Skip to main content

12 ноябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои илмӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот зикр гардид, ки аз соли 1995 инҷониб миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба тавсиб расидааст. Дар доираи ин созишнома ҳамкориҳои ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба роҳ монда шудаанд, ки то инҷониб дар ин самт корҳои муҳим ба сомон расонида шудаанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз ҷониби олимони тарафайн дар соҳаи илмҳои дақиқ, тиб ва биологӣ, инчунин барои гузаронидани пажӯҳишҳои таҳқиқотӣ дар мавзеъҳои таърихӣ ба мувофиқа омаданд. Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки гушаи омӯзиши фарҳанги Туркия дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии ТИКА ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар доираи ин ҳамкориҳои илмӣ миёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Туркия хуб ба роҳ монда шудааст. Дар идома ҷонибҳо барои ҷудо намудани курсҳои бозомӯзӣ барои олимону коршиносон ва муҳақиқони ҷавони Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон тавассути Раёсати туркҳои бурунмарзӣ ва ҷамоатҳои ҳампайванд ба мувофиқа омаданд. Инчунин барои баргузори намудани симпозиуми сатҳи байналмилалӣ миёни олимону коршиносони муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия аз ҷониби тарафайн ба нақша гирифта шуд.