
«ИЛМ — ҶАВҲАРИ СОЗАНДА ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОРИ МАМЛАКАТ». Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири бунёди давлатдории миллӣ маҳз бо эҳтимому саъю кӯшишҳои пайваставу ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи басе рангину пурҷилои таърихиро боз намуд. Дар ин марҳалаи созандагӣ ва эҳёкориву навоварӣ мафҳумҳои Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ, субот, нуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи бунёдиву дунявӣ, ки пироҳани ба худ хоси давлати мо маҳсуб мешаванд, барои сокинони мамлакат муборак, муқаддас, муътабар ва азиз ҳастанд. Чунин ибрози ақида намудааст номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ардамеҳр Ашуров.
— Суханронии навбатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи мамлакат саривақтӣ ва муҳим буда, инъикосгари таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад. Чуноне вобаста ба ин масъала муҳтарам Пешвои миллат таъкид доштанд, «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Воқеан, бо биниш ва таҳлилу баррасии дақиқу равшан Сарвари давлат ба аҳли илму маориф муроҷиат намуданд, ки тараққиёту пешрафти рӯзафзуни мамлакатҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Яъне, Тоҷикистон акнун дар масири рушд қарор дорад, ки дар ин марҳала аз ҳар шаҳрванд талаб карда мешавад, ки дорои маърифати баланд ва фарогири тафаккури устувори миллӣ бошад. Илова бар ин, барои ҳифзи забони давлатӣ, расму ойин, асолату ҳувият ва садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ саъй намояд.
Аслан, илм падидаи пок аст. Пок ба маъное, ки муқаддас, бенуқсон, соф, бе айб аст. Аз ин рӯ, пок будан дар роҳи илм рисолати аслии олим аст. Ба ин хотир таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба арзёбии фаъолияти илмии олимон басе мубраму муҳим буда, ифодагари онанд, ки олимони мамлакатро мебояд ба илм муносибати воқеъбинона дошта бошанд, дар роҳи илм масъулияти баландро ҳис намоянд ва илмро илм донанд. Чуноне зимни мулоқот Сарвари давлат ишора намуданд, «натиҷаҳои таҳқиқоти олимон бояд посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон ва ба тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми мамлакат қодиранд, асос ёфта бошанд».
Бо ин назардошт ва натиҷагирии андешаҳои созандаи Пешвои миллат бо ифтихор менигорем, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат барои фарогир будани ҷавонон ба илму дониш ва маърифату фарҳанги баланд ниҳоят назаррас аст. Пас, рисолати ҳар ҷавон дар дарки баланди худшиносии миллӣ, масъулиятнокии иҷтимоиву маънавӣ, ҳифзи марзу буми мамлакат, муқаддасоти миллӣ, арзишҳову манфиатҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ ва риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ифода меёбад.
Ба ақидаи мо, имрӯз андешаи солим, ақидаи устувор, дониш, илм, тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҷумҳурӣ аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир буда метавонанд. Ба ин маънӣ Пешвои миллат барҳақ таъкид намудаанд, ки «ҳифзи ҷомеаи мамлакат аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».
Пас, дар ин марҳала рӯй овардан ба илм, дониш ва маърифат ҷавҳари асосӣ ва созандаву ҳимоякунандаи миллату давлат аст.
Зеро, ба андешаи Пешвои миллат, дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.
Аз ин рӯ, мо, аҳли илму маорифи мамлакат вазифадорем, ки ҳамин қадар назари нек, боварии устувор ва эътимоду таваҷҷуҳи хоссаи муҳтарам Пешвои миллатро бо як олам садоқату самимияту масъулияти баланд дастуру роҳнамои кор, афкор ва амаламон гардонем.
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ 0203 ВА 05170 ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси гвардияи миллӣ ба нақши неруҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи кишвар баҳои баланд доданд.
Ин маънӣ дар паёми табрикии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар ҷамъомад ба муносибати таҷлили 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Панҷакент баён карда, ҳайати шахсии ин воҳидҳои низомиро бо ин иди давлатӣ табрик гуфтанд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз анбори нави муҳимоти хоҷагӣ, намунаи нақлиёт ва силоҳи ҷангӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи маишии сарбозон, анбори маҳсулоти ғизоӣ ва ошхона дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки дар ин воҳиди низомӣ барои хидмати оинномавии сарбозон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда, биноҳо ва ҳудуди он таъмиру таҷдид карда шудааст.
Дар ҷамъбасти маросими таҷлили ҷашни истиқлол ба як гурӯҳ афсарону аскарон ва ҳамкорони қисми ҳарбии 0203 нишони ҷашнии “30 солагии Қушунҳои сарҳадӣ”, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз барои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз, 08 август дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо ба як зумра фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2025, № 1054 ба ду нафар- хидматчии давлатӣ ва омӯзгор медали “Хизмати шоиста” ва се нафар хидматчии давлатӣ Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин бо қарори раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2025, №201 се нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо қарори раиси шаҳр аз 3 сентябри соли 2025, №386 як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳр ,аз ҷумла, 12 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 нафар хидматчии давлатӣ, 10 нафар корманди соҳаи маориф, 6 нафар корманди соҳаи хидматрасон, 2 нафар корманди соҳаи тиб, 11 нафар соҳибкор, 2 нафар варзишгар, 10 нафар корманди соҳаи фарҳанг, 2 нафар корманди соҳаи кишоварзӣ ва 7 нафар корманди фаъоли дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.
Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.