Skip to main content

27 январи соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони сохторҳои гуногуни академия машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрам доир ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марвиди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба таъмиру тармим ва харидории техникаву технологияҳои наву замонавӣ ба озмоишгоҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин доир ба ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, эҳёи ҷашнҳои миллии ниёгон, ҳифзи осори олимону мутафаккирони форсу тоҷик таваҷҷуҳи хоса равона гардид.

Зимнан таъкид гардид, ки 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо Фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

Қайд гардид, ки имрӯз масъалаи терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти мубрами сайёра табдил ёфта, хавфу хатар ва оқибатҳои он ба амнияту суботи тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Вобаста ба ин масъала дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста корҳои муҳим ба анҷом расонида мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ вобаста ба масъалаи терроризм ва экстремизм дар байни 500 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ сотсиологӣ гузаронида шуд.

Имрӯз зимни ҷаласа аз ҷониби Шоисматуллоев Шоназар мудири Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.