Skip to main content

(пажӯҳиш ҷиҳати баррасии хусусиятҳои иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоиса бо вижагиҳои иртиботи қудратҳо бо иқтисод)

Ҳамагуна иқтисоди миллӣ дар замони муосир вижагиҳои хоси хешро дошта, тавассути ормонҳои мансуб ба миллату давлати ҷудогона баррасӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари рӯ ба инкишоф дар давоми бештар аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ раванди густариши иқтисоди миллии навинеро поягузорӣ кард, ки дар иртибот бо сиёсати “дарҳои кушода” бояд мавриди пажӯҳиши коршиносон қарор бигирад. Масалан, дар кишварҳои Ғарб тамоили мазкурро ҳар навъе баррасӣ кардаанд, ки номовартарини онҳо вижагиҳои хоси иқтисоди ИМА таҳти унвони “рейганомика” (бо номи Президенти ин мамлакат Роналд Рейган алоқа дорад) ва хусусияти мансуб ба Британияи Кабир бинобар унвонгузории “тетчеризм” (муштақ аз номи нахуствазири ин кишвар-Маргарет Тетчер) ҳастанд. Тамоюлоти мазкур бинобар сатҳи омӯзиш ва роҳандозӣ шудани навъи муосири сиёсати иқтисодӣ дар ҷаҳон маъруф буда, бо дарназардошти таҳияву татбиқи онҳо аз ҷониби шахсони калидӣ дар қудратҳои мухталиф дар таърихи иқтисоди ҷаҳонӣ машҳур мебошанд. Ҷузъҳои асосии Reaganomics кам кардани андозҳо, танзим ва ҷилавгирӣ аз таваррум буд.

Назарияи сиёсат ин буд, ки тавассути коҳиш додани андозҳо ва муқаррарот, шахсони воқеӣ ва тиҷоратӣ барои сармоягузорӣ ва рушд пули бештаре хоҳанд дошт, ки ба рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ оварда мерасонад. Таҳиягарони назарияи tetcherism исбот мекарданд, ки дар охири солҳои 70-уми садаи сипаришуда Британияи Кабир дар вазъи нобаҳангоме қарор дошт ва эҳтимоли нуфуз кардани буҳрон дар иқтисоди миллӣ буд. Бинобар ин, тамоили мазкур бо ибтикори Тетчер эҳёи иқтисоди миллӣ маҳсуб мешуд.

Иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замони соҳибистиқлолиро дар бар мегирад, бо ташаббусоти мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангӣ дошта, ғолибан дар Паёмҳои солона, суханрониҳо ва таълифоти Сарвари давлат инъикос ёфтааст. Ин навъи иқтисод, ки миллӣ баррасӣ мешавад, дар заминаи пажӯҳиши вижагиҳои милливу сиёсии иқтисод ва дахлу харҷи он дар шароити ҷаҳонишавӣ такмил ёфта, хоси давлати рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад. Агар ба вижагиҳои сиёсати иқтисодии кишварамон таваҷҷуҳ кунем, чунин хусусиятҳо мушоҳида мегарданд, ки коршиносон онҳоро ба ҳайси ҳадафҳои истротегии кишвар баррасӣ намудаанд:

- Амнияти озуқаворӣ, ки имкон фароҳам хоҳад овард то масъалаҳои воридотии маводи зӯдвайроншаванда бартараф шаванд. Бинобар ин, дар замони муосир таваҷҷуҳ ба саҳеҳияти мавод ва раванди истеҳсолу муҳлати истифода аз онҳоро мушоҳида карда, зимни пажӯҳиши соҳавӣ ба чунин хулоса меоем, ки айни замон ин масъалаҳо дар қиёс бо 20 соли муқаддам тафовут дошта, ғолибан аз нигоҳи мусбат ҳали худро ёфтаанд;

- Амнияти энергетикӣ, яъне эътимоди қудрат ба истеҳсолу фурӯши неруи барқ дар дохил ва хориҷи кишвар. Ҳар навъи корхонаҳо чӣ бузургу чӣ кучак бо истифода аз неруи барқ фаъолият мекунанд. Бинобар ин, дар иқтисоди миллӣ фурӯши он ҷиҳати рушд кардани бахшҳои иқтисодӣ зарур мебошанд. Бегумон пайдо шудани истилоҳи “иқтисоди сабз” ва вожаи “энергияи сабз” аз он гувоҳӣ медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ тавассути сохтани Неругоҳҳои барқи обии гуногун ва оқилона истифода шудани захираҳои обии кишвар бар манфиати ҷомеа ва кишварҳои минтақа хоҳад буд;

- Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ. Сохтмони нақбҳо, роҳҳо, пулҳо ва амсолашон шароити мусоид ҷиҳати рушду тараққии иқтисоди дохили кишвар хоҳад буд, чунки маҳсулот дар як минтақа ихтисос наёфта, гардиши худро ба минтақаҳои гуногун анҷом медиҳад. Роҳсозӣ бахши муайянкунандаи рушди иқтисодӣ буда, дар бартарафсозии монеаҳо нақши муассир дорад. Бинобар ин, ҷалб кардани соҳибкорони ватанӣ ба соҳаи роҳсозӣ ҷиҳати такмил додани иқтисоди миллӣ бамаврид буда, оқибат натиҷаҳои дилхоҳе ба бор меоварад;

- Саноатикунонии босуръат. Дарк намудани мафҳуми “саноатикунонӣ” доштани донишҳои иқтисодиро аз шаҳрванд талаб менамояд, чунки саноат бинобар махсусиятҳои худ ба маънии тараққӣ ва аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари истеҳсолкунанда табдил ёфтанро дорад. Замони муосир бошад, имкон намедиҳад, ки давлатҳои воридкунандаи ашёи хом инкишоф ёбанд. Агар ба самти кишоварзӣ назар афканем, то кунун минтақаҳои гуногун бинобар содир намудани меваҷоту сабзавот фоида ба даст оварда, бо пайдо гардидани сармояи муайян роҳҳои коркарду истеҳсоли маҳсулотро аз ин ашёи хоми ватанӣ ҷустуҷӯ намекунанд. Маънои саноатикунонии босуръат роҳандозӣ шудани истеҳсолот ва аз самти кишоварзӣ ба амал овардани гузариш ба саноат маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 28.12.2023 нисбат ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса ба назар мерасад: “Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

Воқеан, иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми садаи сипаришуда ва ҷанги таҳмилӣ, гузашта аз он, дар заминаи интиқоли таҷҳизоту техникаи гуногун ба Русия ва дар ҳоли инҳитот қарор гирифтани собиқ иқтисодиёти Шуравӣ қомат афрохта, даҳсолаи аввали замони соҳибистиқлолӣ ба зуд-зуд тағйир ёфтани пул муаррифӣ мешавад. Табиати ҷанг ва моҷароҳо, ки дар заминаи барҳамхӯрии низоми сиёсии Шуроҳо ба вуқуъ пайвастанд, яксон ғоратгариро мемонданд ва шабеҳ ба рукуд буда, дар кӯтаҳтарин муддат иқтисодро касод намуданд. Бинобар ин, зарурати эҳёи иқтисоди миллӣ бо дарназардошти барқарории сиёсати пуливу қарзӣ, фаъолияти бонкӣ, рафъи бекорӣ ва таваррум пайдо шуда, Ҳукумати кишварро водор сохт, ки барои барқароршавии иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешад. Ҷанг, ки иқтисоди моро даҳсолаҳо ба ақиб партофта буд, оқибат бо сулҳ анҷом ёфту имконият фароҳам омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод тараққӣ кунад. Ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ҳамкориҳои гуногуни байналмилалӣ ногузир буд ва бо ҳамин ҳадаф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифта, рушди ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монданд, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 100 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барқарор карда шуданд, ки барқарор намудани ин ҳамкориҳо ба дастёбии соҳибкорони кишвар ба бозорҳои берунӣ, зиёд шудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар кишвар мусоидат намуд. Бунёду таҳкими низоми бонкии мамлакат муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад ва Сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари кишвар интихоб шуданашон сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдориро пеш гирифта, ба яке аз дастовардҳои замони истиқлолият – ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар бо унвони «сомонӣ» муваффақ шуданд.

Вобастагии иқтидории иқтисодии дилхоҳ давлат, хоҳ мутараққӣ ва хоҳ рӯ ба инкишоф аз сиёсати иқтисодӣ рушди ҳамасоҳаи онро таъмин мекунад. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки қудратҳо ҷиҳати рушди иқтисодиашон талош меварзанд ва шароит муҳайё месозанд, ки аҳолӣ беҳтару хубтар зиндагӣ кунанд. Бинобар ин, пешрафти соҳаи саноат бидуни роҳандозӣ шудани технологияҳои муосир имконнопазир буда, фақат бо истифода аз таҷҳизоти рақамӣ метавонсифати маҳсулоти истеҳсолшударо боло бурд. Соҳибкорон дар ворид намудани технологияҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ сахткӯшанд, чунки бе истифода аз онҳо мо наметавонем, дараҷаи иқтидори иқтисоди миллиро баланд бардошта, бобати бо шуғл таъмин намудани аҳолии кишвар ҳамаи монеаҳоро бартараф созем. Ҳукумати кишвар айни замон, соҳибкории хурду миёнаро ба сифати маратория эълон кардани он имтиёзҳои иловагиро барояшон ато мекунад то ин самт аз иқтисоди миллӣ дар пояи рушд қарор бигирад. Дар ин маврид, дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин омадааст: “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд”.

Бояд мутазаккир шуд, ки саноат воситаи рушду тараққии миллату давлат мебошад, чунки дар садаи XXI ҳеҷ иқтисоде бидуни саноатикунонии он дар соҳаи гардиши пулу мавод, ки қонуни асосии иқтисодӣ аст, муваффақ нест. Аз ин хотир, барои таъмин намудани рушди иқтисодии кишвар қудрат бояд ба саноатикунонии босуръат рӯ оварад. Дар замони Шуравӣ ба ҳисобгирии нақшавии иқтисоди давлатӣ бидуни роҳандозӣ шудани моликияти хусусӣ татбиқ гардид ва рақобат аз байн бурда шуд, аммо ҷое ки рақобат нест, пешравӣ мемирад. Бинобар ин, аз омилҳои рушди иқтисод дар замони муосир вижагии бозории он маҳсуб мешавад, ки харид-фурухт, яъне мубодиларо тавассути бозор амалан татбиқ месозад ва алҳол дар ҷаҳон нест давлате, ки ин гуна бозорро истифода накунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ ва сармоягузории муосир бо дарназардошти иқтисоди бозорӣ сурат мепазиранд ва дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи иқтисоди миллӣ ва ҳамоҳангии ӯ бо бозор яке аз махсусиятҳои хос ба кишвари мост. Бинобар ин, бо доштани сармоя имкон фароҳам меояд, ки фард бо шуғли соҳибкорӣ дастрасӣ ёфта, маблағҳои худро дар гардиши молию пулӣ гузорад, чунки ягона роҳи афзун гардидани маблағ истифода аз гардиши пулу мол мебошад.

Бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2010 равшан нишон дод, ки баъзе сенарияҳои пешгӯии пессимистӣ, ки ба таври дастаҷамъӣ «маҳдудияти афзоиш» номида мешаванд, амалӣ шуданро оғоз мекунанд ё ҳадди аққал хеле эҳтимолӣ ба назар мерасанд. Пеш аз бӯҳрони кунунии ҷаҳонӣ иқтисодиёти ҷаҳонӣ хеле динамикӣ рушд мекард ва истеъмол суръати баландтарини афзоишро нишон медод. Дар давоми ду даҳсолаи оянда ин афзоиши босуръат ба маҳдудкунандаи табиӣ - таъсири афзоиши аҳолии ҷаҳон ва миқёси истеъмоли он, инчунин зарари вобаста ба муҳити зист дучор хоҳад шуд. Падидаҳои бӯҳронӣ махсусан дар заминаи муносибати се ҷузъ: тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ назаррас хоҳанд буд. Яке аз номутавозунии иқтисоди муосири ҷаҳониро, ки дар натиҷаи табиати равандҳои ҷаҳонишавӣ ба вуҷуд омадааст, нобаробарии рушди ҷаҳонии ҳам соҳавӣ ва ҳам минтақавӣ мебошад. Хусусияти фарқкунандаи рушди ҷаҳонии асри 21 афзоиши босуръати аҳамияти глобалии иқтисодиёти як қатор кишварҳои дигар дар раванди гузариш аз модели кӯҳна ба модели нави иқтисодии ҷаҳон мебошад. Аммо дигаргунихои структурӣ дар иқтисодиёти муосир бо тагйир додани таносуби ҷаҳонии иқтисодии қувваҳо ба фоидаи ин давлатҳо маҳдуд намешаванд. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки таносуби умумии омилҳои қудратӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои тараққиёбанда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳост, тағйир ёфта истодааст.

