Август 31, 2024 13:39
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 33-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Истиқлол нодиртарин падидаи таърихӣ дар ҳаёти миллату халқият маҳсуб шуда, кафолат медиҳад, ки тамоми орзуву ормонҳо амалӣ гарданд. Ҳама халқу миллатҳо аз ибтидо то имрӯз барои ба даст овардани истиқлол талош менамоянд. Оне ки истиқлол дорад, дар пайи таҳкимаш аст ва оне, ки аз ин падидаи нодир маҳрум мебошад, баҳри ноил гардидан ба он талош менамояд.
-Миллат ва ҷомеае, ки ба истиқлоли давлатӣ арҷ мегузорад, албатта, дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста муваффақ мегардад. Нишони арҷ гузоштан ба истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, пеш аз ҳама, иҷрои рисолати шаҳрвандӣ аст. Ҳар шаҳрванде метавонад бо талошу меҳнати софдилона дар самти фаъолият дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳм гузорад. Омӯзгор бо донишу дарси хуб, донишҷӯ бо талошу заҳмат баҳри аз худ намудани асосҳои илму дониш, сохтмончӣ бо меҳнати ҳалол ва ғайра. Арҷгузорӣ ба истиқлол аз дарку фаҳмиш ва талошу заҳмати ҷомеа бармеояд.
Ҳамон вақт истиқлол кафили зиндагии шоистаи мо мегардад, ки пеш аз ҳама, худи мо рисолати касбӣ ва шаҳрвандиамонро аз будаш зиёд иҷро намоем. Талошу заҳмати ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки вобастагии давлату миллат аз дигар давлатҳо камтар шавад. Ҳамон ҷомеае истиқлолро ҳамчун кафили амалишавии тамоми ормонҳо дарк менамояду барои ҳифзи он талош менамояд, ки пеш аз ҳама, бо маърифат мусаллаҳ мебошад. Миллате бардавомии хешро нигаҳ дошта метавонад, ки аз истиқлоли давлатӣ ба таври самаранок истифода намояд ва онро бо тамоми вуҷудаш ҳамчун сарчашмаи амалӣ гардидани ҳадафҳо ва зиндагии шоиста ҳифз кунад. Он миллате истиқлоли хешро пойбарҷо нигаҳ медорад, ки дарки амиқи онро дошта бошад.
Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар заминаи илму дониш ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро бо назардошти талаботи замони муосир амалӣ намуда, тамоми имконотро барои тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир равона созад.
Бо мақсади руҳбаландии гурӯҳи соҳибмаърифату зиёӣ ва дастгирии ин самти афзалиятноки ҷомеа ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1996 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо олимони мамлакат мулоқот намуданд. Маҳз ҳамин мулоқот бо доираҳои илмии ҷумҳурӣ боиси боз ҳам мукаммал гардидани фаъолияти олимон шуд. Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат тариқи суҳбати ошкоро ба донишмандону фозилони мамлакат масъалаҳои мавҷудаи мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмию таҳиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва неруи зеҳниву ақлонии ҷумҳуриро дар инкишофи босуботи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаву ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ зарур аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ даъват менамоянд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажуҳиш ва тарбияи кадрҳои илмӣ тадбирҳои самаранок андешида, барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.
Дар айни замон илм ба рукни муҳими иҷтимоӣ, манбаи арзишманд, неруи истеҳсолкунанда ва сарвати қиматтарини зиндагии инсон табдил ёфтааст. Тамоми равандҳои ҷаҳони муосир имрӯз талаб менамоянд, ки ҳар шахс дар ҷомеа ҳатман бояд соҳиби донишу маърифат бошад. Тамоми иқдому ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаби замони муосир мебошад. Дар ибтидои асри нав миллати куҳанбунёди тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавию ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи комёбиҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва илму технологияи нав, насли дорои тафаккури созанда ва донишу ҷаҳонбинии нав, ки барои инкишофу пешрафти ояндаи босуботи мамлакат хизмат намояд, эҳтиёҷ дорад. Ин эҳтиёҷи миллатро ҳамон қишри зиёии ҷомеа қонеъ менамояд, ки маҳорати хешро дар омода намудани кадрҳои ҷавон самаранок истифода барад. Дар робита ба ин зарур аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо тамоми ҳайати кормандони илмӣ талош намояд, то рисолати касбӣ самаранок иҷро шавад.
