Skip to main content
Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик буда, нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароити мусоид заминагузорӣ карда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Истиқлоли давлатӣ рамзи пирӯзиву хушбахтӣ, дастоварди пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафи кишвар аст, ки ба таъмини некуаҳволии мардум ва рушди бомаром мусоид намуд. Баъди сипарӣ гардидани чанд марҳилаҳои таърихӣ, бори дигар миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконияти эҳёи давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.

Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфт, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас аст. Дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Маҳз Сарвари давлат миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд. Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони Амрико гуфт: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».

Бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, баҳри рушду инкишофи кишвар бештар талош намоем.

Маҳз самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, миёни амнтарин кишварҳои олам қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ҷиҳати ҳифзу ҳимояи меҳан, ободиву созандагӣ ва иттиҳоди умумӣ чунин ибрози ақида намудаанд: «Мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик метавонад дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба тамоми орзуҳои неки худ бирасад ва як олами пур аз саодат бисозад, ки назираш дар ҷаҳон набошад.

Шаҳлохон Муродалӣ,- ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