Skip to main content

03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни ташриф ба Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS иштирок намуданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS - «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, барои таъсис ва ҷиҳозонидани лаборатория, сохтмони истгоҳҳои (2 дона) гармидиҳӣ- хунуккунии бино равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, дар рузҳои наздик таҷҳизоти лозима насб карда, ба истифода дода мешавад. Истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии дуввум дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди ба пуррагӣ омӯхтани кори истгоҳҳои мазкур дар шароити Тољикистон, тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад.

Инчунин мувофиқ ба қарордодҳои тарафайн ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос фиристода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби муҳақиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ шуда истодааст.