Skip to main content
Истиқлолият барои ҳар як миллат ва давлат бузургтарин неъмат ва ормони таърихӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва ин сана дар сарнавишти халқи тоҷик ҳамчун оғози давраи нави давлатдории миллӣ — давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ нақши таърихӣ бозид.

Дар таърихи навини миллати тоҷик ин рӯз бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрист, балки оғози роҳи худшиносӣ, давлатсозӣ ва рушди устувори миллӣ мебошад.

Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо барои озодӣ ва соҳибдавлатӣ мубориза бурдааст. Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри ХХ, таҳаввулоти сиёсиву иқтисодие, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқуъ пайвастанд, имконияти таърихиро барои кишварҳои тобеъ фароҳам оварданд.

Натиҷаи ин равандҳо он буд, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Ин сана ба унвони Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ расман эълон гардид.

Бо вуҷуди шодиву ифтихори миллӣ аз бадастоварии истиқлолият, солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар душвориҳои сангин дошт. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 яке аз фоҷиабортарин давраҳои таърихи муосири тоҷикон ба шумор меравад, ки талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати миллионҳо нафар ва хароб шудани зербиноҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба бор овард.

Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти сиёсии кишвар ба хусус бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот барқарор гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард.

Тоҷикистон дар давоми зиёда аз се даҳсола пас аз истиқлолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 заминаи ҳуқуқии таҳкими давлатдорӣ ва низоми демократиро фароҳам сохт.

Бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ, иқтисодиёти кишвар пайваста рушд мекунад. Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар инфрасохторҳо нишонаи рушди иқтисодӣ мебошанд. НБО «Роғун» ҳамчун яке аз бузургтарин лоиҳаҳои миллӣ, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар баробари ин, соҳаҳои маориф ва илм низ рушди назаррас пайдо кардаанд. Ҳазорон муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ таъсис ёфта, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми худро мустаҳкам намуд ва ба худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Иқдомҳо ва пешниҳоди Тоҷикистон дар масоили муҳим, ба мисли обу иқлим, дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ва қадршиносӣ шудаанд.

Истиқлолият барои насли ҷавон мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандист. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки озодӣ ва истиқлол неъмати осонбадастомада нест, балки натиҷаи талошу ҷоннисориҳои фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромидошти забон, фарҳанг ва таърихи миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад.

Хулоса Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик имконияти таърихие фароҳам овард, ки худро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун ва соҳибдавлат дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Гарчанде дар тӯли зиёда аз се даҳсола кишвар ба дастовардҳои арзанда ноил гардидааст, вале вазифаҳои муҳим дар пешанд.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки пойдории истиқлолият, сулҳи ҷомеа ва рушди иқтисодӣ танҳо бо заҳмати дастаҷамъонаи халқ таъмин мегардад. Танҳо дар асоси ваҳдат, дӯстӣ ва заҳмати созанда метавон Тоҷикистони озоду обод ва пешрафтаро ба наслҳои оянда ба мерос гузошт.

Муаллиф: ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ
Аюбов Д.Қ., Сафаров А.Ғ.