Skip to main content

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”. 28 декабри соли 2024)

123Дар мафҳуми “рушди иҷтимоӣ” чунин равандҳое дар назар гирифта мешаванд, ки шаклҳои табиӣ-таърихии зиндагии инсонро дар заминаи таъмини шароити мусоид барои мавҷудияташ, некуаҳволии арзандаи шахсӣ ва иҷтимоӣ, дараҷаи қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣ инъикос менамояд.

Мусаллам аст, ки вазъи соҳаи иҷтимоӣ муҳимтарин унсури ҳаёти ҳар як давлат мебошад. Маҳз вазъи ин соҳа аз бурду бохти ҷомеа дар самти пешрафти иҷтимоӣ далолат мекунад. Ин ҳамон соҳаест, ки мафҳуми “инсон” ҳамчун субъекти амалкунандаи таърих ченаки худро пайдо мекунад. Пешрафти иҷтимоӣ дар ин равиш аз он вобастааст, ки аъзои ҷомеа то кадом андоза аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя карда мешавад, чӣ гуна ў аз неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ истифода мебарад. Маҳз ҳамин нуктаҳоро дар мадди назар гирифта, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бори дигар қайд карданд, ки “амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.

Воқеан, сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, қишрҳо ва гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан ба фароҳам овардани заминаҳои институтсионалӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои татбиқи стратегияҳои давлатӣ доир ба муҳайё сохтани шароит баҳри зиндагии шоиста нигаронида шудааст. Дар ҳамин асос дар марҳалаи кунунӣ ин сиёсат эҳтиёҷи асосии сокинони мамлакатро қонеъ гардонда, такмил меёбад. Чунончи, дар Паём қайд карда шуд: “Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд”.

Бояд зикр намоем, ки таҳияи дурусти системаи афзалиятҳо ва механизмҳои истифодаи самараноки захираҳои ба мақсадҳои иҷтимоӣ ҷудошуда ва ҳалли пайдарпайи масъалаҳои иҷтимоие, ки дар ҷараёни тағйирёбии бозор ба миён меоянд, дар маҷмуъ мазмуни асосӣ ва умедбахши сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.

“Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.

Президенти муаззами мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:

“– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”.

Агар мо дар назар дошта бошем, ки усули сиёсатгузории иҷтимоӣ ба андешаҳои раҳнамунсози ташкилӣ такя менамояд, пас зербинои онро таъмини некуаҳволии иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва ғайра ташкил медиҳанд. Омилҳои иҷтимоии инкишоф дар марҳалаи кунунӣ нақши калидӣ доранд, зеро маҳз онҳо самаранокии неруи инсониро ифшо ва татбиқи пурраи онро, ки манбаи муҳимтарини навсозии иқтисодиёти муосир мебошад, таъмин мекунанд.

Аз ин рў, “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Сарвари давлат супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда “бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ” таъмин карда шавад.

Ҳамчунин қобил ба зикр аст, ки “дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат қайд карда шудааст, ки бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат “дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.

Инчунин “...дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав” ба нақша гирифта мешавад.

Аз Паёми Президенти муаззами миллат бармеояд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи имрўзаи инкишофаш воқеан ҳам дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти соҳаи иҷтимоӣ ба як қатор дастоварҳо ноил шудааст ва ин, дар навбати худ, зарурати минбаъд ҳам тақвият бахшидани асосҳои иҷтимоии онро пеш мегузорад. Дар чунин вазъ Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам овардани шароит барои рушд ва татбиқи имкониятҳои шахс, кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, самарабахшии идоракунии давлатӣ, таъмини сатҳи зарурии қобилияти истеҳсолии мамлакатро ҳамеша дар мадди назар дорад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” собит мегардонад, ки ҳалли ин масъалаҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад.

Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