Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушду нумӯъ кард ва барои зиндагии шоиста ва инкишофи озодонаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ баҳам омадану ҳампайванд шудан, тавофуқи ҳамдигару ба ризоияти умумӣ муваффақ гардидани миллати тоҷик мебошад.
«Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».
Эътирофи сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон чун дастоварди муҳими ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баландест ба заковати халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба фарҳанги сулҳофарии мо, ки дар хотимаи муноқишаву ҷангҳои дохилии бисёр кишвару минтақаҳо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Мухолифати тезутунди дохилиамон, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал шуд, боиси бадбахтиҳои бешуморе гардида, кинаву хусумати зиёдеро ба бор овард. Қисме аз аҳли миллатро сарсону саргардон, паҳну парешон, ғариби мулки дигарон гардонда, кишварро хароб сохт. На танҳо ҳамсоя ба ҳамсоя, балки хешу табор ба ҳамдигар бо назари шубҳа менигаристанд.
Эътимод ба ояндаи кишвар ва анҷоми ин ҷанги худкуш намонда, дар гуфтугузори ҳукумати кунду мухолифини тунд дар ҳаллу фасли ягон масъала мувофиқа ба даст намеомад. Дар забони пиру ҷавон сухан аз ҷанг буд. Бино ба мушоҳидаи як рӯзноманигори хориҷӣ радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҳукумат дар дохили ҳукумат гардида: Ҳукумати «мусолиҳаи миллӣ» рӯйдоду воқеаҳоро ба тарзи дигар шарҳу эзоҳ медод, ҳукумати дохили ҳукумат чизи дигар мегуфту манзараи дигарро пешкаши мардум мегардонд. Беист аз «комёбиву зафарҳо дар ҷанги худкушӣ» ҳарф мезад. Ба оташи ҷанг равған мерехт, дар дили мардум тухми адовату кина ва нобоварӣ ба ҳамдигарро мекишт, ки ҳукумати вақт ба «ҳукумати дохилии худ» ҳеч таъсире расонида наметавонист. Мардум ҳайрон монда буд, ки ба сухани кадоме аз ин «ҳукуматҳо» бовару эътимод ва аз рӯйи гуфтаи кадоме аз инҳо амал кунад. Ҳокимияти қонунбарор ғайри ивази пайиҳами раиси худ дигар кори муҳимеро наметавонист ба анҷом бирасонад. Вакилони халқи тақсим ба гурӯҳҳо баҳсу мунозираи оштинопазирро идома медоданд.
Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлат, ки баъди гузашти солҳо навиштааст:
«Маҳз дар ҳамин давра (солҳои 90-уми садаи гузашта-П. Г.) имконияти таърихии иттиҳоди нерӯҳои фаъоли ҷомеа ва ваҳдати мардуми тоҷик барои расидан ба ҳадафи олӣ-истиқлолияти миллии Тоҷикистон фароҳам омада буд, вале, мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ ҳангоми парокандашавии империяи абарқудрати Шӯравӣ оқилонаву зиракона истифода нашуд. Раванди фарорасии истиқлолияти давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқ эълон намудани Тоҷикистон аз лиҳози шаклу мазмун ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли Шӯравӣ шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он ба муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва сиёсисозии мушкилоти ҷомеа печида, оқибат ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард».
Дар воқеъ, сарварону роҳбарони гурӯҳҳо ба ҳамдигар бо хашму ғазаб сухан мегуфтанд ва на парвои парешонии миллатро доштанду на вайронии кишварро. Танҳо аз «муваффақият» ва «дурустӣ»-и амали хеш бо «ифтихор» сухан гуфта, фаромӯш карда буданд, ки «давлат ҳама з-иттифоқ хезад,бедавлатӣ аз нифоқ». Ҳар лаҳза набудани бузургони миллат чун устод Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода эҳсос мешуд.Чеҳраи маъруфе набуд, ки аҳли ҷомеа ба ҳарфаш гӯш диҳаду эътимод кунад, дар атрофаш муттаҳид гардад.
Меҳру муҳаббати пойдору устувори байниҳамдигарии мардумони Тоҷикистонро ба хашму хусумат ва кинаву адоват табдил дод. Дашти ташналабу биёбони Вахшро, ки намояндагони маҳалҳои гуногуни на танҳо Тоҷикистон, балки тоҷикниши Осиёи Миёнаву дигар миллатҳо бо ивази пӯсташон ба водии зархез табдил дода буданд, дар муддати кӯтоҳ ба маркази муноқишаҳо ва ҳамдигарбадбинӣ мубадал гардонд. Мардум фаромӯш карданд, ки солҳо аз як хон нон мехӯрданд ва шодиву ғамшарики ҳамдигар буданд. Дуди сиёҳ осмони мусаффои на танҳо ин водӣ, балки тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт, ки ҳар кадоме ба сӯйе роҳ пеш мегирифт: духтар ба Хатлону бача ба Бадахшон ё домод ба Ҳисори шодмону арӯс ба Зарафшон. Оқибат ҷанг доман зада, бесарусомониҳо оғоз гардид. Садои навҳаву нола аз ҳар дареву манзиле ба гӯш мерасид. Арӯс домоди навҷавони ҳазор орзуву ормон дар дилу модар писари ягонаи аз ҷон азизашро аз даст медод. Зиндагӣ дар чунин шароит мушкилу ғайриимкон мегардид, ки аввал мардумони ин водӣ, баъд сокинони дигар маҳалҳо халосии худро дар фирор ба давлати ҳамсояи Афғонистон ва давлатҳои муштаракулманофеи Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия медонистанд. На роҳбареву на сарваре. Сареву савдое, мардумеву ғавғое. Он замон, ба ибораи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ҳукумат кунду мухолифин тунд буданд, ки ҳеч роҳи созишу оромиши байниҳамдигариро намеёфтанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфт, вале аз мусолиҳа асаре. Мардуми пуркину пурхашми силоҳбадасти чашмонаш пурхун на парвои муйсафед дошт ва занону кӯдакон.
Муноқишаҳо на танҳо ба ваҳдати миллӣ, балки ба мавҷудияти давлати тозаистиқлоламон таҳдид мекард. Оқибат ақли солим ғалаба кард ва ба хубӣ эҳсос намуданд, ки давоми аҳвол бад-ин минвол боиси парешонии боз бештари миллати дар таърих борҳо ҷафодида ва несту нобудии давлати тозаистиқлоли пуштибону такягоҳи тамоми тоҷикони ҷаҳон хоҳад шуд ва Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози барқарории қонуният ва адолат дар кишвар гардида, ҳукумати нотавонро неруву қувват бахшид . Бо роҳандозии тамоми имконияту восита ба наҷоти миллат аз фано ва нигаҳдории давлат аз нобудӣ пардохт ва интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари давлат равзанаи нуре гардид барои ояндаи неки тоҷикон. Шӯълаи умедеро ба ояндаи норавшани дар дили пур аз ноумедии мардуми тоҷик фурӯзон кард. Ваъдаи қатъии ба Ватан баргардондани гурезаҳои сарсону саргардон ва таъмини сулҳу оромии кишвар, ваҳдату ягонагии мардумони Тоҷикистон аз ҷониби раҳбари ҷавони тоҷикон дилҳоро то андозае гарм кард. Охируламр тоҷики парешону бе сару сарвар ҳайрон дар симои ҷавони дур аз бозиҳои пасипардагии сиёсатмардони дар қӯраи бозиҳои сиёсӣ пухта роҳбару роҳбаладеро пайдо кард, ки бо амалаш устувории хешро ба лафзу ваъдааш собит месохт.
Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосия ба барқарории сулҳу баргардондани тоҷики гурезаи иҷборӣ аҳду савганд ёд кард ва барои иҷрои қавлу ваъдааш камари ҳиммат баст. Ҷон дар кафи даст на танҳо ба манотиқи гуногуни кишвари даргирии ҷанг, балки Афғонистони пур аз дуду оташ сафар карда, аз сулҳу оштӣ, якдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ лаб ба сухан кушод. Ба қавле, аз рӯйи ҳикмати аҷдодони фарҳангофараш амал намуд:
Нахоҳӣ, ки бошӣ парокандадил,
Парокандагонро зи хотир маҳил!
Шояд бо гузашти солҳо ва оромии комили кишвар он заҳмату меҳнатҳо ба назари баъзеҳо одиву сода намояд. Чӣ расад роҳ ба сӯйи Афғонистони пурдуду гулӯлаборон, балки ба як гӯшаи хоки Тоҷикистон-Бадахшон низ чандон саҳлу осон набуд: дилҳои пуркину чашмони пурхуни падару модар, писару бародар, хоҳару додаргумкардагон ҳар лаҳза ба ҷони ҷавонаш таҳдид мекарданд. Вале аз рӯйи мардиву ростқавлӣ ба пурхавфтарин минтақаву гӯшаҳои Тоҷикистон сафар дошт, мақсаду ҳадафашро бисёр содаву одӣ, ба иборае бо дипломатияи халқӣ ба мардум шарҳу эзоҳ медод. Мададу машварат мехост. Бо ҳамин тарзу гуфтор, ҳамин шеваву рафтор ба дили сокинони кишвар роҳ ёфта, баъди музокираву мунозираҳои зиёде ба рӯзи таърихии имзои Созишномаи сулҳ расидем, ки бегумон дар ин кори хайр ҷавониву ҷасорати раҳбари тоҷикон нақшу мақоми вижа дорад.
Бузургоне, ки имрӯз дар бораи он айём ҳар гуна тахмину фарзияҳо пешниҳод мекунанд, қудрату тавони берун бурдани 10-15 нафар хешу табор ва ҳаммаҳаллашонро аз майдонҳои муқовимат надоштанд, чи расад ба ҳам овардани миллат. Ҳар гурӯҳ ба қувваю ғалабаи худ бовар дошт ва лаззати «комронӣ» мечашид, вале намедонист, ки он нашъаи кадом «ғалабаву чӣ комёбиест». Ҳама фаромӯш карда будем, ки дар ин гуна муқобилату муқовимат ва ҷангу хархаша касе ғолиб нахоҳад буд. Он танҳо бохти миллат хоҳад буд. Ва ӯ аз ҳамин хусус сухан кушод ва ёрони худрову ҳарифонро бовар мекунонд, ки ҷанги дохилӣ ғолиб надорад, боиси бохти миллату вайронии давлати тозаистиқлол хоҳад шуд:
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг
Наояд, агар бошадаш ному нанг.
Обрӯву нуфузи давлати тоҷикон рӯз ба рӯз афзуда,суханрониву пешниҳодҳои сарвари он мавриди таваҷҷӯҳи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи олам қарор гирифт. Эълони соли 2003 чун Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 «Об барои ҳаёт», баргузории конфронсу ҳамоишҳои бузурги илмию фарҳангии байналмилалӣ дар пойтахти давлати тоҷикон-Душанбе ҳама гувоҳи эътирофи кӯшишу талошҳои бунёдкоронаи роҳбари Тоҷикистон аст.
Ҳарчанд гурӯҳе бо тамоми ҳастиаш бар он кӯшид, ки ин миллатро дар назари оламиён чун ваҳшиву одамкуш ҷилвагар созад, лек дар ҳеч давру замон офтобро ба доман пӯшидан натвон. Ба туфайли заҳмату меҳнати пайгиронаи сарвари ҷавонаш боз аҳли ҷаҳон тоҷиконро чун мардуми фарҳангофарину сулҳпарвар, бунёдкору созанда шинохтанд. Тоҷикон дар гузашта бузургони зиёдеро ба оламиён додааст, ки ба ақлу фаросат ва хираду заковаташ ҷаҳониёнро ба ваҷду ҳайрат оварда, баракати илму фарҳангаш маърифати умумии аҳли башарро ба болоҳо мебарад.
Дар замоне, ки кишварҳои зиёде давлати тоҷиконро чун кишвари мустақил эътироф карда, ба расмият шинохтанд, вале барои ҳамкорӣ шитоб надоштанд, анҷоми вохӯриву сӯҳбатҳои судманд маҳорату заҳмат мехост. Чи расад ба хориҷиён, ки дар дохили кишвар гурӯҳҳои гуногун дар хусуси нопойдории ҳукумат овозаҳо паҳн карда, мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ доштан мехостанд. Тазйиқи дохиливу берунӣ, хиёнати худиву бегона, муборизаи шадиди ошкору пинҳон давом дошт. Дар ин гуна шароиту вазъият идораи давлат чандон саҳлу осон набуд. Одитарин саҳву ғалат боиси нобоварии мардуму канораҷӯии кишварҳои дигар аз ёриву мадад мегардид, ки бардоштани чунин масъулияти бузург кори на ҳар кас буд.
Вале азму талоши қавӣ, устуворӣ ба қавлу ваъда, сафару мулоқотҳои мунтазам бо аҳли кишвар дар манотиқи гуногун ва сарварони давлатҳои дигар дар ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оштӣ, ваҳдату боварӣ ба ҳамдигар самари нек медод, ки он ҳама аз баракати ҷавонӣ, ғайрату ҷасорати беандоза ва масъулиятшиносии сарвари давлати тоҷикон буд.
Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»
Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд.Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.
Ҷангибекова С., унвонҷӯи бахши аввали Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