Skip to main content

29 августи соли равон бахшида ба “Рӯзи дониш” ва ҳамзамон тантанаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои олимони ҷавон ва Шурои бонувони Институт мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ дар масири рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Сухани муқаддимавиро Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра оғоз намуда, дар идома раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои филология Зиёзода Субҳиддин Насриддин ибрози андеша намуданд.

Ду нафар олимони ҷавони Институт ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои филология Мадимарова Гулҳаё дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои беназири он» ва ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Соҳиби Баҳрулло дар мавзуи «Нақши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии кишвар дар замони Истиқлол» бо маърӯзаи илмӣ суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамагуна имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ҷиҳати амалигардонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар фароҳам оварда шуда, ҳамзамон таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва рушди маънавиёту тақвияти зеҳнияти илмиву техникии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса равона гардид.