Skip to main content

Рӯзҳои 1-8 августи соли 2024 дар шаҳри Рими Италия Конгресси 25-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо баргузор гардид. Конгресс дар Донишгоҳи Сапиенза баргузор гашт. Ин Донишгоҳ, ки соли 1303 аз ҷониби Попи Бонифасийи VIII таъсис ёфта, яке аз қадимтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Италия ва Ҷануби Аврупо буда, аз замони таъсиси худ, Донишгоҳи Сапиенза дар таърихи Италия ҳамеша нақши муҳим бозидааст ва бевосита дар тағйироту таҳаввулоти ҷомеа, иқтисод ва сиёсати кишвар саҳми бориз дорад.

Донишгоҳи Сапиенза анъанаҳои садсолаҳоро бо фаъолиятҳои муосири дидактикӣ, тадқиқот ва инноватсия муттаҳид карда, таҳсилоти олӣ ва имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотиро фароҳам меорад. Кампуси асосии он ҳамчун як шаҳраки воқеӣ дар дохили шаҳр ва дар маркази Рум ҷойгир аст. Донишгоҳи Сапиенза барои донишҷӯён ва омӯзгорон аз саросари ҷаҳон як макони ғайриоддӣ барои вохӯрӣ, мубодила ва таҳияи ғояҳо ва фалсафаи нав макони хеле дилкаш мебошад.

Кафедра курсҳоро ҳам дар сатҳи бакалаврӣ ва ҳам баъдидипломӣ пешкаш мекунад. Инчунин ду барномаи байналмилалии магистрҳо фаъолият дорад:

1. Вобаста ба омӯзиши фалсафаи идеализми олмонӣ, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи Йена (Олмон) ва донишгоҳи Падуа ташкил шудааст;

2. Дар бораи «Этикаи муосир ва консепсияҳои атиқа», ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Париж I/Сорбонна (Фаронса) ташкил карда шудааст.

Донишҷӯён ба шарофати созишномаҳои зиёди дуҷониба, ки аз ҷониби Донишгоҳи Сапиенза тавассути барномаи Эрасмус+ имзо шудааст, пайваста дар фаъолиятҳои шӯъбавӣ ва дар чорабиниҳоир сохторҳои дигари шаҳраки донишҷӯён, инчунин дар табодули фарҳангӣ бо донишгоҳҳои дигари Аврупо иштирок мекунанд. Якчанд биноҳои факултети фалсафа вуҷуд доранд: фалсафа ва адабиёт, фалсафа ва антропология, фалсафа ва инчунин паҳӯҳишгоҳҳое, монанди Институти тадқиқоти фалсафаи Кастелли ва амсоли он барои васеъ кардани дурнамои таҳқиқоти фалсафӣ ҳамкорӣ мекунанд. Донишҷӯён ва магистрҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногуни таърихи фалсафа ва инчунин дар соҳаҳои дигари фалсафӣ (таҳқиқоти назариявӣ, этика/биоэтика, эстетика, фалсафаи забон, фалсафаи сиёсӣ, таърихи илм) курсҳои махсус гузаранд.

Дар маросими ифтитоҳи Конгресс, ки рӯзи 1 августи 2024 соати 21:00 дар Терме ди Каракалла, яке аз барҷастатарин макон ва харобаҳои таърихии Рим, ки имрӯзҳо дар он маъракаҳои бузурги сиёсӣ-иҷтимоӣ баргузор мегарданд, теъдоди зиёди файласуфҳои ҷаҳонро даъват намуданд.

Дар он шаҳрдори Рим Роберто Гуалтйери, ректори Донишгоҳи Сапиенза Антонелла Полимени, президенти вилояти Лптсио Франческо Рокка, Президенти Конгресси 25-уми умумиҷаҳонии фалсафа Лука М. Скарантино бо суханони табрикотӣ ба Конгресс ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Дар охир, оркестри театри операи Рим арияҳои Ҷакомо Пуччини (1858-1924) - оҳангсози ниҳоят маъруфи итолиёвиро ба муносибати 100-солагии даргузашти ӯ ва эҳтиром нисбат ба ин оҳангсози бузург пешниҳод намуд.

Дар Конгресс зиёда аз 4 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои гуногуни олам ширкат варзида, дар бахшҳои гуногуни он гузоришҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро ироа намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин Конгресс чор нафар – д.м.ф., профессор Назариев Рамазон – мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, Зиёев Идибек – д.и.ф., профессор, факултаи фалсафаи ДМТ, Раҳимов Муҳсин – д.и.ф., профессор, Донишгоҳи техникӣ ба номи М. Осимӣ ва Шомуродов Баҳодур – номзади фарҳангшиносӣ, достент, ДДОДТ ба номи С. Айнӣ ширкат варзиданд.

Дар Конгресс маърӯзаҳо ба 89 бахш тақсим шуда буданд ва аз ҷумла мудири Маркази синошиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Рамазон дар мавзуи «Philosophy of History and History of Philosophy at the Crossroads of Cultural Traditions (European Experience and Tajik Identity)» - («Фалсафаи таърих ва таърихи фалсафа дар чорроҳаи суннатҳои фарҳангӣ (таҷрибаи Аврупо ва ҳувияти тоҷик)» дар бахши фалсафаи илм гузориши илмӣ анҷом дод.

Рӯзи 8 август Конгресс ба кораш ҳусни хотима бахшид.