Skip to main content
Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника босуръат рушд мекунад, нақши дониш ва маърифат дар ҳаёти инсон беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Бо дарки ҳамин воқеият, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷибона барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, махсусан ҷавонон, иқдомҳои муҳими фарҳангиву илмиро роҳандозӣ намудаанд.

Яке аз чунин иқдомҳои арзишманд — Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” буда, инак соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо бо мақсади кашф кардани соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гашта истодааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз 2 январи соли 2025 ба тасвиб расидааст. Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бевосита таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад.

Мақсади гузаронидани озмун ин, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо буда, тамоми қишри ҷомеа (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ) метавонанд иштирок намоянд.

Фарқ аз солҳои гузашта, имсол барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиёни озмун дар бораи технологияҳои навин дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва муҳандисии барномавӣ, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба дурнамо ва имкониятҳои соҳаҳои мазкур, инчунин ҳавасмандгардонии фаъолиятҳои ҷустуҷӯӣ, коркард ва тадиқотии марбут ба идеяҳои нав дар Озмун номинатсияи нав — «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, ки соҳибони мақоми аввали номинатсия мазкур ва номинатсияи «Ихтироъкорӣ» метавонанд барои Шоҳҷоизаи озмун дар даври ниҳоӣ рақобат кунанд. Инчунин бо илова намудани номинатсияи мазкур шумораи ҷойҳои ифтихори дар озмун аз 132 ҷой ба 156 ҷой омада расид.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат мукофотпулӣ барои ғолибони озмуни «Илм –фурўғи маърифат» аз соли ҷорӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Яъне минбаъд барои ғолибони ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Инчунин ба омўзгороне, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва шоҳҷоиза мегарданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Вобаста ба ин, дар соли ҷорӣ барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ба ғайр аз ин ғолибони озмуни мазкур бо имтиёзҳо бархурдор карда мешаванд, яъне баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Чӣ хеле, ки дар боло қайд намуда будем, озмуни мазкур бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Пас озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат»-ро муҳарики асосии бистсолаи мазкур гуем ҳам хато намекунем, зеро баргузории Озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.

Хулоса, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар баробари озмунҳои дигар, аз як тараф барои баланд бардоштани маърифати қишрҳои гуногуни ҷомеа хидмат намуда, аз ҷониби дигар, қувваи бузургеро доро мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот судманд аст. Илова бар ин, кори ҷиддӣ бо ин озмунҳо метавонад, норасоиҳоеро, ки дар раванди низоми таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот вуҷуд дорад, пайдо ва бартараф намояд. Яъне, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ кафолати муваффақиятҳои соҳавиро дар дасти миллат ва мутахассисон додааст, то тавонанд, дар самтҳои худ дастоварду пешрафтҳои илмӣ дошта бошанд ва аз ин роҳ барои миллату давлат фарзандвор хидмати содиқона дошта бошанд.

Мудири шӯъбаи таҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.