ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБӢ ВА РУШДИ ИНСТИТУТИ
МАСЪАЛАҲОИ ОБ, ГИДРОЭНЕРГЕТИКА ВА -ЭКОЛОГИЯИ
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Миллаи Муттаҳид (СММ) санаи 1 октябри соли 1999, бо пешниҳоди эълон намудани соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», маншаъ мегирад. Тибқи қарори Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ таҳти №55/196, соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид.
Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, инчунин бо мақсади зарурати истифодаи оқилонаи онҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо Фармони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 25 декабри соли 2000, дар назди Академияи илмҳо Шуъбаи масъалаҳои об ва экология таъсис дода шуд. Аввалин мудири Шуъба доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиев Ҳайдар буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Академияи илмҳо зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки 20 марти соли 2001 баргузор гардид, зарурати фарорасии таҳкими неруи илмии Тоҷикистон ва таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро дар назди Академияи илмҳо таъкид карданд, ки дар робита ба он 3 июли соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №279 дар бораи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори мазкур, Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонро таҳти №72 аз 22 июли соли 2002 оиди дар заминаи Шуъбаи масъалаҳои об ва экология таъсис додани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷуҳурии Тоҷикистон содир намуд.
Директор-ташкилотчии Институти навтаъсис, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми кимиё, профессор Мирсаидов Улмас Мирсаидович мебошад.
Дар таъсиси Институти мазкур дар Тоҷикистон, ки бо масъалаҳои марбут ба об сару кор мегирад, академики Академияи илмҳои Қирғизистон Маматканов Дюшен Маматканович, ки баъдан академики фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, мусоидат намуда, саҳми арзандаи худро гузошт.
Аз моҳи ноябри соли 2002 то моҳи июни соли 2009 Институтро доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Норматов Ином Шерович роҳбарӣ намудааст.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ, кормандони илмии Институт дар ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ ва экологӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аввалин мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки Институт фаъолияти худро аз онҳо оғоз намуд, бо таҳияи технологияи истеҳсоли коагулянтҳо ва флокулянтҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ барои тоза кардани об, озмоиш ва истифодаи онҳо, инчунин бо таҳқиқи масъалаҳои экологии коркарди партовҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон алоқаманд буданд.
Бо дарназардошти хусусияти мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Институт бо Корхонаи Алюминии Тоҷик ҳамкориҳоро оғоз намуда, баъдан аз паи татбиқи натиҷаҳои бадастомада гардид. Самараи иқтисодӣ аз татбиқи тарзи аз партовҳои истеҳсоли алюминий бадастовардани консентрати криолит-глинӣ (криолит-глиноземный) бо усули сӯзондан, 220 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Ғайр аз ин, ба шӯрои техникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи коркардшудаи истеҳсоли пигментҳо бо мақсади тавсия додан барои истеҳсоли саноатӣ дар Корхонаи азотии Вахш пешниҳод гардид. Ҳамзамон, барои ихтироъ 2 патент ба даст оварда шуд: Идораи давлатии патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон TJ 364 ва Идораи патентии Авруосиё (ИПА) - патенти авруосиёии № 003660.
Марҳилаи навбатии рушди Институт бо омадани доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев Зайналобудин Валиевич, ки аз соли 2009 инҷониб роҳбарии Институтро ба зимма дошт, оғоз мегардад. Дар ин давра, мутобиқи Низомномаи Институт диққати асосӣ ба таҳкими неруи институтсионалӣ ва кадрӣ равона гардид.
Дар ин давра самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ бо: таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон; омӯзиши захираҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон; инвентаризатсияи захираҳо ва баҳодиҳии имкониятҳои истифодабарӣ аз рӯи категорияҳо (аз ҷиҳати техникӣ имконпазир, аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ, аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ); тадқиқи гидроэнергетикаи хурд дар Тоҷикистон: ҳолат, захираҳо, нақшаҳо ва барномаҳои истифода; қонунгузорӣ, сиёсати тарифӣ ва андозӣ; омоданамоии кадрҳо, идоракунии сармоягузорӣ; таҳлили захираҳои обию энергетикӣ ва тағйирёбии онҳо; тамоюли хатӣ, тағйирёбии даврӣ ва тасодуфӣ алоқаманданд.
Инчунин, тадқиқоти муҳим ба монанди: таҳлили муқоисавии самарабахшии энергетикии дарёҳои бузурги Тоҷикистон; тадқиқи таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ; таҳияи усулҳои мутобиқсозии гидроэнергетика ба тағйирёбии глоаблии иқлим; таҳияи амсилаҳо ва усулҳои пешгӯии маҷрои об барои гидроэнергетика; таҳияи усулҳои оптимизатсияи кори неругоҳҳои барқии обӣ бо обанборҳо; таҳияи усулҳои танзими маҷрои об барои гидроэнергетика ва обёрӣ; таҳлили қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои фаромарзӣ; тадқиқи моҳият, сабаб ва рушди муноқишаҳои гидроэнергетикӣ-обёрӣ дар байни кишварҳои болооб ва поёнии ҳавзаи баҳри Арал ва таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли онҳо; тадқиқот оид ба муносибгардонии тарҳбандии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои бузурги Тоҷикистон; таҳияи меъёри ягонаи иқтисодии рушди гидроэнергетика; таҳлили иқтисодии рушди гидроэнергетика ва таҳияи амсилаи математикӣ; таҳияи усулҳои баҳодиҳии арзиши иқтисодии об ҳангоми истифодаи муштарак бо мақсадҳои гидроэнергетикӣ ва обёрӣ гузаронида мешаванд.
