Skip to main content

30 декабри соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони сохторҳои гуногун ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсоли хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти муассисаҳоии илмии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои махсус доданд.

Дар идома аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон иҷрои “«Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» мавариди барасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки мо бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар риштиҳои гуногун аз ҳисоби ҷавонон тадбирҳои махусус андешем.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд кард, ки муқаддимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”- ро масъалаҳои иқтисодӣ ташкил медоданд ва ин як амри табиист.

Воқеан ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба беҳбуд бахшидани авзои иқтисодии кишварамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ равона гардидааст. Аз ҷониби дигар, мусаллам аст, ки ташаккули низоми таркибии тамоми ҷараёнҳову соҳаҳоро набзи иқтисодии ҳаёти ҷомеа самт бахшида, онҳоро зери таъсири пайваста ҳам нигоҳ медорад. Ба ин ваҷҳ, ҳама нуктаҳои Паёми имсола бо масъалаҳои иқтисодӣ пайванди мантиқии қавиеро нигоҳ медоранд.