Skip to main content

Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳо мебошад, ки инсоният онро ҳамасола ҷашн мегиранд. То ба бурҷи ҳамал ворид шудани офтоб ғаллаю сӯзишворӣ ва хошоки барои зимистонгузаронӣ захира кардашуда барои одамону чорво кам шуда ба ҳиссаи захиравӣ наздик мешаванд ва бо расидани офтоб ба бурҷи ҳамал, ки равшании рӯз ба торикии шаб баробар мегардад ба рӯзҳои21-22 ва баъзан 23-юми март дар солшумории мелодӣ рост меояд. Рӯзи навбатӣ бо дарозшавии вақти рӯшноӣ дар рӯи замин ва камшавии вақти шаб рост меояд. Дар ин ҳангом табиат низ аз ҳолати оромии нисбӣ ба фаъол будану махсус диҳандагӣ рӯй меорад.

Одамон ба рӯзи нав расиданашонро бо орзую ормонҳои доштаашон бо ҳам пайваста ба амалҳои неку хайрхоҳона дар танҳоию дастаҷамъона рӯй меоранд ва нисбати якдигар кинаю адоватро нораво мебинанд. Иди Наврӯз ба кӯчак ва ва омма бо фарогирии рӯзҳо аз якдигараш фарқ менамояд.

То расидан ба рӯзи нав соли нави шамсӣ одамон аввало хонаю ҳавлӣ, кӯчаю паскӯча ва ҷую ҷӯйборҳоро тозаю озода намоянд сониян ҳунармандону косибон дастовардҳои эҷодкардаашонро бо намоишгузорӣ фурӯш пешниҳод мекарданд.

Иди мазкур инъикоснамояндаи натанҳо навовариҳои истеҳсолӣ, балки пешниҳоднамояндаи шодию шодмонӣ бо шеърҳою намоишҳои нави Наврӯзӣ пешниҳодшаванда сурат мегирад.

Дар рӯзҳои ид аксарияти одамон бо сару либоси навӣ бештар ба рӯшноӣ шабоҳат дошта(сафед, сабз, сурх, гулдӯзӣ) ба идгоҳ меоянд. Одамон бо алоқа бо синну сол ва лаёқату маҳораташон дар мусобиқаҳои гуногун(гуштингирӣ, аспдавонӣ, бодгирӣ, найзапартоӣ, вазнбардорӣ, байтбараку сурудхонӣ ва ғайраҳо) ширкат варзида бо хурсандияшон шодӣ зам менамоянд.

Модарон натанҳо омода кардани майсаи гандум, балки ба гирифтани шираи сабзаю пухтани суманаку ҳалво ва хурокиҳои гуногун аз он машғул шуда, ба меҳмонон ва аҳли байт кадбонуимеҳрубон будани худро исбот менамоянд.

Духтарон бо гулдӯзии анҷом додаашон волидайну бародар ва додарони хешро бо тупиҳои дастидухту миёнбанд ва барои модарону хоҳарони хеш рӯймолҳою либосҳои гулдӯзишударо тӯҳфа менамоянд. Бо ин амал ҳар яке аз онҳо ба зиндагии мустақил омодагардии хешро ба ёру ошно ва меҳмонҳои ба ид омада, муаррифӣ менамоянд.

То ид замин ҳам саховатмандии хешро бо саросар сабзапуш гардидану пешниҳоди гулҳои гуногун ба одамон, ки боиси шодию худболиҳои онҳо мегардад, дареғ намедорад. Одамон он гулҳоро ба якдигар тӯҳфа ва ё ба сарашон овехта, аз бӯю тароват ва ҳусни он баҳра мебардоранд. Одамон он гиёҳҳои нав рустарро ҳамчун маводи ғизоӣ ва доруворӣ барои пагоҳӣ неки худ ҷамъ менамоянд. Барои онҳое, ки бо деҳконӣ машғуланд, иди Наврӯзро бо ба саҳро баровардани барзаговҳою бо ҷуфт кардани замину коштани тухми умед ва гирифтани ҳосили нав, ки паси сар кардани зимистони ояндаро таъмин менамояд, шодию фараҳи дигар ва омодагиҳои дигарро талаб менамояд. Ба ҷуфти идона баромада ҳамроҳаш каме ҳезум, чойҷӯш ва дар дастархони гулдӯзишуда нон гирифта ба саҳро мебаромад.

