Пешгуфтор: Дар рӯйи олам мавҷудоти зинда тариқи забонҳои гуногун бо ҳам муошират мекунанд, забони гуфтугӯ, забони аломатҳо, забони ишораҳо, забони рақс, забони оҳангҳо ва ғ. Дар маҷмуъ ҳамаи ин забонҳоро инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд овардааст, яъне ин васоити муошират маҳсули дастранҷи фарҳанги инсоният маҳсуб меёбанд. Аммо забони асосӣ, воситаи мутлақи муошират – ин забони таносуби рақамҳо мебошад, яъне ин маврид илми риёзиёт дар назар дошта шудааст. Аз қадим риёзиёт (математика) илми асосӣ буд ва фарогири ҳамаи илмҳои дигар ба шумор мерафт.
Риёзиётро ҳанӯз юнониёни қадим ба чаҳор қисм чунин ҷудо намуда буданд : 1. Арифметика (арисмотиқ) – забони ё худ назарияи рақамҳо; 2. Геометрия – забони ё назарияи хатҳо; 3. Астрономия – забони ё назарияи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ; 4. Мусиқӣ – забони ё назарияи савтҳо (садоҳо). Ин гуна тақсимбадиро “квадриум” (чаҳоргона) меномиданд ва ҳеч донишманде бидуни азхуд намудани ҳамаи ин илмҳо ба шарҳи риёзиёт даст намезад.
Дар миёни ин ақсом танҳо мусиқӣ, яъне назарияи садоҳо соҳиби хислати нодир мебошад, ки бевосита ба тамоми мавҷудоти зинда таъсир расонида метавонад. Ҳамин буд, ки фарзанди Бухорои шариф, аллома Абуалӣ Ибни Сино аснои навиштани боби “Риёзиёт”-и Китоб-уш-шифо дар пайравӣ ба Арастуи бузург бахшеро вобаста ба илми мусиқӣ таҳти унвони “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” (Маҷмуи донишҳо доир ба мусиқӣ) илова намуд. Ин асари нодир мутаассифона то ҳоло дастраси илми муосири тоҷик нагардидааст, гарчанде борҳо ба забони арабӣ, инглисӣ, фаронсавӣ нашр шудааст. Мақолаи зер ба мазмуну муҳтавои ҳамин асари Ибни Сино тааллуқ дорад.
Таълифоти алломаи бузург, файласуф, шоир ва табиби оламшумул Абӯалӣ Ибни Сино оид ба илми мусиқӣ то замони мо моҳият ва арзиши маънавии хешро гум накардааст. Сино дар баробари Абунасри Форобӣ (871-950) ва Ал-Киндӣ (800-897) яке аз асосгузорони илми мусиқӣ дар Шарқ маҳсуб меёбад. Ӯ бахшида ба мусиқӣ панҷ асари махсус таълиф намудааст, ки мукаммалтарини онҳо китоби “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” мебошад. Чуноне ки маълум аст, дар пайравӣ ба услуби юнониёни қадим Ибни Сино ин асарашро дар сохтори китоби “Риёзиёт”-и “Китоб-уш-шифо” ҷой дода бо ҳамин ақидаи устувори мутақаддиминро доир ба моҳияти хоси илмӣ ва ирфонии ҳунари мусиқӣ тасдиқ намудааст.
Асар тибқи анъана ба забони арабӣ таълиф шуда ва муҳтавои он кулли масоили вобаста ба пайдоиши мусиқӣ (дар умум садо), назарияи оҳангсозӣ, шарҳи созҳои маъмули мусиқӣ, пайвандии шеър ва мусиқӣ, мақомҳо (лаҳнҳо), инчунин таъсири оҳангҳоро ба мавҷудоти зинда фаро мегирад. Асари мазкур ҳанӯз қариб садсол қабл аз ҷониби олими фаронсавӣ Рудолф Д’ерланже тарҷима ва таҳқиқ карда шудааст. Ба ин асари нодири Ибни Сино оид ба мусиқӣ ҳамчунин шарқшиноси маъруф Ҷорҷ Фармер баҳои баланд дода муҳтавои онро дар чандин мақолаҳояш шарҳ додааст.
Дар Тоҷикистон низ дар авохири қарни гузашта порчаҳои алоҳидаи китоби “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” ба забони русӣ тарҷима шуда буданд, аммо бояд эътироф намуд, ки ҳанӯз мероси мусиқишиносии шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик ҳанӯз ба пуррагӣ дастраси аҳли илм нагардидааст.
