Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Истиқлоли Ватан, ки мояи ифтихору саодат ва фархундагии тоҷикистониён мебошад, сароғози эҳёи миллату давлат гардида, дар замири ҳар як фарди ҷомеа эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва хоки поки аҷдодиро ба маротиб зиёд намуд. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 33-юмин солгарди онро таҷлил хоҳанд кард, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои такомули низоми демократия, дунявият, эҳёи фарҳангу тамаддун, арзишҳои волои миллӣ ва хештаншиносӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Тамоми ин талошҳо ба мақсади барқарории сулҳу субот, пойдории давлати миллӣ, амалӣ сохтани ормонҳои ҳазорсолаи миллат, таъмини озодиҳои инсон, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ равона гардидааст.
Дар солҳои аввали замони Истиқлоли давлатӣ, ки сарнавишти кишвар ва ояндаи он ҳал мегардид, қувваҳое буданд, ки мехостанд ҷомеаи моро аз шоҳроҳи саодат дур сохта, дар байни мардум тухми адовату бадбиниро коранд ва бесарусомониҳоеро ба бор оранд. Дар мушкилтарин рӯзҳо, ки тоҷикистониён ба ҷуз аз зистан дигар орзуе надоштанд, бо мақсади наҷоти миллат ва дур сохтани он аз таъсири таълимоту ақидаҳои ифротию хурофотӣ ва бегонапарастӣ, роҳбарияти нави давлат бо аз худ гузаштанҳо ва талошҳои беназир роҳи миллатро ба сӯйи саодату маърифат кушод ва онро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшид.
Оқибат ақли солим пирӯз шуд, сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва кишвари мо аз гирдоби ҳалокат берун шуда, роҳи демократии давлатсозиро пешаи худ қарор дод, то тавассути ин низоми давлатдорӣ ормони ҳазорсолаи саромадони миллатро амалӣ созад.
Раҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва дорои диди сатҳи ҷаҳонӣ дар масири баланд бардоштани худогоҳии миллат, нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангии қадимаи тоҷикон, ҳифзи забони тоҷикӣ ва боло бурдани ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва низоми демокр тадбирҳои муассирро амалӣ сохтанд.
Дар ин замина аз таҷрибаи системаи пешгирифтаи кишварҳои Аврупо, ки бо номи Вестфал машҳур гаштааст, истифода гардид. Ин системае мебошад, ки дар асоси усулҳои мушаххас миллатро муттаҳид сохта, ба ягонагӣ мебарад. Дар доираи ҳамин низом аврупоиён тавонистанд бо тадриҷ он масъалаҳоеро, ки дар нимаи аввали асри ХVII дар Аврупо ба вуҷуд омада буданд, ҳал намоянд. Дар асоси принсипи мустақилият бунёди низоми нави сиёсиро гузошта, имконоти пешравии онро дар оянда ба вуҷуд оварданд.
Ҳадафи Президенти кишвар дар татбиқи тарҳи давлатдории навин аз он иборат буд, ки сараввал миллат ҳамчун миллати тому комил муттаҳид гардад. Ва сипас, дар раҳи бунёди давлати миллии пешрафта талош варзад.
Ҳоло шукри Истиқлол мекунем, ки мо соҳиби давлати аслии худ шуда, роҳбарии давлатамон ба дасти давлатмардони худамон аст. Барқарор гардидани сулҳу оромӣ, вахдати миллӣ ва бунёди давлати навини миллии демократӣ натиҷаи заҳматҳои Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Дар шароити феълӣ авзои геостратегии ҷаҳон "бозии беқоидаро" мемонад, ки дар он маълум нест ин ё он давлат ва бахусус давлатҳои хурд чи тавр бояд фаъолият кунанд. Ҳатто имконияти ба нақша гирифтани дурнамои фаъолияти сиёсӣ барои бисёр кишварҳо мушкил шудааст. Аз ин рӯ, дар сиёсат ҳолате ба вуҷуд омадааст, ки гӯё он вуҷуд надорад. Ҷаҳон дигар гардида, низоми муносибатҳои қаблӣ кӯҳна шуданд. Ҳоло зарурати усулҳои нави сиёсии ҷаҳон ба миён омадааст.
Аммо кур-курона пайравӣ кардан ба кишварҳои дигар, аз ҷумла, ба давлатҳои пешрафтаи олам оқибати хуб надорад. Дар ин раванди ҷаҳонсозӣ роҳи наҷоти ҳар миллат ин аст, ки бояд марҳила ба марҳила ба мустақилияти пурра расида, давлати худро бунёд кунад.
