Skip to main content

Имрӯз (10.12.2024) бахшида ба 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки чандест бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе байни кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ озмуни ҳизбӣ даври шаҳрӣ аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ” эълон гардида буд. Имрӯз дар арафаи таҷлили 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои фаъолияти намунавӣ, риояи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти корӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб дар даври шаҳрии озмуни ҳизбӣ дар номинаи «БЕҲТАРИН КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОӢ» ғолиб омада, бо Диплом ва нишони 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки бо ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассирро мебозад.