Тавре зикр гардид, Ибни Сино илми мусиқиро дар сохтори низоми илмҳои риёзӣ таҳқиқ намудааст, яъне масоили вобаста ба пайдоиши садо дар ҳаёти мавҷудоти зинда, таносуби фосилаҳои мусиқӣ, услуби пардабандии созҳои мусиқӣ, фарқияти садоҳои мусиқӣ ва ғайри мусиқӣ ва дигар муаммоҳои ин илмро Ибни Сино асосан тавассути далелҳои илми риёзӣ шарҳ додааст.
Дар замони Синову Форобӣ таълимоти юнониёни қадим тавассути тарҷимаҳо ба забони арабӣ дастраси аҳли илм гардида буданд. Хусусан осори Абуюсуф Ибни Исҳоқ Ал-Киндӣ (муаллифи рисолаҳои зиёд, аз ҷумла бахшида ба илми мусиқӣ) дар ин давра хеле машҳур шуда буд. Албатта, маълум аст, ки дар ин ҷода Сино ба таълимоти маъруфи Арасту, Фисоғурс, Батлимус ва дигарон такя намудааст, вале яқинан бояд таъкид намуд, ки дар шарҳи як қатор масъалаҳои муҳими илми мусиқишиносӣ (шарҳи созҳои мусиқӣ, пайвандии шеър ва оҳанг ва ғ.) Сино соҳиби назарияи хосе шуда, то ҳадди имкон ақидаҳои хешро бо амалияи мусиқии замонаш пайванд намудааст.
Яке аз масъалаи баҳсталаб – яъне пайвандии гӯё садоҳои мусиқиро бо ҳаракати доимии ҷирмҳои осмонӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, Ибни Сино махсусан таъкид намудааст, ки ин гуна ақидаҳо асоси илмӣ надоранд. Дар ин хусус ӯ дар муқаддимаи асар чунин навиштааст:
“Мо ба илми мусиқӣ аз он ҷиҳат, ки тавассути шарҳи фосилаҳои мусиқӣ ба баёни ҷирмҳои осмонӣ инсонӣ мепардозанд, таваҷҷуҳ намекунем, зеро чунин нуқтаи назар анъанаи онҳоест, ки хусусиятҳои як илмро аз илми дигар фарқ намекунанд”. Бояд илова намуд, ки чунин ақида ҳанӯз ба Фисоғурс тааллуқ дошт ва пайравони ӯ низ ҳафт пардаи мусиқиро дар пайвандии услуби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ шарҳ медоданд.
Эзоҳ: Яъне Ибни Сино дар ин масъала мақоми устувори илмии хешро исбот намудааст. Ақидаҳои вобаста ба пайвандии низоми ҷирмҳо осмонӣ ва садоҳои мусиқӣ, аниқтараш фосилаҳои миёни садоҳо, сохтори қаторовозҳо, то имрӯз дучор мегарданд. Ҳатто мегӯянд, ки дар само оҳанги мутлақи ба таври зинда доим садо медиҳад, оҳангсозони нобиға (масалан Бах, Скрябин) гӯё ин лаҳнҳоро эҳсос менамоянд ва рӯйи нота меоранд.
Ин ҷо бамаврид аст, ки суханони Алберт Эйнштейнро ба ёд биёрем (маълум аст, ки ӯ скрипкаро хеле хуб менавохт): “ Агар ман фаразан физик намешудам, бегумон ҳатман мусиқачӣ мешудам, зеро ман тавассути оҳангҳо фикр меронам, ҳаётро, оламро маҳз тавассути мусиқӣ тасаввур мекунам”...
Муаммои дигаре, ки дар таълимоти мусиқишиносии Сино шарҳи нави худро пайдо намудааст, ин назарияи пайдоиши савт (садо, овоз) дар табиат аст. Шояд метавон гуфт, ки Ибни Сино, ки худ дорои донишҳои мукаммали соҳаи тиб буд, қабл аз ҳама назарияи савтҳоро дар пайвандӣ бо қобилияти шунавоӣ ва эҳсосоти инсонӣ чунин шарҳ медиҳад:
Оид ба таърифи савт (садо овоз): “Инак мегӯем, ки савт аз ҷумлаи маҳсусот (ҳисшаванда) аст, ки бо хусусиятҳои ҳаловат (форамӣ) ё кароҳат (нафратангезӣ) фарқ мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, савт (садо, овоз) ду навъ мешавад: яке навъе, ки ҳиси инсон аз он лаззат мебарад ва дигар навъе, ки ҳис аз шунидани он нафрат пайдо мекунад. Албатта (бояд эътироф намуд, ки) баъзан сабаби кароҳати (нофорамии) савт вобаста ба сифати садобарории олоти мусиқӣ аст, на аз худи савт. Гоҳе чунин мешавад, ки савт маҳз дар ҳолати шунидан (истимоъи он) нофорам, яъне ин ҷо ифрот дар худи шунаванда аст”.
Аз ин ақидаронии Сино бараъло аён аст, ки олими бузург сифатҳои садоро на танҳо дар ҳолати пайдо шуданаш (яъне офаридани ин ё он оҳанг), балки дар лаҳзаи баъдан аз ҷониби шунаванда қабул шудани он (истимоъ) шарҳ медиҳад. Яъне ҳатто оҳанги форам дар сурати қобили қабул набудани шунаванда метавонад нофорам эҳсос шавад.
Эзоҳ: Сино инҷо муаммои хеле қадимӣ – муносибати объект ва субъектро шарҳ додааст. Яъне нафаре ки калиди ворид шуданро ба муҳтавои маънавии мусиқӣ (адабиёт, санъат умуман) дар даст надорад аз шунидани симфонияи Бетховен, силсилаи Шашмақом ё худ нолаҳои фалакхонӣ чизеро бардошт намекунад.
Дар Фасли аввали асар Ибни Сино доир ба масъали сабабҳои баму зер будани садоҳо баҳс мекунад, яъне чаро садоҳо баландиву пастӣ доранд. Дар ин маврид олими бузург изҳор намудааст, ки баландиву пастии офозҳо қабл аз ҳама ба ҳолати руҳонии худи инсон вобастагӣ дорад. Масалан, нафаре дар сурати ғазабнок гардида таҳдид кардан ҳатман овози баландро истифода мекунад ва баръакс, аснои мутеъ шудан, таслим шудан овозашро паст мекунад.
Ибни Сино ҳамчунин услуби шинохти овозҳои мусиқӣ ва тарзи иншои оҳангро ба қалам оварда чунин менависад: (Дар шинохти фосилаҳои муттафиқ ва мутанофир).
“Ҳар гоҳе ки як нағма (садои мусиқӣ) аз назари баландӣ ва пастӣ дар зинаи ягона такрор шавад, таълифе (яъне оҳанге) ҳосил намешавад. Оҳанг танҳо дар ҳамон сурат пайдо мешавад, ки нағмаҳо дар зинаҳои гуногун садо диҳанд. Зеро агар як нағма дар як зина такрор шавад, таъсири он як чиз беш нест. Бинобар ин воҷиб аст, ки таълифи нағмаҳо ба тавре бошад, ки аз миёни онҳо абъод (яъне буъдҳо, фосилаҳои мусиқӣ – А.Н.) ба вуҷуд ояд.
Поинтар Ибни Сино фосилаҳои мусиқиро дар шакли ҷамъҳо шарҳ медиҳад, яъне аз ду се фосила ба вуҷуд омадани оҳангро чунин асвир менамояд:
“Ҷамъи буъд (фосила) бо буъди дигар чунин сурат мегирад, ки мо тавонем нағмаи муштарак дар ҳар ду буъдро ё аз ҷиҳати тез (ниҳод) ва ё аз ҷиҳати гаронӣ пайдо кунем.”
Эзоҳ: Пас аз ду садсола дар рисолаҳои баъдинаи мусиқӣ муаллифони он истилоҳи “ҷамъ”-ро маҳз дар пайравии Ибни Сино ба маънии “мақом” ё худ “парда” истифода бурдаанд.
Дар Фасли панҷум Ибни Сино ба шарҳи вазнҳои шеър муроҷиат намудааст. (Шеър ва вазнҳои он).
Ӯ навиштааст: “шеър” каломест барангехта аз хаёл ва аз гуфтаҳое падид омада, ки иборат аз иқоъҳои (ритмҳои) муттафиқ ва мусовӣ мебошад. Зиёда аз ин, дар ҳолати ритмҳои мукаррар (такроршаванда) ҳуруфи охиринашон ба ҳам шабоҳат доранд.
Эзоҳ: Сино нахуст ишора ба он дорад, ки муҳтавои шеър аз хаёлот бармеояд, яъне маҳсули тасаввуроти хаёлӣ ва дорои вазни муайян (ритмҳои мувофиқ) ва қофия мебошанд (ҳуруфи охири мушобеҳ).
Вобаста ба услуби таълифи оҳанг (иншои оҳангҳои мусиқӣ) Сино менависад: (Таълифи лаҳн)
“Ҳар касе, мехоҳад оҳангеро эҷод кунад, пас ба ӯ зарур аст, ки сараввал маҷмуи муайяни нағмаҳоро дар назар бигирад. Ин маҷмуъ метавонад комил бошад ё ноқис бо тамдиди маҳдуд, инчунин бояд ҷинсҳо (қаторовозҳои сегона ва чаҳоргона – А.Н.) дар он мураттаб шаванд.
Нафаре агар мехоҳад услуби офаридани оҳангро биёмӯзад, ҳамчунин бояд иқоъро (яъне зарбҳоро, ритмро) якҷоя бо кулли анвои мухталифаш фаро гирад. Яъне ӯ бояд як намуди муайяни иқоъро (ритм,усулро) тахайюл кунад ва барои ин бояд ин намуди иқоъро дар хаёлоташ маҳз дар шакли ҳуруфот тасаввур намояд, на ба сурати нағма (яъне оҳангҳо, садоҳои мусиқӣ)....
Эзоҳ: Сино маслиҳат додааст, ки оҳангсоз бояд нахуст ин ё он фосилаҳои мусиқӣ ва шакли муайяни иқоъро (ритмро) тасаввур намуда онро интихоб кунад. Масалан : тан-тан-тан-тан (ин шакли усули чаҳор чорякӣ) ё худ: тан-та-нанан (усули шаш ҳаштякӣ)....
Доир ба созҳои мусиқӣ низ Ибни Сино боби махсус тасниф намудааст. Ӯ менависад:
“Олоти мусиқӣ чанд намуд мешаванд, қисме аз онҳо ки дорои зеҳ (сими садобароранда -А.Н.) ва дастон (дастаи сози мусиқӣ) мебошанд, ки бар онҳо нақра (зарб задан бо мизроб) мезананд, монанди "барбат" ва " танбур". Зеҳҳои (симҳои) баъзе аз онҳо бар сатҳи [соз] кашида шудаанд, монанди " шоҳруд" ва " зуланқо". Ва боз созҳо ҳастанд, ки дорои зеҳ ва дастон мебошанд, вале нақра (мизроб) бар онҳо намезананд, балки барои ба садо даровардан бояд зеҳе (сими дигаре, яъне камонча – А.Н.) бар он кашида шавад, монанди "рубоб"
Эзоҳ: Ин шарҳи Сино хеле муҳим аст, зеро яқинан маълум мегардад, ки дар замони ӯ сози рубобро бо камонча (зеҳи дигар) менавохтаанд.
Сино бузург чуноне ки медонем, худаш ғиччакро хеле хуб менавохт. Барои исботи ин кофист, ки ба шарҳи ӯ доир ба ҳаракати ангуштон рӯйи дастаи сози мусиқӣ таваҷҷуҳ намоем. Сино чунин менависад: “Зеро ангуштон ҳангоми навохтани ин ё он сози мусиқӣ ба андозагирӣ ниёз доранд. Масалан мушкил аст, ки аснои иҷрои оҳанг кафи даст ва ангуштон якҷоя ба ҳаракат биёянд, балки бояд, ки кафи даст сокин бошад ва танҳо ангуштон ҳаракат кунанд.
Эзоҳ: Ин ҳолатро имрӯз ҳар як нафари мусиқинавоз комилан дақиқ тасаввур мекунад, яъне дар навохтани рубоб, ғиччак (скрипка), уд, танбур, дутор ва ғ. Навозанда маъмулан кафи дастро рӯйи дастаи соз сокин медорад ва танҳо тавассути ангуштон пардаҳоро пахш мекунад.
Аҷиб аст, ки Ибни Сино дар бахши шарҳи “созҳои маъруфи мусиқӣ” аз номи яке аз маъруфтарин сози мусиқии олам – Арғунун ёдовар мешавад: “ чун навое, ки аз сози румии " арғунун" ба даст меояд”.
Ва албатта барои мо хеле муҳим аст, ки алломаи бузург дар пайравӣ ба мутақаддимин сози “машҳури мутадовил ва муқаддам назди аҳли мусиқӣ” яъне Барбатро шарҳ додааст. Маълум аст, ки дар Бухорову Балх ва Бағдод он замон ин сози қадимии тоҷикиро бештар ба унвони арабии Уд шарҳ медоданд. Сино, ки аз гузаштаи таърихи тоҷикон маълумоти комил дошт, зарур шуморидааст, ки ин сози маъруфи замони Борбадро бо ҳамон номи аслиаш, яъне “Барбат” тавсиф намояд.
(давомаш дар мақолаи оянда).
Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон