Skip to main content

1231412Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Тавре, ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Мо, ки имрӯз дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем.

Мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоем ва дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда овози худро диҳем. Зеро бетарафӣ дар интихобот ба усули ширкати фаъоли интихобкунандагон дар интихобот мухолиф буда, баъзан оқибати ногувор низ дорад.

Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Ба ҳамин мазмун моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» меъёр пешбинӣ намудааст.

Зоҳир шудани чунин ҳолат боиси таъйини интихоботи такрорӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, хароҷоти зиёдеро тақозо менамоянд. Дар сурати таъйини интихоботи такрорӣ зарурати харҷи иловагии маблағҳои буҷетӣ рӯи кор меояд, ки чунин ҳолат ҳарчанд мувофиқ ба нишондодҳои ҷомеаҳои демократӣ бошад ҳам, чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро, агар шаҳрвандони кишвар дар интихоботи асосӣ фаъолона ширкат намоянд, пас зарурати баргузории интихоботи такрорӣ истисно мешавад ва маблағҳои буҷетӣ захира шуда, метавонанд дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, махсусан самти таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон масраф шаванд.

Дар баъзе кишварҳои демократии ҷаҳон, ба монанди Австрия, Белгия, Нидерландия, Италия, Испания ва қисми зиёди давлатҳои Амрикои Лотинӣ ба хотири таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаҳои интихоботӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар намуди ситондани ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар самти эъмори давлати демократӣ қадамҳои устувор гузошта бошад ҳам, роҷеъ ба масъалаи мазкур усули нисбатан пешқадамтарро интихоб намудааст. Яъне ширкат дар интихоботро иҷборӣ эълон надошта, онро ба ҳайси ҳуқуқи шаҳрвандон кафолат додааст.

Натиҷаи таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархурдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишвари худро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё ҳизби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва дар ниҳоят раъйи худро ба ҷонибдории эшон изҳор медоранд.

Хулоса ҳар як ҷавони бонангу номуси ватан бояд дарк намояд, ки иштироки ӯ дар интихобот на танҳо нишонаи зиракии сиёсӣ аст, балки қадами аввалин ба сӯи ояндаи дурахшони миллат мебошад. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар равандҳои сиёсӣ мо метавонем рушди устувори кишвари худро таъмин намоем ва Тоҷикистонро ба давлати боз ҳам шукуфон табдил диҳем.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