Skip to main content

Имрӯз (21.06.2024) бо ташаббуси Институти зоология ва паризатологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Нақши системаи интегратсионӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии бемориҳои трансмиссивии одаму ҳайвонот” бахшида ба 140 – солагии академик Е. Н. Павловский ва 110 – солагии академик М.Н. Нарзиқулов баргузор гардид.

Барои поси хотир ва ёдовари аз бузургон аҳли олимони соҳа ва дар умум ташкилкунандагони конфронс нимаи аввали рӯз ба саҳни Институти химияи АМИТ ташриф оварда, дар назди нимпайкараи Е. Н. Павловский маросими гулгузориро анҷом дода, ҳамзамон бо меҳмонони ташрифоварда дар назди ин нимпайкара акси хотиравӣ гирифтанд.

Дар идомаи конфронс дар маҷлисгоҳи Институти зоология ва паризатологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида шад. Тибқи барнома олимону кормандони институ ва марказҳои Хуҷанду Хатлон мутобиқ ба мавзуҳои муайяншудаи конфронс баромадҳо намуда, ба иштирокдорон маълумотҳои мукаммал муайян доданд.