Skip to main content

06 январи соли равон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи наву замонавии маводҳои ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Пас аз ба истифода қарор додани озмоишгоҳи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки соҳаи илми кишвар дар масири Истиклолияти давлати маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти беандоза намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.

Дар ин замина Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техинкаву технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома иттилоъ дода шуд, ки самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳ таҳияи асосҳои назариявӣ ва технологии синтези хӯлаҳои ба коррозия тобовар дар асоси алюминий, рӯҳ ва сурб барои эҳтиёҷоти технологияҳои нав, инчунин назарияи ҷавҳаронидани хӯлаҳои зикршуда барои ба коррозия тобовар кардан мебошад.

Гуфта шуд, ки кормандони озмоишгоҳ тақрибан 60 системаи сечандаро бо иштироки алюминий, металлҳои ишқорзаминӣ ва нодирзаминӣ таҳқиқ сохтаанд. Як қатор қонуниятҳои металлохимиявии то ҳол номаълум муқаррар карда шудаанд, ки равандҳои омехташавиро дар системаҳои сечандаи алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ тавсиф мекунанд. Дар ин замина як қатор интерметаллидҳои сечандаи нав кашф карда шуданд.

Ҳамзамон кормандони озмоишгоҳ зиёда аз 135 ихтироъотро бо патентҳои Федератсияи Руссия (ФР) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) таҳия ва ҳимоя кардаанд, ки 20-тои онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, хӯлаи алюминий - стронсий аз рӯи патентҳои Федератсияи Руссия №1225263, №1245612 (1988 с.), №719156 (1990 с.) дар корхонаҳои гидрометаллургии Исфара (ҳоло АО «Тамохуш») истифода мешавад.