Бояд гуфт, ки рақобатпазирии миллату давлатҳо дар шароити муосир аз рӯи имконоти онҳо, ки дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ донишҳои навро тавлиду амалӣ месозад, муайян мегардад. Дар раванди бархӯрди тамаддунҳо илму дониш ба соҳаи муҳимме табдил ёфтааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки маърифати ҷомеа омили аз ҳама муҳимми рушди устувор ва амнияти ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамон ҷомеа ва ҳамон миллату давлате минбаъд рақобатпазир шуда метавонад, ки самаранокӣ ва сифати маҳсули зеҳнаш бартарӣ дорад. Маҳз маърифат раванди рушди босуботи ҷомеаро мушаххасу муайян месозад. Илму маърифат истиқлоли миллатро ҷовидон гардонида, онро таҳким мебахшад. Ба истилоҳи дигар, нишони тавоноии миллату давлат дар мафкураи солиму ояндасози ҷомеаи он ниҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ неруи зеҳнӣ нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз неруи зеҳнии ҷомеа ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал гардида, заиф шудани он, пеш аз ҳама, ба амният ва истиқлоли давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар Тоҷикистон бо мақсади рушди маърифати ҷомеа шумораи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳои илмии макотиби олӣ зиёд шуда, барои аҳли зиё шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Дар ин радиф барои тайёр намудани ашхоси дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, аз қабили номзад ва доктори илм, профессору академикҳо тадбирҳои зиёд амалӣ гардиданд. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015)» қабул карда шуд.
Дар айни замон на танҳо дар мамлакати мо, балки дар пажуҳишгоҳҳои илмии ҷаҳон нарасидани олимону мутахассисон ба назар мерасад. Дар ҳама давру замон илму маърифат диққати ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб менамуд.
Ба хотири рушди илму маърифат, махсусан аз ҳисоби ҷавонон омода намудани олимон чораҳои бисёр муҳимму саривақтӣ дар амал татбиқ мегарданд. Таъсиси стипендияҳои президентиву ҷоизаҳо, баланд бардоштани стипендия ва таъсиси хобгоҳҳои махсус барои унвонҷӯён боиси ҷалби ҷавонон ба самти илм гардид. Ҳамчунин ташкили шуроҳои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро барои ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва аз ҳисоби онҳо омода намудани олимон фароҳам овард.
Ҳама он ташаббус ва талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он хабар медиҳад, ки илми қарни ХХI дар ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ, ба монанди камбизоатӣ, хароб гардидани муҳити зист, амният дар соҳаи озуқаворӣ ва таъмини аҳолии сайёра ба оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ рушди инсоният нақши муҳимму муассир дорад. Зарур аст, ки аҳли зиёи ҷумҳурӣ дар масири татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муассирро бо иҷрои рисолати шарафмандона пеш гузорад. Маърифати насли наврас ва ҷавони мамлакатро дар заминаи илму дониш баланд бардоштан лозим аст. Ба ин восита дар таъмини босуботи зиндагии шоистаи мардум ва амнияту истиқлоли давлатӣ бояд саҳм гузорем.
Дар муддати 33 соли истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардид. Зарур аст, ки тамоми гурӯҳҳои ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии наслҳои наврас ва ҷавони ҷумҳурӣ саҳм гузоранд. Дар ин раванди пуртазод ва бархӯрди тамаддунҳо, ки натиҷаи ҷаҳонишавӣ аст, ҳамон миллате ҳастии хешро нигаҳ медорад, ки аз таъриху тамаддуни миллӣ огаҳ бошад ва ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад.
Дар акси ҳол дар зери фарҳанги бегона қарор гирифта, оқибат бегонапарастӣ ва ифротгароӣ боиси нест гардидани миллат мешавад. Таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки канда шудан аз таърихи хеш умри миллатро кӯтоҳ менамояд. Маърифат сипари боэътимоди истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи ҷомеа маҳсуб мешавад. Қудрати миллату давлат аз маърифати ҷомеаи он вобастагии зиёд дорад. Баҳри қудратманду тавоно гаштан имрӯз моро мебояд дар иҷрои рисолати хеш ҷиддӣ ва собитқадам бошем.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор