Skip to main content

05 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ бо иштироки олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар оғози конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми кормандони соҳаи илмро ба муносибати ҷашни бошукуҳи Истиқлолияти давлатӣ таҳният хонда, таъкид дошт, ки ҳанӯз дар Шурои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърихи24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» пазируфта шуда, дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мутаассифона, то 19 ноябри соли 1992, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат, яъне Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, Эъломияи мазкур дар бораи истиқлоли давлатӣ дар рӯйи коғаз монда, барои амалӣ сохтани он ягон тадбирҳои назаррасе амалӣ нашуда буданд, зеро дар он замон машғул будани сиёсатмадорон ба муноқишаҳои дохилии сиёсӣ, мансабталошӣ, аланга гирифтани оташҳои нахустини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, боло рафтани маҳалгароӣ, таассубу хурофоти динӣ, чаҳор тақсим шудани марзу буми Тоҷикистони ягона ва ҳодисаҳои дигари нангин ба ин имкон надоданд.

Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаю илмпарварона ва маорифпарварии шахсии Пешвоямон аст, ки мо имрӯз аз меваҳои шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ баҳра бурда, Ватани озоду соҳибистиқлоламонро устуворона ба сӯи ояндаи дурахшон ба пеш мебарем.

Нақши илм ва илмомӯзиро дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат ҳанӯз дар Паёмашон ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2001 қайд карда, даъват намуда буданд, ки ҷавононро тавре тарбия намоем, ки «дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошанд, истиқлол ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунанд, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошанд ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Дар идома як зумра олимон доир ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарварони Пешвои муаззами миллат маъруза намуданд.