Ҳар як роҳгузарро ба чойнӯшии идона даъват карда пиёлаи чой ва бурдаи нонро дареғ намедошт. Ҳар як дар ид иштирокнамоянда бо савғотиҳои ба худ хос ба он замин ҷуфтнамоӣ ҳозир мешуд. Ҳамин ки ҷуфтгар каме хаста мешуд, аз иштирокчиён бо сурудхониҳои идораашон он одамро ба ваҷҳ меоварданд ва дигаре ба завқ омада ҷуфтгари хастаро иваз мекард. Ҳамин ки ба замини шудгоршуда тухмӣ мепошиданд, ба болои мола то ду нафар кӯдаконро шинонда заминро мола мекарданд, ки барои онҳо рӯзи ид рӯзи фаромӯшнашуда мегардид. Ҳангоме, ки барзаговҳоро ба дамгирӣ мебароварданд, овози доираю дутор бо суруд омехта шуда, базмро дар гӯшаи саҳро бо рақсу бозӣ ва қувваозмоиҳо ба миён меовард.

Дар рӯзҳои ид ба хостгориравиҳо ва тӯйҳои дар ид барпо шуда, ки шабона бо шамъҳои фурӯзон, арӯсро ба хонаи домод меоварданд, якумра дар хотири хешу ақрабон ва ба висол расидагон мемонад.

Дар рӯзи ид тоҷикон кинаю адоватро фаромӯш карда, об рамзи озодагӣ гуфта якдигарро об мепошанд ва шарики хушнудии якдигар мегарданд.

Дар бораи иди Наврӯз фикру ақида ва гуфторҳои хеле зиёде вуҷуд дорад. Дар мувофиқа ба гуфтаҳо иди Наврӯз дар асри3-и пеш аз мелод, дар давраи шоҳигарии Ориёиҳои эронитабор Ҷамшед ва Каюмарс ба вуҷуд омадааст. Ақидаи мазкурро Умари Хайём дар "Наврӯзнома"-и хеш доир ба таърихи бавуҷудоии иди ҷаҳонӣ қайд кардааст, дар "Аласор-ул-бақия"-и А. Берунӣ ва А. Фирдавсӣ дар Шоҳнома низ ҳамин ақидаро оид ба бавуҷудомадани иди Наврӯз дар асарҳояшон тасдиқ кардаанд. А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Берунӣ, А. Дониш, Н. Туғрал, С. Айнӣ ва қисми зиёди шоирони имрӯза аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ, Мӯъмин Қаноат, Баҳриниссо натанҳо дар бораи иди Наврӯз маълумот додаанд, балки онро дар осорҳояшон суруданд.

ЮНЕСКО аз соли 2009 иди Наврӯзро осори ғайримоддии ба инсоният аз тоҷикон меросмонда гуфта, қайд кард, ки ин ид иди умумибашарӣ буда, бояд дар ҳамаи давлатҳо он ҷашн гирифта шавад.

Пас иди мазкур як гӯшаи муносибатҳои бо ҷаҳоннишавии иқтисодиётва рақамикунонии он алоқаманд буданашро рушду равнақ дода истодааст. Мо қайд карда метавонем, ки иди Наврӯз, ки эҷоднамояндаё пешниҳоднамояндаи он тоҷиконанд ба қисми таркибии маданияту фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ мубаддал шуда, як шохаи муносибатҳои бо ҷаҳоннишавии иқтисодиёту рақамикунонии онро инъикос карда истодааст ва хоҳад инъикос кард.

Оймаҳмадов Г.Н., Боймуродов Ҷ.С. ходимони калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