Дар байни дастовардҳои муҳимми илмӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки татбиқи амалии натиҷаҳои тадқиқоти Институтро дар бар мегиранд, бояд тазаккур дод: таҳияи усулҳои пешгӯйии фаврӣ ва дарозмуддати маҷрои об барои гидроэнергетика; таҳияи усулҳо ва амсилаҳои математикии оптимизатсияи кори НБО бо обанборҳо; таҳияи амсилаи иқтисодии рушди гидроэнергетика; таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилоти ихтилофот байни гидроэнергетикаю обёрӣ дар истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои фаромарзии ҳавзаи баҳри Арал; гузаронидани инвентаризатсияи манбаъҳои барқарор-шавандаи энергия дар Тоҷикистон ва таҳлили имкониятҳои истифодаи онҳо.
Аз рӯзи таъсисёбии Институт, лабораторияи иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ оид ба тағйирёбии иқлим тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Дар байни самтҳои асосии тадқиқот масъалаҳои зеринро метавон зикр намуд: омӯзиши иқлим ва қонунҳои тағйирёбии он; тадқиқоти яхбандии минтақаҳои кӯҳӣ; омӯзиши захираҳои обии минтақаҳои кӯҳӣ.
Корҳо дар мавзӯи «Баҳодиҳии вазъи кунунӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба яхбандӣ дар Тоҷикистон» ба анҷом расид. Дар натиҷаи иҷрои ин корҳо, баҳодиҳии тағйирёбии иқлим дар давраи мушоҳидаҳои асбобӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои зерин ба даст омаданд: дар давраи аз соли 1924 то соли 1990 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар водиҳои ҷануби Тоҷикистон 1,9°С ва дар баландкӯҳҳо 0,73°C баланд шудааст. Ҳарорати ҳаво дар як сол ба ҳисоби миёна 0,039°C меафзуд. Аз соли 1990 инҷониб миқдори боришоти солона ба ҳисоби миёна дар ҳамаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ аз меъёри иқлимӣ 18% зиёдтар аст. Дарозии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аз 4,2% то 10,7%, дар гиреҳи марказии пиряхҳо 0,9%-2,5% кам шудааст. Дар Помири Шарқӣ тағйирёбии пиряхҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ин натиҷаҳоро ҳангоми пешгӯии тағйирот дар захираҳои об ва баҳодиҳии рушди иқтисодӣ истифода бурдан мумкин аст.
Аз соли 2010 инҷониб аз рӯйи мавзӯи илмӣ-тадқиқотии «Омӯзиши таъсири иқлим ба тавозуни оби ҳавзаи дарёи Варзоб дар давраи мушоҳидаҳои асбобӣ» тадқиқот гузаронида мешавад. Ҳангоми иҷрои ин кор усулҳо ва технологияҳои нав бо истифода аз системаи иттилоотии ҷуғрофӣ ва маълумоти зондкунии дистансионӣ татбиқ карда шуданд.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба тавозуни обии дарёҳои хурди кӯҳӣ дар мисоли ҳавзаи дарёи Варзоб омӯхта шуд. Бо истифода аз системаи иттилоотии ҷуғрофӣ харитаи хусусиятҳои иқлимӣ ва гидрологии минтақаи тадқиқотӣ сохта шуд. Баҳодиҳии бузургиҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба реҷаи гидрологии ҳавзаи дарёи Варзоб гузаронида шуд. Харитаҳои баландсифати унсурҳои тавозуни обии ҳавзаи дарёи Варзоб тартиб дода шудаанд.
Марҳилаи навбатӣ дар фаъолияти лабораторияи иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ татбиқи мавзӯи илмӣ-тадқиқотии «Динамикаи мувозинати оби ҳавзаи дарёи Кофарниҳон» буд. Баҳодиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ба тавозуни оби дарёи Кофарниҳон гузаронида шуд. Ҳудуди тадқиқот дар минтақаи кӯҳӣ бо фарқи зиёди баландӣ ҷойгир аст. Қатори хронологии мушоҳидаҳои асбобӣ ба ду давраи иқлимии ҳар кадом 42 солдошта, ҷудо карда шуд, ки хусусиятҳои миёнаи онҷоро барои арзёбии тағйирёбии иқлим муқоиса кардан мумкин аст. Маълумот дар бораи тағйирёбии иуқлим ва хусусиятҳои гидрологӣ дар давраи дуюми иқлимӣ (1970-2010) дар минтақаи тадқиқотӣ ба даст оварда шуд.
Афзоиши боришот дар фасли зимистон ва ҷамъ шудани барф метавонад боиси афзоиши хавфу хатари сел дар фаслҳои зимистон ва баҳор гардад. Афзоиши маҷрои об дар фасли баҳор бояд барои ҷамъ кардани об дар обанборҳо ва обанборҳои сунъӣ барои истифодаи минбаъдаи обёрӣ дар фасли тобистон, вақте ки боришот намешавад, истифода гардад. Усулҳои дар тадқиқоти мазкур барои баҳодиҳии тавозуни об коркардшуда дар арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба реҷаи гидрологии дигар дарёҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Дар айни замон барои ин лаборатория мавзӯи нав – «Баҳодиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ба ташаккули маҷрои дарёҳои Тоҷикистон бо истифода аз системаи иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ) ва усулҳои зондкунии фосилавии Замин» омода карда шудааст.
Лабораторияи моделсозӣ ва таъминоти иттилоотӣ бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Сатторов М.А. ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Доираи тадқиқоти илмӣ – ин ҷустуҷӯи усулҳои самарабахши тавсифи математикии равандҳои мураккаби табиӣ ва технологӣ мебошад. Омезиши бомаҳорати ҳисси муҳаққиқи таҷрибавӣ бо дониши амиқ дар бораи асосҳои амсиласозии математикии равандҳои табиӣ дар мақолаҳои илмии ӯ аз рӯйи тасниф ва намунаи намоиши ҳаракати моеъҳои ҳақиқӣ дар муҳитҳои капиллярӣ- масомадор инъикос ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки боз ба самти дигари тадқиқоти илмии Институт лабораторияи сифати об, гидро- ва биогеохимия машғул аст. Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии «Арзёбии ҳолати обҳои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе бо истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ» ба анҷом расид.
|
|
Ба татбиқи бомуваффақияти ин мавзӯъ, истифодаи таҷҳизоти муосир - дастгоҳи таҳлилии лазерии изотопи «Picarro L2110-I», ки дар Осиёи Марказӣ ягона аст, мусоидат намуд. Қабл аз ин таҷрибаомӯзии думоҳа дар Словакия барои кормандони илмии Институт дар доираи лоиҳаи МАГАТЭ «Истифодаи усулҳои изотопии баҳодиҳии захираҳои об ва ҳолати гидрогеологии онҳо (TAD7001)» гузаронида шуд.
Баҳодиҳии сифати пайдоиш, ташаккул, ҳаракат ва тақсимоти обҳои зеризаминӣ, вақти ба таъхир афтодани онҳо дар қабатҳои обӣ дар минтақаи тадқиқотӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои изотопҳои устувор ва бузургиҳои физикию химиявӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳлили изотопҳои устувори δ2Н ва δ18О нишон доданд, ки дарёҳо ва чоҳҳо натанҳо аз боришоти навборида оби сабук мегиранд, балки аз қабатҳои чуқур оби нисбатан кӯҳнаро низ мегиранд. Дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел обҳои барф ва боришоти баҳорӣ дар водии Ҳисор ба чуқурии 45 м мересанд. Тобистон аз сабаби баланд шудани ҳарорат ва бухоршавии зиёд об дар ҳама чоҳҳо изотопи вазнинтар дорад. Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили изотопӣ дар тирамоҳу зимистон, тақрибан ҳамаи намунаҳо аз рӯйи таркиби изотопӣ якхела мебошанд ва дар изотопҳои вазнин кам мешаванд. Ин ба сардӣ ва миқдори зиёди боришот вобаста мебошад. Оби сабуктарин дар намунаи таркиби изотопии дарёи Кофирниҳон, ки дар баҳор, дар давраи обшавии пиряхҳо гирифта шудааст, ошкор гардид. Бо усули полиномҳои маҳаллӣ бо истифодаи СИҶ интерполятсия гузаронида шуд, ки ҳар кадоми онҳо дар маҳалли муайян бо ҳам мепайвандад.
Аз моҳи августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институтро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид роҳбарӣ мекунад.
Айни замон, тадқиқот дар мавзӯъҳои «Оптимизатсияи муносибати об, хӯрок, энергетика ва экология дар шароити тағйирёбии иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон», «Масъалаҳои ташаккул ва танзими обовардҳои сахт дар объбектҳои обии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва «Стратегияи рушд ва оптимизатсияи тавозуни захираҳои энергетикӣ. Сенарияи гидро-ангишт оид ба рушди энергетика дар Тоҷикистон» дар давраи солҳои 2020-2024 таҳти роҳбарии илмии докторони илм Пулатов Я.Э., Фозилов А.Р. ва Давлатшоев С.Қ. иҷро шуда истодаанд.
Дар сохтори Институт як шуъба ва чор лаборатория мавҷуд аст:
- Идоракунии захираҳои об ва обсарфанамоӣ;
- Иншооти гидротехникӣ;
- Моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим;
- Энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ;
- Сифати об ва экология.