“Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд. Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки дар замони муосир ва инчунин дар раванди рушди босуръати илм ва техника маҳз қабули Қатъномаи муҳимму басо ҳам муфид аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз санаи 25 июли соли 2025 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, қабул шуд, яке аз аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таваҷҷуҳи бештари худро медиҳад.
Чунки дар замони муосир рушди босуръати илму техника яке аз муҳимтарин масоил барои ҳар як давлат ва бар замми ин пеш аз ҳама таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва инчунин шаҳрвандонаш маҳсуб меёбад. Хоҳ нохоҳ иттилоот дар ҳаёти инсон ва инчунин давлат торафт мақоми волотареро ишғол менамояд. Аз ҷониби дигар, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи пурқудрат ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар самти 17 Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ҳамаҷониба хизмати зиёде мекунад, ки ба истифодаи муносиби захираҳо, инчунин таҳлили маълумоти зиёд ва навоварӣ ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.
Бинобар ин имрӯзҳо сухан бештар дар атрофи марҳалаи нави рушди башарият, яъне ҷомеаи иттилоотӣ меравад. Зеро айни замон, тибқи аксари мушоҳидаҳо кулли кишварҳои дунё манфиатҳои давлатии худро бо таҳлили қиёсии ширкати фаъолона дар ташаккулдиҳии ҷомеаи иттилоотӣ арзёбӣ менамоянд. Дар соли 2025, тавре ки дар гузориши UNSDG қайд шудааст, зеҳни сунъӣ аллакай истифодаи муносиби энергияро таъмин мекунад, ташхиси тиббиро беҳтар мекунад ва биоравнақиро назорат мекунад.
Лозим ба тазаккур аст, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи илмӣ аз солҳои 1950 инҷониб инкишоф ёфтааст ва айни замон бештар дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, шабакаҳои нейронӣ ва коркарди маълумоти калон ба таври васеъ истифода мешавад. Дар маҷмуъ рушди устувор, зеҳни сунъӣ ба ҳадафҳои СММ ҳамаҷониба мусоидат мекунад, ки масалан, ҳадафи 9 (навоварӣ ва инфрасохтор) ва ҳадафи 13 (ҳифзи иқлим) мебошанд.
Бояд қайд кард, ки маҳз бо дарназардошти рушди инфраструктураи глобалии иттилоотӣ, таъсисдиҳӣ ва истифодабарӣ аз техника ва инчунин технологияҳои ҷадиди замони муосир баҳри таъмини болоравии иқтисодии устувор, беҳтару хубтар гардонии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи сулҳу ризоияти миллӣ ва таҳкимбахшии демократия, ҳифзи манофеи миллии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот бори аввал дар Консепсияи амнияти иттилоотӣ, ки соли 2002 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида буд. Маҳз дар ин санади муҳим вазифаҳое, ки ҳалли онҳо барои расидан ба ин мақосиди зарурӣ лозиманд низ нишон дода шудаанд.
Метавон гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ мушкилоти минтақавӣ ба монанди идоракунии захираҳои обӣ, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар он пешсаф аст, метавонанд бо кӯмаки зеҳни сунъӣ ҳал шаванд. Масалан, моделҳои ЗС барои пешгӯйии офатҳои табиӣ ва истифодаи муносиби кишоварзӣ истифода бурда мешаванд. Дар замони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла рушди устувор шинохта шудааст.
Мутобиқи гузоришҳои СММ зеҳни сунъӣ метавонад, ки дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисод нақши басо муҳим бозад. Дар Осиёи Марказӣ, ки минтақаи дорои захираҳои бой ва мушкилоти муштарак ба монанди тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ аст, истифодаи зеҳни сунъӣ имконоти навин фароҳам меоварад. Зеро дар соли 2025 бо дарназардошти ақибмонии ҲРУ зеҳни сунъӣ метавонад, ки ҳамчун як воситаи ҳаракатдиҳанда ва ноилшавандаи ояндаи устувор гардад.Чунки амнияти итилоотӣ манофеъ ва обрӯю эътибори (имиҷи) давлат дар соҳаи иттилоот яке аз муайянкунандаҳои ояндаи бехатарии миллӣ ва инчунин байналхалқӣ гардидааст.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94. Ин ташаббус аз суханронии Пешвои миллат дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) сарчашма мегирад: чунки Қатъномаи A/79/L.94 ба соҳаи ғайриҳарбӣ тамаркуз карда, истифодаи зеҳни сунъиро барои ҳадафҳои ҳарбӣ истисно мекунад.
Аз ҷониби дигар, он таъсири трансформатсионии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба эътироф намуда, бар замми ин гуфтаҳо ҳамзамон саъю талошҳои кишварҳои минтақаро, аз ҷумла амали стратегияҳои миллӣ (Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи Ӯзбекистон то соли 2040, Консепсияи Қазоқистон барои солҳои 2024-2029) ва таъсиси марказҳои инноватсионӣ (ба монанди Asian Hub ва Парки технологияҳои баланд дар Қирғизистон)-ро тақвият мебахшад.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҲРУ-яъне Ҳадафҳои Рушди Устувор дар маҷмуъ 17 ҳадафи ба ҳам алоқамандро дар бар мегиранд: аз барҳам додани камбизоатӣ (ҲРУ 1) ва гуруснагӣ (ҲРУ 2) то таълими босифат (ҲРУ 4), баробарии гендерӣ (ҲРУ 5), энергияи тоза (ҲРУ 7), шаҳрҳои устувор (ҲРУ 11) ва амалҳои иқлимӣ (ҲРУ 13). Ҳамаи онҳо аслан гирем ба се сутуни устувор – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ – нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, дарки он муҳим мебошад, ки ҳеҷ як кишвар дар ҷудоӣ ва берун аз фазои иттилоотии ҷаҳон вуҷуд дошта наметавонад. Зеро асри гузаштаи ХХ ба пуррагӣ дар маҷрои пурҷӯшу хурӯши ташаккулёбӣ ва рушди индустрияи иттилооти ҷаҳонӣ сипарӣ гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки тибқи маълумоти дақиқ барои далел агар соли 1993 дар ҷаҳон теъдоди истифодабарандагои шабакаи умумиҷаҳонии Интернет наздик ба 90 ҳазор расида бошад, баъд аз сипарӣ гардидани як даҳсола шумораи истифодабарандагон ин дастгоҳи бузурги иттилоотӣ ба 580 миллион ва дар давраи соли 2004 бошад, дар маҷмуъ миллиард нафарро ташкил менамуд. Чунки дар давоми таърихи инсоният ҳеҷ як ВАО бо чунин як суръати баланд инкишоф наёфтааст.
Хулласи калом, бо сипарӣ гардидани расо се даҳсола, яъне баъд аз таъсисдиҳии шабакаҳои нахустини компутарӣ ва ҳамзамон пас аз 10 соли расидани шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба зинаи муосири нуқтаи инкишофи худ ва инчунин ба вуҷуд омадани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ як падидаи воқеӣ ва инчунин ҳалли вазифаҳои он гӯиё як зарурияти ҳаётан муҳим гардиданд, ки пештар, дақиқаш 50-сол қабл аз ин, дар мавриди аз тариқи почта фиристодани 30 саҳифаи матн ба масофаи 5 ҳазор километр тақрибан 10 рӯз ва инчунин 10 доллар зарур буд. Ё ин ки 20 сол пеш аз ин ҳамин гуна миқдори матнро тавассути факс дар зарфи 1 соат бо масрафи 50 доллар интиқол намудан мумкин буд. Акнун имрӯз бошад барои амалӣ гардонидани ин кор ҳамагӣ чанд сония ва дар маҷмуъ 3 сент лозим аст.
Хулоса, айни замон зеҳни сунъӣ, аз ҷумла омӯзиши мошинӣ, таҳлили иттилооти калону пешгӯйиҳо имкониятҳои назаррас барои ҳалли ин масоилу аҳдофро пешниҳод мекунад. Тибқи гузориши Nature соли 2020, ки соли 2025 навсозӣ шудааст, зеҳни сунъӣ метавонад баҳри ноил шудан ба 134 аз 169 нишондиҳандаи ҳадаф мусоидат кунад, аммо инчунин ба 59-тои онҳо бошанд монеъ шавад.
Аз нигоҳи дигар, мутобиқи маълумоти Гузориши ҷаҳонии рушди устувор соли 2025, пешрафт дар Ҳадафҳои Рушди Устувор камтар аз 50% аст ва бо ақибмонӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ оварда расонидааст. Зеҳни сунъӣ метавонад дар мониторинг ва амалисозӣ тавассути таҳлили маълумот барои пешгӯйии тамоюлҳо ва истифодаи муносиби захираҳо ҳамроҳ шавад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки Консепсияи рушди устувор дар натиҷаи муттаҳид кардани се нуқтаи назари асосӣ: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ пайдо шудааст. Он пеш аз ҳама тадбирҳои истифодаи муносиби захираҳои маҳдуд ва инчунин истифодаи технологияҳои экологӣ - табиӣ, энергия ва материалсарфа, ҳифзи устувории системаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини якпорчагии системаҳои биологӣ ва физикии табииро дар назар дорад.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои физикаву математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон