Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ҳама пешрафту нумӯи давлатдории миллии феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон сарашма мегирад.
Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми торики миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намудан, як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявӣ рӯ овардан заминаи асосӣ гардид. Дар ин росто, баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои зеҳниву маданӣ саҳми муассири худро гузошт ва шодию нишот, дӯстиву рафоқат пайдо гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд: «Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад».
Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва таҳкурсии давлатдории миллӣ, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байнал-милалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард. Яке аз ҷараёнҳои хеле муҳим дар он солҳо, ки барои рушди давлатдорӣ мусоидат мекард, ин пойдории сулҳу ваҳдат ва дар ин замина фароҳам овардани шароит маҳсуб меёфт. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар пойдории сохт ва низоми ҳуқуқии кишвар, қонуният ва рушди қонунгузории миллии кишвар нақши барҷаста ва муассир гузошт.
Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебо-шад, рӯи кор овард. Дар ин Иҷлосия ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, ки он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард: «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».
Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохт.
Бо шарофати Иҷлосияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас ва муайян намуд.
Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро ибтидо гузошт ва он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик нуқта гузошт ва якпорчагии марзу буми кишварро таъмин намуд.
Маҷидзода Р.М., н.и.ф. Ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
01 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи туркӣ Шоҳин Мустафоев мулоқот доир намуд.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба маркази илми ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ҳолат барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак омода хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи туркӣ як созмони байналмилалӣ буда, таҳти сарпарастии Созмони давлатҳои туркӣ таъсис ёфтааст. Умуман, академия ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои туркӣ ва ҷомеаҳои туркиро ташвиқ ва пеш мебарад.
Инчунин тибқи ваколатҳои оинномавии худ, зарурати ҳамкорӣ дар бахшҳои туркшиносӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, антропология, адабиёт, забоншиносӣ, истеҳсолот, санъат ва масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Ҳадафи Академияи туркӣ мусоидат ва ҳамгироии ҷаҳони турк ба илму маориф мебошад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон 30.06.2024
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.
Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.
Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмиву фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Тибқи суннатҳои Тиргон айёми ҷашнгирии он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона ва хурду бузург хурсандӣ мекарданд.
Аз ин бармеояд, ки талошу кӯшиш барои истифода аз неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба хотири пурбаракат гардонидани дастархони ҳар як хонадон дар сиришти мардуми мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷой гирифтааст.
Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
Баҳору тобистони соли ҷорӣ барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем.
Бо умеди пешрафту ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳамаи мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Тиргон, ки ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ аз наслҳои гузаштаи мо то ба имрӯз боқӣ мондааст, бори дигар самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод, дастархони пурфайзу баракат ва фаровонӣ орзу менамоям.
Ҷашни бостонии Тиргон мубораку фархунда бошад, ҳамватанони азиз!
http://www.president.tj/node/33674
28 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Саддридин Айнӣ вохури директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзадии илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О бо хатмкунандагони ин донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин вохурӣ хатмкунандагони факултаи математикаро барои ба зинаи магистратура дар Институти математикаи АМИТ таҳсил намудан даъват намуданд.
Инчунин, оиди таёр кардани ҳуҷҷатҳо барои дохил шудан ба зинаи магистратура дар АМИТ, имтиҳони дохилшавӣ ва раванди таҳсилот суханронӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, ваҳдату ягонагӣ ва якдилӣ дар Ватани азизӣ мо ва шароитҳои фароҳам овардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сабабгор аст, ки мо ҷавонон дар тамоми зинаҳои таҳсилот озодона, таҳсил намоем.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ низ пайваста нисбати ҷавонон барои роҳи илму фарҳангу варзиш дастгириву таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ,узви вобастаи АМИТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар дастуру супоришҳояшон таъкид мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи илмӣ тоҷик моро зарур аст, ки мавқеъи ҷавононро дар илм баланд бардорем.
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.
Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бояд гуфт, ки мо ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.
Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд.
Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ҳодисаҳои нангини он даврон, ки аз ҷониби як гурӯҳ худбохтагону имонфурӯхтагон, яъне душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо созмон дода шуда буданд, боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти талху даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфта буд.
Қобили зикр аст, ки заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.
Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкили шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо иқдомоти минбаъдаи мо дар он рӯзҳо буданд.
Барқарор намудани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, яъне барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон вазифаҳои мубрамтарину аввалиндараҷаи мо дар он айём ба шумор мерафтанд.
Ҳамаи ин корҳоро мо бо майлу иродаи қавии халқамон ва дастгириву пуштибонии қотеонаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом додем ва роҳро барои барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он ҳамвор сохтем.
Бинобар ин, бори дигар бо ифтихору сипос иброз медорам, ки қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд.
Тайи 27 соли ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миёни кишварҳои мутараққии ҷаҳон соҳиби нуфузу обрӯи шоистаи худ мебошад.
Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад.
Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.
Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.
Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.
Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.
Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.
Дар фарҷоми сухан, бо ибрози ниятҳои нек Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз
Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир ба татбиқи қонунҳои марбут ба танзиму анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд изҳори назар намуда, аҳли ҷомеаи мамлакатро ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкур даъват намуданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро афзалият гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дошта, шукргузорӣ кунем. Инҷо иқтибосҳоро аз ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меорем, ки бояд дар фаъолияти ҳамарӯза дар меҳвари андеша ҷой дода, мавриди иҷро қарор диҳем.
***
Ба шарофати рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти халқамон, яъне истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.
***
Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми мамлакат дастрас намоем.
***
Мардуми мо, ҳамчунин имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
***
Дар соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.
***
Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.
***
Худованд дар сураи Тавба, ояти 60-ум мефармояд, ки «ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад (яъне шахсони бемору нотавон) ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон ва он ҳукми собитшуда аз назди Худо аст».
***
Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони ҷумҳурӣ мавҷуд бошад.
***
Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.
***
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
***
Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.
***
Имрӯз мо озод ҳастем – тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ.
***
Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони ҷумҳурӣ эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.
***
Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.
***
Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад.
***
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар шароити вазнини буҳрони «илми ҳадис» аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз байни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст.
***
Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам «Ҷомеъ – ус – саҳеҳ»-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд.
***
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
***
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
***
«Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем.
Ман яке аз шоҳидони зинда дар толори парламенти ҳамонвақта будам.
Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад.
***
Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд.
***
Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт.
Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд.
***
Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд.
Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад.
***
Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон», давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.
***
Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд.
Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
***
Дар ҳоле, ки аксар мамлакатҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст.
Ҷавонон аз мамлакатҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ ҳалол асту чӣ ҳаром, ҷойнамозро чӣ гуна партоем, салларо чӣ хел бандем, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.
***
Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.
***
Дар даврони то соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд.
Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.
***
Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 мамлакати дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои ҷумҳурии мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад.
***
Тибқи муқаррароти шариати ислом писарон ва бахусус, духтарон баъди расидан ба синни 9 – 10-солагӣ бояд утоқи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд.
Ман ҳатто комиссияро супориш додам, ки онҳое нияти сафари ҳаҷ мекунанд, рафта бинед, хонаву дар, шароити зисту зиндагии фарзандон, аҳли оилаи онҳо, ки мушкилӣ надошта бошанд.
***
Баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд.
***
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд.
***
Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
Эй мардум, шариати ислом ҳаҷро ба шарти муайян як маротиба воҷиб гардонидааст!
Зеро Паёмбари ислом низ як маротиба ҳаҷ кардаанд.
Даҳ бор не, панҷ бор не, як маротиба.
Барои он, ки агар 3 – 4 маротиба зиёрат мекарданд, фарз мешуд ва уммати мусулмон ба мушкилӣ гирифтор мешуд.
***
Дар хусуси умра ҳаминро бояд гуфт, ки умра фарз нест ва адокунандаи умра ҳоҷӣ нест, зеро бо адои умра адои ҳаҷ, яъне ҳаҷҷи фарзӣ аз гардани шахс соқит намегардад, инро ба мардум фаҳмонед.
Бори дигар таъкидан баён медорам, ки умра ба кас мартабаи ҳоҷӣ намедиҳад, ин баробар ба адои намоз аст, зеро дар баробари намоз як рукни ислом аст, тавре, ки мегӯянд: «Аҳмад рафт Маккаву Мадина, омад ҳамон Аҳмади порина!»
***
Танҳо як савоб мегиред. Охир як моҳ рӯзадорӣ кун, панҷ вақт намозатро хон. Хизмати падару модар ва шавҳаратро кун. Фарзандонатро тозаву озода нигоҳ дор, шикамашонро бо ғизои босифат таъмин кун.
Магар дуруст аст, ки бародар, хоҳар, фарзандон ё ҳамсояву ҳамдеҳаи мо гурусна бошанду мо маблағи зиёдро сарф намуда, ба хонаи Худо равем?
Яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфони гузаштаамон низ дар ин маврид хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 3 хона – интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон 4 хона – интернати беморони рӯҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои рӯҳӣ, 61 мактаб – интернат, аз ҷумла 14 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб – интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият дорад.
***
Бо ин ҳама исрофкориву хурофотпарастӣ, зиёдаравию каҷравӣ дар дин, намоишкориву риёкорӣ, ифротгароӣ ва баъзан террор, ки гуё ба хотири Худо даст мезанем, як нуктаи муҳимро фаромӯш мекунем: пушти деворамон, дар хонаи ҳамсоя, дар маҳалли зистамон, деҳаамон, ноҳия ё вилоятамон ва дар кишварамон шахсоне зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи меҳру шафқати мову шумо ҳастанд!!!
***
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд.
***
Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкории мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус, кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст.
***
Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки бо чӣ суръат рушд карда истодаанд.
***
Ҳатто дар тарбияи динӣ ҳам ягон пешравӣ надорем, дар озмунҳои қироати Қуръон ҷойи аввалро мегиранд намояндагони Тоҷикистон, лекин дар тафсиру мазмун ҷойи охиронро чунки қориазёд мекунад, қироати нағз мекунад, лекин намефаҳмад мазмунашро, тафсир карда наметавонад.
***
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар замони Абӯҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди сӯйистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абӯҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифати худро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад.
Миллати тоҷик таъриху тамаддуну фарҳанги беш аз 6000-сола дорад.
Ҷашни Наврӯзи Аҷам беш аз 6000 сол таърих дорад.
Шаҳри бостонии Саразмро олимони сатҳи ҷаҳонӣ аз тамоми дунё омӯхтанд, ЮНЕСКО қарор қабул кард, ки ин шаҳри бостонӣ таърихи беш аз панҷунимҳазорсола дорад.
Ин далели қадима будани миллати тоҷик – миллати мову шумост, мардум!
***
Эй мардуми тоҷик, мо ориёитабор ҳастем, мо ориёӣ ҳастем мо намояндаи тамаддуну фарҳанги ҳиндуаврупоӣ ҳастем, мо ҳуқуқи ба таври замонавӣ либос пӯшиданро дорем, чеҳраи моро бинед, чеҳраи тоҷикро бинед, мо тарзи либоспӯшии зебову пешрафта доштем.
***
Касе таърихи миллати тоҷикро хонда бошад, медонад, мардуми ориёитабор азимҷусса буданд.
***
Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст».
***
Аз Бобои Одам – Деҳқон то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад, ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд.
Ҳазрати Нуҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд.
Тавре ки медонед, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ дар Паёми Президенти мамлакат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
***
Дона кишт накунӣ, заҳмат накашӣ, заминро истифода накунӣ, ҳеҷ чиз пайдо намешавад.
***
Ходимони дин метавонанд ва вазифадоранд, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.
***
Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.
***
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.
***
Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.
Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос.
Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад.
***
Ман ба нангу номус, ақлу заковат, неруи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам.
***
Ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу субот, хонаи обод, файзу баракат ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва ҳифзи арзишҳои асили милливу динӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Таҳияи Аъламхон НАИМӢ
25 июни соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илмию техникӣ Дейвид Клив мулоқот доир намуд.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои техника ва таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт таъкид дошт, ки аз ҷониби олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон 7 лоиҳа омода шуда, ба Маркази байналмилалии илмию техникӣ ворид шудааст.
Зикр шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муррифӣ намоянд.
Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти академия пешниҳод гардид, ки мо метавонем бо дастгирии Маркази байналмилалии илмию техникӣ барои гузаронидани Академияи милли илмҳои Тоҷикистон аз акредитасияи байналмилалӣ мусоидат намоем.
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПОЯГУЗОРӢ ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
25 июни соли равон дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Конфернасияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягузорӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба муносибати 27- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар оғоз ноиби президенти АМИТ Муҳаммадовуд Саломиён суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар бисёр ҳам рӯзҳои мушкил Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстии хеш баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар талоши зиёд намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Вҳдати миллӣ ин падидаест, ки халқиятҳо ва мардумро ба ҳам оварда сулҳу субот ва осоиштагиро таъмин менамояд, ки дар натиҷа инсонҳо орому осуда зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Дар идома олимону кормандон доир ба таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, ки арзиштарин неъмат барои миллати мо маҳсуб мешавад ибрози андеша намуданд.
Дар охир Ғафуров Фарҳод мудири лабараторияи геодинамикаи фанерозой петрогенезиси Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, ки 25 апрели соли равон дар Шурои илмии Институти ашёҳои минералии Донишгоҳи илмҳои геологии Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекситон рисолаи доктории худро ҳимоя намуда буд, соҳи шаҳодатномаи доктори илм гардид. Инчунин як зумра аз олимони академия барои фаъолияти пурсамари хеш дар соҳаи илм бо “Ифтихорнома”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Ваҳдат ҳастии миллат ва пояи давлат аст! Ҳар давлату миллате, ки Ваҳдати миллиро ба даст меорад, метавонад ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ пешрафт кунад ва мардумаш низ осуда зиндагӣ кунанд. Шукр аз он мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду ҷашни бузурги гаронарзиш, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаву канори кишвари азизамон сулҳу амонӣ танинандоз аст.
Бо ин мақсад имрӯз (25.04.2024)бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳпаймоии идона ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ин ҳам як рамзи эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ – ҳамчун нишони сулҳу субот ва оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз мебошад баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона олимону кормандон бо теъдоди 500 нафар иштирок намуда, аз самараи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун рамзи оромиву осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад шукрона менамуданд.
Дар идома президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки Ваҳдат муҳимтарин арзиши ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии босубот ва шоиста мебошад. Аз таҷрибаи аксар миллатҳо ва вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат таҳким меёбад. Ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин падидаи нодир метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст.
Дар идома бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои фаъолияти бисёрсола ва пурсамар дар академия ва дастовардҳои назараси илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва тадбиқӣ дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, маориф ва фарҳанг ва ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони илмии зерини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар ин рӯзи фараҳбахш барои болидарӯҳии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.