ИМРӮЗ АЗ ҚАБУЛИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ ВА «ХАРТИЯИ БУЗУРГИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ТАМОМИ ИНСОНИЯТ» 76 СОЛ ПУР МЕШАВАД
10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол аз қабули он 76 сол сипарӣ шуд.
Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.
Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дахлнопазирӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо, принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.
Ногуфта намонад, ки маҳз боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳуқуқ, оздиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар мегирад. Ва ҳамчунин дар боби якум, моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волоият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардида аст.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти рақами 678 «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судияҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои дигарро дар бар мегирад.
Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавию шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ва бо дигар сохторҳои иҷроияи он амали менамояд. Дар ин раванд тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат намудааст. Дар натиҷа ба Тоҷикистон дар маҷмуъ зиёда аз 1000 тавсияҳо дода шуданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Баҳронов Соҷидхон - мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», аз ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз ноҳияи Шоҳмансур ва Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино пешниҳод гардида буданд.
@RustamEmomali
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
@RustamEmomali
Субҳи имрӯз ба Наврӯзгоҳи имсолаи шаҳри Панҷакент, ки дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, майдони Парчаму Нишони давлатӣ ва варзишгоҳи марказӣ ҷойгир шудааст, аз тариқи дарвозаҳои рамзӣ ҳазорон нафар сокинон ва меҳмонони шаҳр ворид шуда, ба тантанаҳои наврӯзӣ мепайвастанд ва ҳамдигарро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ шодбош мегуфтанд.
Дастархони наврӯзии ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиро дар растаҳои идона намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, аз ҷумла рамзи Наврӯз- “Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” оро медоданд ва бонувон ҳама либосҳои атласу адрас ва чакан ба бар намуда буданду аз ҳар гӯша садои мусиқию суруд ба гӯш мерасид.
Аз дирӯз бонувони ҳунарманди шаҳр дар дегҳои бузург рамзи дигари Наврӯз- сумалак, омода карда буданд ва он низ дастархони наврӯзиро оро медод.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои кишвар Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, дигар меҳмонон аз растаҳои наврӯзӣ дидан намуда, ба ҳунари сокинони шаҳр аҳсант хонда, онҳоро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.
Қисмати фарҳангии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо ҳузури ҳазорон нафар сокинони шаҳр баргузор шуд. Ҳозирин ва сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати мамлакат президенти Академияи миллии илмҳо, аз номи муовини авали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муовини якуми раиси вилоят ва раиси шаҳр бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.
Таъкид шуд, ки ба фармудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд.Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”
Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Панҷакент ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳониро бо дастовардҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисод, вусъати кишту кор ва ободкориву сабзгардонӣ, бо рӯҳи болида ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар таҷлил менамоянд.
Дар тантанаҳои ҷашни наврӯзи шаҳр ҳамчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сайёҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуданд.
Барномаи фарҳангии ин ҷашни куҳан бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар Хосияти Зарафшонӣ, Эркин Одинаев, Орзугул Хӯҷамова, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мардон Мавлонов, санъаткорон аз шаҳри Бухоро ва шаҳр ба тантанаҳои наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.
Ҷашни Наврӯз дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо,ҷамоатҳои деҳот маҳаллаҳо ва ҳар хонадон бо рангу ҷилои тоза таҷлил карда мешавад.
19 марти соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинии идона дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.
Пас аз анҷоми конференсия дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамроҳи олимону кормандон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии олимону муҳаққиқон боздид намуда, ба омодагии ҷашни онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идомаи чорабинӣ президенти академия ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаи варзиши шоҳмот аз ҷониби роҳбарияти академия бо ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.
19 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз намуд, ки ҳамасола дар айёми баҳори нозанин таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз шукуҳу шаҳомати хосса дошта, мардумро ба дӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ниёгон, меҳнату заҳмати асил ҳидоят менамояд. Густурдани дастархони идона, ки имрӯз аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ сурат гирифтааст, яке аз суннатҳои муҳимми наврӯзӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин, дар бораи моҳияти ин ҷашни бузург Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки “Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаи имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарсатӣ инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад”.
Дар воқеъ, тоҷикон ҳамчун мардуми ориёӣ, дар масири таърихи зиёда аз шаш ҳазорсолаи худ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд, ки он далели куҳанбунёд будани мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолор будани тоҷикон, омили пояндагии миллати сарбаланди мо дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад.
Яке аз нуктаҳои муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар он аст, ки мазмуну муҳтавои дар он мавҷуда ба хеҷ як дину мазҳаб марбут набуда, меҳвари онро эҳтиром ба мардум, шинохти вақт, бузургдошти табиат ва арҷгузорӣ ба неъматҳои моддӣ ташкил медиҳад. Маҳз дарки ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа бевосита мусоидат менамоянд.
Дар идома олимону муҳаққиқон доир ба таърихи пайдоиши ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳияту арзишҳои сунатии миллати куҳанбунёди тоҷик баҳри ҳифзи анъана ва ҷашну маросимҳои бостонии ниёгон маърӯза намуданд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шаш ҳазор сола дорад. Тибқи ривоятҳо дар баргузории ин ҷашни куҳан аз қадим мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ миёни дӯстдорони ин намуди бозиҳо баргузор карда мешудааст ва мо давомдиҳандаи насли гузаштагонамон ин оинҳои онҳоро давом дода истодаем.
Имрӯз (18.03.2025) бахшида ба ин ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи Шоҳмотбозон миёни кормандони академия ва ниҳодҳои дар тобеияти он буда баргузор гардид.
Зимни баргузории мусобиқа шахсони дар рӯйхати бозӣ қарор дошта, иштироки фаъолона нишон дода, бо як шавқу ҳавас ва иродаи мустаҳкам ба бозӣ шурӯъ намуданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Бобокалонзода Луқмон - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка
2. Бобокалонзода Луқмон - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сингапур
3. Мирзозода Парвиз Муродалӣ - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Неъматзода Фаррух Неъмат - муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Набизода Мадина Раҳмат - муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Одиназода Чаманоро Рустам - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Назарзода Маҳмуд Мирзо - ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»
10. Давлатзода Баҳодур Давлат - ректори Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов»
11. Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор - директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
12. Бобозода Комил Олимҷон - директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
13. Сафарализода Носир Саидҷалол - директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
14. Абдулназарзода Абдулназар Ғойбназар - директори Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
15. Саидзода Масрур Мирзохон - ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
16. Сафарзода Абдулло Мумин - директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Баротзода Файзиддин Камолиддин - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин - муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Ҷабборзода Динора Зуҳал - муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Одиназода Исмоил Мирзомуддин - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО: ТАВАҶҶӮҲИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ОЛИМОН
Дар доираи ташаббуси 5 уми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти экология, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва Институти хатарҳои кӯҳӣ ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардуми Чин бахшида ба 21 март- Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Форуми ҷаҳонии олимон оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Чендуи Чин баргузор кард.
Ассотсиатсияи илмҳои криосфераи Чин, Институти синзяни экология ва география, Маркази экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз шарикони баргузории форум маҳсуб мегарданд.
Форуми мазкур аз 15 то 18 марти соли 2025 идома ёфта, дар он олимону коршиносон, намояндагони муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳонро ҷиҳатии баррасии проблемаҳои таназулёбии пиряхҳо, таъсири онҳо ба иқлим устувориизахираҳои об ваидоракунии хатарҳои обшавии пиряхҳо ба ҳам овард.
Дар Форуми ҷаҳонии олимон оид ба ҳифзи пиряхҳо масъалаҳои таназулёбии пиряхҳо, омӯзиши фосилавии пиряхҳо, ҳамкориҳои илмиибайналмилалӣ дар самти илмҳои криосфера, пешгирии офатҳои табиӣ, нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти ҳифзи пиряхҳо, конфронси пиряхҳо дар шаҳри Душанбе: натиҷа ва умедвориҳо баррасӣ гардиданд.
Дар доираи баррасиҳои илмӣ олимону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, онҳоро ҳамчун роҳнамо барои фаъолиятҳои илмию таҳқиқотии олимон дар самти истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва омӯзишу ҳифзи пиряхҳо тавсиф намуданд.
Ҳадафи асосии форум ин баланд бардоштани огоҳии ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба проблемаҳои обшавии пиряхҳо ва оқибати он, инчунин андешидани чораҳо ва таҳияи чорабиниҳои муаасир барои ҳифзи онҳо, мубодилаи дастовардҳои илмӣ, баррасии ҳали инноватсионии ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои онҳо мебошад.
Боиси ёдоварист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутҳид зимни ҷаласаи 77 уми худ дар заминаи пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, Фонди боварии баййналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод. Инчунин дар қатънома дар шаҳри Душанбе баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шудааст, ки он 29-31 майи соли 2025 баргузор мегардад.