Skip to main content

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.

Тавре директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Буризода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, соли 2025 дар Нимкураи шимолии Замин инқилоби зимистона рӯзи якшанбе, 21 декабр, соати 15:03 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) ва 20:03 бо вақти Душанбе фаро мерасад.

Инқилоби зимистона — кӯтоҳтарин рӯз дар сол буда, дар Нимкураи шимолии Замин моҳи декабр фаро мерасад. Аз нигоҳи астрономӣ дар ин рӯз зимистон оғоз меёбад. Инқилоби зимистона — ин ҳодисаи солонаи астрономист, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқи Замин дар пасттарин мавқеъ қарор мегирад, яъне баландии он аз уфуқ ҳадди ақалл аст. Дар нимкурае, ки ин ҳодисаҳо рух медиҳад, кӯтоҳтарин рӯз ва дарозтарин шаби сол мушоҳида мешавад.

Ба иттилои Анвар Буризода, инқилоби зимистона дар Нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ дар вақтҳои гуногун ба амал меояд. Яъне дар Нимкураи шимолӣ ин ҳодиса ба моҳи декабр ва дар Нимкураи ҷанубӣ ба моҳи июл рост меояд. Ҳаногоми рух додани ин ҳодиса дар Нимкураи шимолии Замин кӯтоҳтарин рӯзи сол ва дар Нимкураи ҷанубӣ дарозтарин рӯзи сол фаро мерасад.

«Инқилоби зимистона ва тобистона бинобар моилии меҳвари гардиши Замин (тақрибан 23,4°) нисбат ба мадори ҳаракати он дар гирди Офтоб ба вуҷуд меоянд. Нимкураи шимолӣ давоми нисфи сол ба ҷониби Офтоб моил аст, Нимкураи ҷанубӣ — дар нисфи дигари сол. Аз ҳамин сабаб нимкураҳо дар як вақт миқдори гуногуни гармӣ ва рӯшноӣ мегиранд», — гуфт директори институт.