таърихи ҳазорсолаҳои худ ба фарҳангҳои гуногун таъсири амиқ гузоштааст, на танҳо ҳамчун як ҷашни хос барои халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ховар Миёна маъруф аст, балки дар бисёр кишварҳо ва миллатҳо ба унвони рамзи эҳтиром ба ҳудуди таърихии ва фарҳангии ҷомеаҳои гуногун маълум аст. Илова бар ин, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ байни халқҳои гуногун амал мекунад, ки бо нигоҳ доштани асли манофеи муштараки фарҳангӣ ва равобити кӯҳнаи таърихӣ, имконияти рушди ҳамкории байни онҳо фароҳам меорад.
Гузашта аз ин, Наврӯз метавонад ҳамчун як васила барои тавсеаи муколамаи дипломатӣ хизмат кунад, эҳтиром ба муттаҳидсозии фарҳангҳоро бештар тақввият диҳад. Наврӯз, ки ба унвони Соли нави форсӣ таҷлил мешавад, ба далели иртиботи амиқ бо табиат ва зарфияташ барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули фарҳангӣ рамзи дипломатияи “сабз”-ро низ бе шак ифода мекунад. Ҳамчун ҷашни фарорасии баҳор, мавзуҳои навсозӣ, ҳамоҳангӣ бо табиат ва ҳамбастагии ҷомеа барои нигоҳдории муҳити зист, тоза кардани экологияи гирду атрофро таҷассум мекунад, ки ба принсипҳои дипломатияи сабз мувофиқат мекунанд. Ин чорабинии фарҳангӣ на танҳо аҳамияти огоҳии муҳити зистро таъкид мекунад, балки ҳамчун аслиҳаи бунёдӣ барои мусоидат ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳои гуногун хизмат менамояд.
Дар ҷараёни ин ҷашн, кишварҳо ва ҷомеаҳо имкон пайдо мекунанд, ки арзишҳои хешро бо дигарон мубодила кунанд, ки ин робитаҳо ва муколамаҳоро дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд. Яке аз муҳаққиқони Ҳинд дар мақолаи худ “Дипломатияи сабз: роҳи ноил шудан ба SDG-17” оид ба муҳимияти дипломатияи сабз ва нақши муҳими он дар замони имрӯз зикр карда, арзишҳои наврӯзиро, ки муҳимтаринаш эҳё ва зиндашавии табиату экология ва тозаву озода намудани муҳити зист мебошад овардааст: “Ба таваҷҷӯҳ бо он, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги таърихӣ ба табиат ва муҳити зист робитаи қавӣ дорад, рамзҳои он метавонанд бо талошҳои дипломатияи сабз тавассути пешбурди огоҳии экологӣ ва ҳамкории байни миллатҳо мувофиқат карда, ҳадафҳои дипломатияи сабзро инъикос менамояд”. Тавассути муаррифии ин арзишҳо, кӯшиши ҳалли мушкилоти глобалии экологиро метавон ба ҳадафҳои муштараки кишварҳои ҳавза табдил дод. Тасвир кардани Наврӯз ҳамчун як ҷашн, ки аз марзҳои фарҳангӣ гузашта, заминаи барномаҳои умумии ҷаҳониро таъсис медиҳад, як асли рушд ва тавассути муносибатҳои дипломатӣ ба ҳамгироии фарҳангии ҷаҳонӣ имконияти бузурги фароҳам меорад.
Вожаи "Наврӯз", ки аз забони форсӣ-тоҷикӣ гирифта шудааст, ба маънои "рӯзи нав" тарҷума мешавад ва рамзи фарорасии Соли нав дар бисёре аз фарҳангҳо дар саросари Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва берун аз он аст. Ҳарчанд дар манотиқи мухталиф калимаи "Наврӯз" ба таври гуногун талаффуз мешавад, вале ҳамоно ба маънои аслии худаш боқӣ мемонад. Ин мероси муштараки забонӣ имкони муколамаи дипломатиро фароҳам меорад, пуле байни миллатҳо эҷод мекунад, дар рушди дипломатияи нарм тавассути убури марзҳои забонӣ ва миллӣ, бо ҳам пайвастани кишварҳо тавассути анъанаҳои муштараки фарҳангӣ ва маънои рамзӣ мегардад, ки мушаххастарини онҳо тоза ва озода нигоҳ доштани табиати гирду атроф мебошад. Бинобар ин бояд гуфт, ки аҳамияти фарҳангии Наврӯз фаротар аз ҷашнҳост, аммо, илова бар ин он ҷашнест, ки рамзи амиқи экологиро дар бар мегирад, ки ба давраи мухими эҳёи табиат ва тавозуни ҳаёт тамаркуз мекунад. Дар Тоҷикистон он робитаи рамзӣ бо табиат, бахусус дар ҳоле, ки кишварҳо бо мушкилоти зиёди экологӣ, аз ҷумла норасоии об, тағирёбии иқлим ва таназзули замин рӯбарӯ аст, робитаи ногусастанӣ дорад. Дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатияи нарм ба истифодаи таъсири фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист, на усулҳои маҷбурӣ барои эҷоди муносибатҳои мусбӣ байни кишварҳо дахл дорад. Он аксар вақт барои мусоидат ба сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва пешбурди манфиатҳои муштарак истифода мешавад. Наврӯз ҳамчун як ҷашне, ки аз ҷониби миллионҳо нафар истиқбол мешавад, ҳамчун воситаи муассири дипломатияи нарм мусоидат ба муколама ва ҳамкориҳои байни кишварҳо тавассути табодули фарҳангӣ хидмат менамояд. Бинобар, таҷлили ботантанаи ҷашни аҷдодии мо- Наврӯз ҳамчун рамзи ҳамкориҳои экологӣ дар чаҳорчӯби дипломатияи нарм бо таваҷҷӯҳ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди устувории муҳити зист ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ метавонад, роҳи хеле муассире бошад. Чун дар Тоҷикистон ба истиқболи ин ҷашн, яъне фарорасии баҳор, ки рамзи таҷдиди табиат оғоз мегарданд пеш аз ҳама, таҷассуми робита бо замин аст, ки дар он мавзуъҳои навсозӣ, ҳаёт ва устуворӣ шинохта мешавад. Дар кишвар ин ҷашн аз шеваҳои гиромидошти табиат иборат мебошад, ки шуруъ рӯбучини хонаҳо то гиду атроф ва сабзухурамгардониву ниҳолшинонӣ ва покиза нигоҳ доштани муҳити зист, аз муҳимтарин қисмати таҷлили Наврӯз мебошанд, ҷараёни тоза мегиранд. Яъне дар айёми Наврӯз тоҷикон дар шинондани дарахтон, дуохонӣ барои нашъунамои ҳосил ва тарғиби дигар корҳое, ки рамзи эҳтиром ба муҳити зист мебошанд, ширкат мекунанд. Ҳатто маросимҳое, ки дар ҷараёни баргузории ин ҷашни миллӣ амалӣ мегарданд, ба одамон аҳамияти мувозинати экологӣ ва таҷдиди ҳаётро хотиррасон мекунанд ва барои ҳалли мушкилоти экологӣ, ба монанди тағирёбии иқлим ва устуворӣ заминаи беҳтарин фароҳам меоранд. Ҳароина, Наврӯз замони мусоиде, барои андешаи дастаҷамъона дар бораи муносибати инсоният бо замин аст. Он бо ғояҳо ва арзишҳои бунёдиаш нишон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими экологӣ, аз қабили идоракунии захираҳои об, кишоварзии устувор ва таъсири тағирёбии иқлим ба экосистемаҳои маҳаллӣ то чӣ андоза муҳиманд. Аз ин рӯ бо назардошти аҳамияти фарҳангии Наврӯз, он ҳамчун воситаи беҳтарин барои пешбурди ҳамкориҳои экологӣ ва муколамаи минтақавӣ хизмат мекунад.
Стратегияи дипломатии Тоҷикистон дар солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза таҳаввул ёфт, зеро кишвар ҳарчӣ бештар аз дипломатияи нарм истифода бурда, худро ҳамчун яке аз пешоҳангҳои минтақавӣ дар мубодилаи фарҳангӣ ва устувории экологӣ муаррифӣ мекунад. Тоҷикистон бо дарки аҳамияти бунёди равобити қавии байналмилалӣ бар пояи арзишҳои муштарак ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ, ҷашни Наврӯзро ҳамчун василаи дипломатӣ барои таҳкими равобити мусбат бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бо ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ истифода карда истодааст. Истифода аз ҷашни миллӣ ба монанди Наврӯз ҳамчун абзори дипломатӣ фаротар аз ҷашни оддӣ аст, он метавонад кӯшишҳои стратегии кишварро барои эҷоди пули фарҳангӣ барои ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи устувории экологӣ инъикос кунад. Ҳукумати Тоҷикистон дипломатҳои байналмилалӣ, созмонҳо ва раҳбарони кишварҳои ҳамсояро барои ширкат дар ин ҷашн фаъолона даъват карда, шаҳомати таҷлили ин ҷашни аҷдодиро дар кишвар нишон медиҳад. Табиист, ки ташаббусҳои иқлими сабзи Тоҷикистон дар заминаи Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ муаррифӣ мешаванд. Кишвар ин иртиботи рамзиро дар иқдомоти сабзи худ, аз қабили лоиҳаҳои идоракунии об, коҳиш додани тағирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ эътироф кардааст. Чунон ки пештар ҳам зикраш рафт, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2010 Наврӯзро расман ба унвони як ҷашни байналмилалӣ эътироф кард ва Тоҷикистон яке аз ҳомиёни аслии ин эътироф буд. Эътирофи ҷаҳонӣ на танҳо аҳамияти Наврӯзро ҳамчун рамзи сулҳ таъкид мекунад, балки бо ҳадафҳои васеътари дипломатияи экологии Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Бо баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар атрофи Наврӯз, Тоҷикистон нақши худро дар пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ (SDGs), бахусус SDG 6 (Оби тоза ва беҳдошт) ва SDG 13 (Амал оид ба иқлим) намоиш медиҳад.
Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз ҳамчун василаи дипломатӣ барои гирд овардани раҳбарони минтақа ва баррасии стратегияҳои ҳамкорӣ барои идоракунии захираҳои оби минтақа хеле ба манфиати кор аст. Дар айёми Наврӯз мақомоти давлатӣ ва дипломатҳои кишварҳои ҳамсоя аксар вақт ба Тоҷикистон даъват мешаванд, ки дар ҷараёни баргузории ҷашни Наврӯз дар бораи тағйири иқлим, камбуди об ва рушди устувор мубодилаи афкор менамоянд. Тавассути маросимҳои ниҳолшинонӣ, тозакунии ҷӯйборҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба муҳити зист, ки ба муносибати Наврӯз бахшида шудаанд, Тоҷикистон ба аҳамияти идоракунии устувори об ва зарурати ҳалли муштарак барои таъмини дастрасии об барои наслҳои оянда нишон медиҳад. Истифодаи Наврӯз ҳамчун василаи дипломатияи нарм ба пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ, эҷоди ҳисси масъулияти муштарак ва таваҷҷӯҳи мутақобила ба саломатии экологии минтақа мусоидат мекунад. Аҳамият додан ба ин арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша метавонад барои сулҳу субот замина гузорад, зеро бо авлавият додани ин анъанаҳои умумӣ дар баробари ҳадафҳо ва манфиатҳои дастаҷамъӣ мо метавонем худхоҳиро коҳиш дода, ихтилофро пешгирӣ кунем. Кишварҳое, ки ҷашни Наврӯзро баргузор мекунанд, метавонанд бо такя ба ойинҳои муштараки ин ҷашни бостонӣ ба сӯи созишномаҳои ҳамкорӣ, сулҳу дӯстии байни ҳамдигар ва дигар давлатҳои минтақавӣ тақввият диҳанд. Дар ҳамин ҳол, тавсеаи гардишгарии наврӯзӣ метавонад иқтисоди кишварҳои ин соҳаро тақвият бахшида, боиси фараҳи онҳо гардад. Пажӯҳишгари эронӣ муқими Аврупо Замонӣ Фараҳонӣ дар ин робита гуфтааст; «Таҷлили Наврӯз дар саросари миллатҳои гуногун имкони табодули фарҳангӣ ва муколама, густариши равобити дипломатӣ ва саҳм дар талошҳои эҳёи сулҳро фароҳам меорад. Ё ин ки муҳақиқи шинохтаи дигар Алии Музаффарӣ аз муҳим ва ғояҳои арзишноки на танҳо фарҳангӣ, балки табииву экологӣ доштани Наврӯз зикр карда мегӯяд, ки кишварҳои гуногунро, ки гоҳе ихтилофт доранд, ба хотири арзишҳои табиатдӯстории ин ҷашн ба ҳам меорад: «Дар ҳоле ки Наврӯз ҳамчун рамзи пурқудрати дипломатияи сабз хидмат мекунад, эътироф кардани динамикаи геополитикӣ, ки метавонад ба нақши он дар муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонад, муҳим аст. Рақобат байни кишварҳое мисли Эрон ва Туркия бар даъвоҳои мероси фарҳангӣ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мероси ғайримоддӣ метавонад ҳам нерӯи муттаҳидкунанда ва ҳам нуқтаи баҳс дар заминаҳои дипломатӣ бошад»
Имрӯз Наврӯз метавонад ҳамчун рамзи тавонои ҳамкориҳои экологӣ ва дипломатияи нарм хизмат мекунад. Ҷашне, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, дар бофтаи фарҳангии бисёр миллатҳо, бахусус дар Тоҷикистон, амиқ ҷой гирифтааст, ки дар он на танҳо таҷдиди табиат, балки ҷашни мероси муштараки фарҳангӣ низ мебошад. Наврӯз тавассути тамаркуз ба мавзӯъҳои экологӣ, аз қабили навсозӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром ба табиат, як намунаи беҳтарин барои густариши муколамаи байналмилалӣ оид ба устуворӣ ва ҳифзи муҳити зист мегардад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон Наврӯзро ба ҳайси василаи хеле муҳим, ки ғояҳои ҷолиб ва башардустона дорад, дар дипломатияи «сабз» истифода бурда, аз он баҳри таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва пешбурди ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳими экологӣ, бахусус идоракунии захираҳои об ва тағирёбии иқлим истифода кунад. Бо нишон додани ташаббусҳои экологӣ ба истиқболи таҷлили ин ҷашн, аз қабили тоза кардани муҳити зист, ниҳолшинонӣ, то ҳифзи пиряҳо ва муколамаҳои экологӣ, Тоҷикистон он ақидаро тақвият медиҳад, ки дипломатияи нарм, ба мисли муаррифии арзишҳои миллӣ амсоли Нарӯз, метавонад як нерӯи тавоно барои ҳамкориҳои ҷаҳонӣ бошад. Гузашта аз ин Наврӯз барои тақвият ва амалисозии нақшаҳои Стратегии ва аҳдофи кишварҳои ҷаҳон дар робита ба иқлим ва муҳити зист беҳтарин намунаи ифодагари ғояҳои табиатдӯстдорӣ ва ҳифзи он аст. Ҳамин тариқ, имкон дорад, минбаъд Наврӯз ба як рамзи тааҳҳудоти Тоҷикистон ба дипломатияи экологӣ низ табдил ёфта, дар он ҷашнҳои фарҳангӣ бо таблиғоти экологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳам биёянд.
Мадимарова Гулҳаё, - ходими пешбари шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои истифодашуда:
1. Абдуфаттох Шариф. Роль Эмомали Рахмона в процессе приобретения праздником Навруз международного статуса. Муаррих.-2019.с 8
2. Ali Mozaffari. Heritage diplomacy and soft power competition between Iran and Turkey: competing claims over Rumi and Nowruz, International Journal of Cultural Policy (Routledge) - , 2023 pp 1-18
3. Krishnan Suresh. Green diplomacy: A way to achive SDG-17. Sustainable development goals series (Springer International Publishing) - pp 225-234
4. Elena Iftime Stefan. Ecoforum. Mare University of Suceava- University of Suceava, Romania, Faculty of Economics Public Administration - Economy, Business Administration and Tourism Department.)- Jan 2014 Vol. 3, Iss: 2, pp
5. Saeed Vosoghi. Future studies and scenario making for cultural relations of Iran and Central Asia based on the Nowruz tradition. Batumi International Conference on law and Politics.2018, p 187
6. Эмомали Рахмон. «Навруз-это праздник соединяюший народи и културы» //http:khovar.tj/rus/archive/ саннаи муроҷиат (11.03.2025)
7. Сомонаи расмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон https://vfarhang.tj/