Бо тамоюлҳои мусбати афзоиши содироти саноат, кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи ашёи хом: сӯзишворӣ, маъданҳо, маҳсулоти кишоварзии тропикӣ ва субтропикӣ, чубу тахтаи гаронбаҳои тропикӣ ва маҳсулоти гуногун амал мекунанд. Ин молҳо ба аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ то 70% даромади умумии содиротии худ ва то 95% баъзе кишварҳои минтақа медиҳанд. Тадриҷан, вале мунтазам тамом шудани конҳои калонтарин, бойтарин ва ба осонӣ дастраси маъданҳои фоиданок, бад шудани шароити истихроҷи маъданӣ ва геологии коркарди онҳо ба хароҷоти истеҳсолии захираҳои табиӣ таъсири назаррас расонида, ба раванди фаъоли ҷустуҷӯи геологӣ, иктишофӣ ва ҷалби онҳо мусоидат мекунад. Афзоиши талабот ба ашьёи хом ба бештар фаъолона чалб намудани мамлакатҳои тараққиёбанда ба иқтисодиёти муосир, ки дар ҳудудашон марказҳои асосии истеҳсоли сӯзишворӣ ва ашьёи хоми маъданӣ, ки бештар мамлакатҳои саноатӣ ва тараққикарда истеъмол мекунанд, чамъ карда шудаанд, мусоидат кард. Талаботи зиёд ба ашьёи хом инчунин бо тағйир ёфтани муайяни структураи иқтисодиёти муосир, яъне дар он ба вуҷуд омадани мамлакатҳои азими сатҳи байналмилалӣ, ки талаботи онҳо ба ашьёи хом мунтазам меафзояд, алоқаманд аст. Баръакси кишварҳои мутараққӣ (ИМА, Ҷопон ва Аврупои Ғарбӣ), ки ба соҳаҳои доништалаб ва захираҳои сарфакунандаи иқтисодиёт (электроника, биоинженерия ва ғайра) афзалият медиҳанд, кишварҳои рӯ ба инкишоф соҳаҳои серталаб, аз қабили пулод ва металлургияро инкишоф медиҳанд. Ҳамин тариқ, дар солҳои охир ҳудуди 54%-и содироти ҷаҳонии нафт, 33%-и газ, зиёда аз 80%-и молибден, уран, тантал, металлҳои нодири замин, тилло ва платина тавассути каналҳои тиҷорати байналмилалӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳиссаи содирот нисбат ба истеҳсоли ҷаҳонии маъдани оҳан (46%), маъдани мис (43%), вольфрам (44%), маъдани марганес (38%), инчунин алюминий, хром, сурб ва ғайра калон аст. Аммо мо ин ҳама маводи мутазаккирро дар шакли ашёи хом содир мекунем. Дар шароити ҷаҳонишавӣ базаи ашёи хом аҳамияти махсус пайдо карда, яке аз воситаҳои самараноки рақобат барои мустаҳкам намудани мавқеъ дар бозори ҷаҳонӣ мегардад. Ғайр аз ашьёи хоми маъданӣ, мамлакатҳои тараққиёбанда дар бозор ба бисьёр маҳсулоти кишоварзӣ ва бисьёр дигархо монополия доранд.

Норозигии кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз мавқеъи худ дар доираи талаботи муосир тибқи раванди ҷаҳонишавии иқтисодӣ пеш аз ҳама бо вазъи атрофи бахши кишоварзӣ, ки аз ибтидои эътибор пайдо кардани Созишномаҳо берун аз чаҳорчӯбаи он қарор гирифтаанд (ба шарофати кӯшишҳои кишварҳои ғарбӣ) алоқаманд буд, ки ба мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ сусттараккикарда зарар расонд. Ба манфиатҳои охирин масъалаи либерализатсияи савдои молҳои нассоҷӣ, ки бинобар мавқеъи аксарияти кишварҳои пешрафта, ки амалан аз либерализатсияи ин гурӯҳи маҳсулот даст кашиданд, дар тӯли зиёда аз 40 сол «яхдор» шуда буд, сахт таъсир расонд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи аз тарафи давлатҳо истифода бурдани фишангҳои гуногуни фишороварӣ, аз қабили «маҳдудияти ихтиёрии» содирот, таҳдиди маҳрум кардан аз ёрии молиявӣ ва амсолашон мушоҳида мешаванд. Инак, он мушоҳидаҳо:

1. Созишномаи кафолатҳо пешбинӣ мекунад, ки тибқи шартҳои муайян содироти кишвари рӯ ба тараққӣ набояд таҳти маҳдудиятҳои воридот ё афзоиши боҷҳои воридотӣ қарор гирад.

2. «Созишнома дар бораи субсидия ва чораҳои ҷубронӣ» тартиби зеринро муқаррар мекунад: а) қатъ кардани тафтишот нисбат ба кишвари рӯ ба тараққӣ ҳангоми ошкор шудани фактҳои дотация; б) ҳуқуқҳои мамлакатҳои тараққиёбанда дар бобати даст кашидан аз субсидия на фавран, балки дар давоми 8 сол сурат гирад.

3. «Созишнома дар бораи расмиёти иҷозатномадиҳии воридот» ба кишвари рӯ ба инкишоф имкон медиҳад, ки тартиби додани иҷозатнома барои воридотро дар давоми 2 сол пас аз шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии Савдо идома диҳад.

4. «Шартнома дар бораи татбики меъёрҳо пешбинӣ мекунад, ки ҳангоми гузарондани тафтишотҳо аз тарафи мамлакатҳои тараққикарда нисбат ба содироти мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, аввал бояд муносибати махсусро пеш гиранд ва бо истифода аз ин созишнома чораҳои созанда андешанд.

5. Созишнома оид ба хизматрасонӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи гузариш бозори хидматрасонии худро тадриҷан ва бахшҳо ба бахшҳо боз кунанд.

Яке аз самтҳои мушкил, махсусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ муҳим, савдои молҳои кишоварзӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, равандҳои ҷаҳонишавӣ на ба таври баробар ва дар ҳама ҷо, балки ба таври интихобӣ ва маҳаллӣ ба канори ҷаҳон паҳн мешаванд. Ба бозори ҷаҳонӣ на тамоми мамлакатҳо, балки соҳаҳои алоҳида, ресурсҳо ва истеҳсолот пайваст мекунанд. Аз ин рӯ, аксар вақт вазъияте ба миён меояд, ки як ё ду соҳа ё ҳатто корхонаи мушаххаси як кишвари рӯ ба тараққӣ ба бозори ҷаҳонӣ амиқан муттаҳид шуда, ба системаҳои тақсимоти байналмилалии меҳнат, мубодила ва истеҳсоли аксаран маҳсулоти дорои технологияи баланд пайваст мешаванд, дар ҳоле ки умуман мамлакат сусттараққикарда ва ақибмонда бинобар монеаҳои пайдошуда торафт бадтар мешавад. Аммо гуфтаҳои боло мавқеъи аз ҷониби умум пазируфташударо инкор намекунанд - даҳсолаҳои охири асри 20 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйироти муҳими сохторӣ доштанд, ки ба баъзе муаллифон имкон доданд, ки дар бораи пайдоиши «давраи эҳёи Шарқ» сӯҳбат кунанд.

Муҳимтарин тағйирот дар модели мавҷудаи иқтисодии ҷаҳон болоравии давлатҳои бузурги рӯ ба инкишоф буд. Тибқи пешгӯиҳои мавҷудаи иқтисоддонҳои Аврупо, то соли 2050 ба Чин тақрибан 22% маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон (бо нархҳои ҷорӣ) рост меояд. Дар баробари ин, рушди иқтисодие, ки дар натиҷаи рушди босуръати давлатҳои ҷаҳони сеюм ба вуҷуд омадааст, аллакай барои иқтисодиёти муосир таъсири мултипликаториро фароҳам овард. Бӯҳрони солҳои 2007-2010 нишон дод, ки талаботи дохилӣ дар аксар кишварҳо ба омили болоравии иқтисоди ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ табдил меёбад. Ин гардиши сифатӣ аз вазъиятест, ки рушди иқтисоди Чин асосан ба талаботи хориҷӣ ба маҳсулоти ин кишвар асос ёфтааст. Барои фаҳмидани умқи пурраи тағйирот бояд тамоюлҳои дарозмуддати таъсири иқтисодҳои бузурги рӯ ба тараққӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ташаккули моделҳои мувофиқи рушди ҷаҳониро омӯхтан лозим аст. Омӯзиши пешгӯиҳои равандҳои ояндаи ҷаҳонии демографӣ нисбат ба тамоюлҳои пешбинишудаи ҷамъшавии физикии сармоя ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат махсусан муҳим аст. Омӯзиши ин масъалаҳо имкон медиҳад, ки то андозае самтҳои асосии таҳаввулот ва модели нави ба нав пайдошавандаи рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ карда шавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама пешгӯии муносиб ин аст, ки бо дарназардошти иқтисоди сабз ва бо истифода аз захираҳои обии мамлакат бинобар фурӯши неруи барқ имкони пайдо намудани шонсҳо дар иқтисоди байналмилалӣ ва ворид шудан ба бозори ҷаҳонии савдо ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, кишвари мо дар оянда ҷиҳати рушди бемайлон шароити хуби табииро дорост.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Зинин Б.Н. Размещенние производства в рыночной среде. – М.: Альфа-М, 2003, - 176 с.

2. Портер М. Конкуренция. – М.: Издательский дом “Вильямс”, 2000, - 495 с.

3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28.12.2023.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт,

Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ,

раиси КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