Дар таърихи муосири кишварамон аз солҳои 2000-ум ба ин тараф фаҳмиши шинохти ягонагии давлату миллат, ҳамзистии мусолиматомез, худшиносии миллӣ ва худшиносии сиёсӣ дар ҷомеа боло рафтааст. дастгирии умум пайдо кардааст. Нуктаи муҳим он аст, ки ин ду омили муҳим дар атрофи манфиатҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гашта, ҷомеа ба зуҳури низоми давлати миллӣ бо назари нек нигарад.
Ба мақсади боз ҳам наздик сохтани ин ду падидаи калидии ҷомеаи муосири тоҷик лозим аст, ки аз тариқи сиёсати иҷтимоии ҳадафнок миллату давлатро ба марҳилаи нави созандагӣ роҳнамун созем. Зеро сиёсати иҷтимоӣ яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, рисолати таҳкими суботи ҷамъиятӣ, таъмини заминаи роҳандозии рушди босуботи ҷомеа, тавсиаи ҳамгароиву ҳамкориҳои судманди афроду умумиятҳои гуногунро бар дӯш дорад. Аз ин рӯ, пешбурди самараноки чунин сиёсати муътадили иҷтимоӣ дар сархати муҳтавои афзалиятҳои инкишофи ҳар давлат қарор мегирад ва вобаста ба интихоби усули манфиатбахшу оқилонаи татбиқи он робитаи ҳасанаи низоми сиёсӣ бо мардум ва мардум бо низоми сиёсӣ ба даст меояд. Дар робита ба ин низомҳои сиёсӣ барои муваффақ шудан ба ин ҳадафи олӣ ҷустуҷӯи усулҳои беҳтарини татбиқи сиёсати иҷтимоияшонро аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии фаъолияти хеш қарор медиҳанд.
Қобил ба тазаккур аст, ки дар баробари касби истиқлолият ва тағйири низоми ҷамъиятӣ ҷомеаи тоҷик низ бо тадриҷ аз муҳтавои идеяҳои сиёсати иҷтимоӣ ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тағйир ёфт ва ин худ ба раванди табиии дигаргуншавии зуҳуроти нави рушду инкишофи Тоҷикистон вобаста мебошад. Бо қабули Сарқонуни нав ва дар он хосатан зикр додани хусусияти иҷтимоии давлати навбунёд акнун зарурати коркарди амалию назариявии чигунагии сиёсатгузориҳоро марбут ба коҳиши нобаробариҳои иқтисодӣ, дастёбӣ ва омӯзиш, беҳдошти зиндагӣ, шуғл ва ғайра равшан кард.
Яъне, мебоист муайян гардад, ки дар сархати татбиқи ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии мамлакат кадоме аз идеалҳои то кунун мавҷудаи усули сиёсатгузориҳои иҷтимоӣ - таъмини баробарӣ, адолат, ҳуқуқу озодӣ, шарики иҷтимоӣ қарор дошта метавонад. Интихоби яке аз ин идеяҳои ба сифати усули татбиқи сиёсати иҷтимоӣ барои Тоҷикистон, ки дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад, аз аҳамияти аввалиндараҷа бархурдор мебошад. Зеро бидуни интихоби идеяи раҳнамунсоз дар сиёсати иҷтимоии давлат муайян кардани дурнамои татбиқи барномаҳои хусусияти иҷтимоидошта душвор хоҳад буд. Дар роҳи интихоби як идеяи раҳнамунсозандаи сиёсати иҷтимоӣ мусаллам аст, ки Тоҷикистон акнун наметавонист дигар аз идеяҳои хоси низоми сотсиалистӣ пайравӣ кунад. Чунки дар асоси тақозои замон ва тағйирёбии шакли муносибатҳои иҷтимоӣ ва зуҳури гуногуншаклии табиии кӯшишу ибтикори аҳли ҷомеа дар мавриди дастёбӣ ба захираҳои инкишоф барои татбиқи чунин сиёсати иҷтимоӣ ҳамоҳанг шуда наметавонист. Вале ин маънои онро надорад, ки аз муҳтавои сиёсати иҷтимоии мамлакат ғояи таъмини баробарии иҷтимоиро сарфи назар кард. Акнун таъмини баробарӣ на ба маънои барқарории баробарсозии истифода аз хадамоти иҷтимоӣ, балки таъмини шароити аввалияи дастрасии аъзои ҷомеаро барои истифода аз ин хадамот мадди назар дорад.
Чунин тавзеҳи усулии таъмини баробарӣ дар сиёсати иҷтимоии мамлакатамон дар даврони истиқлолият фазои мусоиди ҳуқуқиро барои зуҳури ибтикору меҳнати созандаи аҳли ҷомеа ва пешгирии мудохилаи на ҳама вақт зарурии давлатро ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам хоҳад овард. Пас дар ин замина саволе ба вуҷуд меояд, ки чӣ тавр ҷомеа метавонад дар татбиқи сиёсати одилонаи иҷтимоӣ тасмим гирад? Посухи ин саволро ҷомеашиноси муосири америкоӣ Ҷон Роулз дар шакли зерин пешниҳод сохтааст, ки мутобиқи он, асоси ҳар як тасмимгирии иҷтимоӣ бояд барқарор кардани баробарӣ бошад ва то ҷойе, ки мумкин аст ҳама чизи барои зиндагӣ лозим бояд ба таври баробар тақсим шавад. Ба ҷумлаи ин заруриятҳо қабл аз ҳама имкониятҳо барои таҳсил, шуғл ва монанди инҳо дохил мешаванд.
Илова бар ин Ҷ. Роулз ҳаққу ҳуқуқҳои озодиро яке аз шартҳои адолати иҷтимоӣ медонад. Ба андешаи вай дар ин самт бо ҳама аъзои ҷомеа бояд ба таври баробар рафтор намуд. Он чизеро, ки аъзои ҷомеа фаротар аз меъёри зиндагии хуб барои худ раво медонанд, онро набояд аз давлат умедвор шаванд, балки онро тавассути заҳмати беохири шаборӯзии худ ба даст оранд. Сарфи назар аз он ки дар ин замина ҳамаи аъзои ҷомеа ба натиҷаҳои якхела муваффақ намешаванд, лекин онҳо инро на ҳама вақт ҳамчун нишонаи беадолатӣ арзёбӣ менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин усули тасмимгирӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии имрӯзаи аксари кишварҳои пешрафта васеъ истифода мегардад.
Чунин як таҳаввулоти усулии дарки идеяҳои сиёсати иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон пас аз ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба баъзе аз моддаҳои асноди меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба худ хусусияти таъинкунандаро касб хоҳад намуд. Ин тағйиру иловаҳо имрӯз бо сароҳат собит карданд, ки агар сиёсати иҷтимоӣ беш аз ҳад моил ба таъмини барқарории баробарӣ бошад он на танҳо асли озодии мардумро зери хатар ва таҳдид қарор медиҳад, балки ибтикори иҷтимоии онҳоро низ поин мебарад. Дар робита ба гуфтаҳои боло метавон зикр сохт, ки вазифаи давлат аз татбиқи чунин сиёсати иҷтимоӣ қабл аз ҳама муҳайё сохтани зиндагии муносиб ва эҷоди заминаи ҳуқуқии дастрасии одамон ба шаклҳои гуногуни хадамоти иҷтимоӣ тавассути риояи адолати иҷтимоӣ мебошад. Дар чунин маврид меъёри асосии тасмимгирӣ аз ниёзҳои аъзои ҷомеа дар доираи дастгирии иҷтимоӣ дараҷаи ҳадди ақали зиндагии муносиб шинохта мешавад. Агар даромади моҳона аз таъмини ҳадди ақали зист камтар бошад, пас чунин гурӯҳи мардум бояд ҳамаҷониба таҳти сарпарастии хадамоти таъминоти иҷтимоӣ қарор гиранд, то ин ки эътирозу ноумедиҳояшон боиси халалдории сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ нагардад. Яъне сиёсати иҷтимоии баробарсозӣ дар ин замина метавонад нисбатан хусусияти одилона касб намояд ва ҳадафи баробару якнаво сохтани дастрасии аъзои ҷомеа ба ҳар гуна хадамоти иҷтимоӣ надошта бошад. Зеро набудани меъёри тасмимгирӣ аз ниёзҳои аҳли ҷомеа ба дастгириҳои иҷтимоӣ на танҳо боиси масрафи ғайримақсадноки дороии давлат, инчунин риояи одилонаи иҷтимоиро низ зери суол мегузорад. Вале бояд таъкид кард, ки алҳол қабули чунин як санади муҳим оид ба муайян кардани ҳадди ақали зист бо инобати болоравии сатҳи таваррум хеле зарур ва ногузир мебошад.
Агар аз ин мавқеи назариявӣ ба хусусиёти татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии мамлакатамон назар андозем, бо сароҳат хоҳем дид, ки воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на чандон тӯлонии мавҷудияташ тавонист на танҳо дар заминаи бардошти тағйири усулии муҳтавои идеяҳои сиёсати иҷтимоии худ, инчунин дар саҳнаи коҳиши нобаробариҳои иҷтимоию иқтисодии мардум ба муваффақиятҳо дастёб гардад.
Ин масъала қабл аз ҳама дар ҷаҳду талошҳои ҳукумати кишвар дар роҳи таъмину мусоидат ба ҳалли масъалаҳои рушду инкишоф ва суботи минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат зоҳир мегардад. Дар қадами аввал роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон тавонист дар масъалаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа, муаррифии онҳо дар фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва бо манфиатҳои умумимиллӣ наздик сохтани онҳо саҳми назаррас дошта бошад. Ин дар навбати худ ба тадриҷ заминаи мусоиди таъмини тақсими одилонаи захираҳои инкишофро фароҳам оварда истодааст. Ибтикори роҳандозии чунин амалия аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравӣ аз усули боздорӣ ва муқовимати байниҳамдигарӣ метавонад дар татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар самараи хуб ва созандаро ба бор орад. Ин воқеан ҳам яке аз хусусиятҳои барҷастаи давлати миллӣ мебошад, ки дар доираи арзишҳои демократӣ сурат гирифта истодааст ва ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷодаи эъмори он саъйу талош дорад. Ба андешаи мо, амалияи мазкурро минбаъд метавонанд ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки расолаташон марбут ба ҳимоя ва намояндагӣ аз манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад, пайгирӣ намоянд. Зеро ин имконият медиҳад дар фазои ҳуқуқӣ зуҳури аксуламали созанда ва салиқаи ниҳодҳои иҷтимоӣ дар иртибот ба падидаҳои ҷамъиятӣ густариш ёфта, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҷустуҷӯйи воситаҳои самараноки ҳалли масъалаҳо замина фароҳам оварад.
Дар кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон ҳамоҳангии байни манфиатҳо ва фаъолияти табақаҳои иҷтимоӣ дар заминаи таъмини дастрасии баробари онҳо ба захираҳои инкишоф, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо қабл аз ҳама дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо сурат мегирад. Барои чунин тартиби ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, ки дар он Маҷлиси намояндагони кишвар масъулияти таҳияи қонунҳо ва ҳокимияти иҷроия масъулияти татбиқи самараноки онҳоро ба зимма доранд, мусоидат менамояд. Ин тарзи фаъолият сохторҳои давлатӣ дар навбати худ имконияти пуштибонӣ аз ҳадафҳои маҳдуди гурӯҳҳо ва рӯёрӯйии сиёсии воҳидҳои маъмуриро дар мавриди қабулу татбиқи қонунҳо коҳиш медиҳад.
Бидуни шакку тардид дар шароити имрӯзаи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳими суботи ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад ва бояд ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт пайваста фаъолити собитқадамона дошта бошанд.
Дар ин самт тӯли солҳои охир ба қабули як қатор санадҳои ҳуқуқие, ки бевосита ба беҳтарсозии ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ, истеҳсоли арзишҳои моддию маънавӣ, хизматрасонӣ, такмили муносибатҳои бозорӣ, ҳифзи меҳнат, шуғли аҳолӣ, илму маориф ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ ва қабул намуд.
Ҷанбаи дигари муҳими сиёсати иҷтимоии давлат дар марҳилаи имрӯзаи ҷомеа афзоиши таъсири манфии буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти коҳиш додани шиддати масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон мебошад. Дар робита бо ин диди нав лозим аст, зеро муҳоҷирати меҳнатӣ ба хусус дар панҷ соли охир мазмун ва моҳияти хосаро касб намудааст. Дар дурнамои стратегӣ барои Тоҷикистон зарур аст, ки роҳи манфиатовари ин мушкилотро пайдо намояд.
Масъалаҳое, ки дар боло зикр шуданд, бояд бо тадриҷ амалӣ гарданд, зеро модели пешбурди сиёсати иҷтимоии муносибро мо танҳо дар сурате ба даст оварда метавонем, ки мутобиқ ба воқеияти имрӯзаи равандҳои геополитикӣ ва вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон шарҳу тафсир дода, мӯҳтавои идеяҳои раҳнамунсозандаи коҳиши нобаробариҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҷоди заминаҳои дастрасии одилонаи қишрҳои мухталифи мардум ба захираҳои инкишофро дар мағзи мардум ҷой диҳем.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки барои эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ ногузир аст сараввал пояҳои давлати миллиро мустаҳкам сохта, ба воситаи идеяи сиёсати одилонаи иҷтимоӣ қишрҳои мухталифи ҷомеаро бо ҳам муттаҳид созем. Ин раванд аз Ҳукумати кишвар тақозо менамояд бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи Европаи Ғарбӣ ва кишварҳое ба мисли Малайзия, Сингапур ва ғайра модели нави сиёсати иҷтимоиро тарҳрезӣ кунад. Боварӣ ҳаст, ки ин иқдом на танҳо боиси пешрафт ва рушду нумӯи Тоҷикистон хоҳад гашт, балки сулҳу субот дар кишвар хусусияти доимӣ касб карда, дастовардҳои Истиқлолияти Ватан ҳифз хоҳанд шуд. Ба даст овардани истиқлолият осонтар аз он аст, ки истиқлолият ҳифз ва нигаҳбонӣ шавад.
Абдулвоҳид Шамолов - сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Наздику Миёнаи
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор