Конфронс. 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ: САҲМИ ТАЪРИХИИ МАРДУМОНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОҲОИ ШАРИКӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Имрӯз, 8 октябр дар ҳошияи баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида зикр дошт, ки иқдоми баргузории ин конфронси сатҳи баланд тасоддуфӣ набуда балкӣ бомақсад роҳандозӣ гардидааст. Зеро имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Дар ҳошияи ин, соли 2025 дар фазои кишварҳои узви ИДМ Соли сулҳ ва ваҳдат дар мубориза бо фашизм эълон гардидааст, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори аввал 27 августи соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисии худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуда буд.
Қатъномаи мазкур, ки дар соли ҷашнии ҳаштодумин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳадаф дорад, ки ҳамкориҳоро байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла бо сохторҳои гуногуни он ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор тақвият бахшида, амиқтар намояд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамин рӯзҳо дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе, баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия”, инчунин сафари давлатӣ ва расмии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта шуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон — ҷанги умумӣ, Ғалабаи умумӣ ва хотираи муштараки ҳамаи мардумони Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон мебошад. Имсол, 9 май дар Тоҷикистон дар фазои ботантана 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро таҷлил намуданд — ғалабае, ки бо қаҳрамониҳо ва талафоти бузурги мардумони мо ба даст омадааст. Ин санаи таърихӣ ба як рамзи муҳим ва самти асосӣ дар сиёсати ташаккули хотираи таърихӣ барои насли имрӯза дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил ёфтааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки хотираи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон на танҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мақоми баланд дорад, балки ҳангоми ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих, таърихнигорӣ ва дигар илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ низ мавриди арҷгузорӣ қарор мегирад.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ғалабаро як санаи муҳими таърихӣ мешуморанд — рӯзе барои арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои халқҳои мо дар мубориза бар зидди фашизм. Ин сана, ҳамзамон, ҳамчун хотиррасон ба тамоми башарият дар бораи он ҷанги даҳшатовар хизмат мекунад, ки ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърих ва фоҷиаи бузург барои бисёр халқҳои ҷаҳон, бахусус барои мардуми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба сарнавишти шумораи ками иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, кормандони ақибгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Инчунин, бо эҳтиром ба хотираи фарзандони шаҳидшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, Сарвари давлатамон дар қатори роҳбарони беш аз бист кишвари хориҷӣ дар паради ҳарбӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурхи шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки рӯзи Ғалаба на танҳо фурсатест барои арҷгузорӣ ба корномаи фарзонагони гузашта, балки ёдовариест аз аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ, хусусан дар миёни насли наврас. Дар шароити муосир, вақте ки ҳақиқати таърихӣ зери хатари таҳрифи мақсаднок қарор дорад, ҳифзи хотираи Ғалабаи Бузург ба вазифаи муштараки ҳамаи халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил меёбад — бахусус барои намояндагони доираҳои илмӣ ва зиёиёни эҷодкор.
Дар идомаи конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои Русия академик Руденко Виктор Николаевич ва дигар олимону муҳаққиқони тарафайн маъруза намуда, саҳми шаҳравандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро дар Ғалабаи бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад.
Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад.
Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
6 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир гардид, ки дар он ҳисоботи фаъолияти илмию таҳқиқотии Шуъбаи ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ барои соли 2025 баррасӣ шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарият, академикон, роҳбарони муассисаҳои таҳқиқотӣ, кормандони илмӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм баромад намуда, вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ, ба мисли таърих, забоншиносӣ, адабиёт, ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод, фарҳангшиносӣ ва соҳаҳои дигар, маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки дар давоми соли 2025 як қатор лоиҳаҳои муҳимми илмӣ амалӣ гардида, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият ёфтанд. Ҳамзамон, омӯзиши масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва таҳия намудани пешниҳодҳои илмӣ барои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври пайваста идома ёфт.
Дар баробари ин, ба як қатор мушкилот низ ишора карда шуд, аз ҷумла зарурати тақвияти базаи моддию техникӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм, баланд бардоштани сатҳи нашриёти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ.
Дар қисмати дуюми ҷаласа вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардида, зарурати боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқотҳо, таъмини татбиқнопазирии натиҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таҳияи барномаҳои нави илмӣ таъкид шуд.
Дар анҷом ба воҳидҳои сохторӣ тавсия дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ саъю талошҳои худро боз ҳам бештар намоянд.
Нашрияи мазкур, ки аз моҳи сентябри соли 2025 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҳадаф дорад равандҳои муосири рушди илм, навоварӣ ва комёбиҳои олимони ватаниро ба таври фарогир инъикос намояд.
Дар шумораи навбатӣ гузоришҳо оид ба рӯйдодҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои гуногуни илм ҷой дода шудаанд.Нашрияи «Илм ва инноватсия» ба муаррифии дастовардҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, барои ташвиқ ва рушди фарҳанги илмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамин унвон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба нашр расид.
7 январи соли 2026 № 3 (25 370)
6 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ доир гардид, ки дар он гузориши ноиби президенти АМИТ Амонзода И.Т. оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.
Дар гузориш аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2025 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби Президиуми Академияи миллии илмҳо гузошта шудаанд дар доираи амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, инчунин тибқи самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ дар соли 2025 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар соли 2025 олимони Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳо тадқиқотро аз рӯйи 34 мавзӯъ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ зиёда аз 2270 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 30 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2220 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 140- мақолаҳои Scopus; 182 – мақолаҳо дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ФР; 353 - дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ; 333 – мақолаҳо дар РИНС; 148 – мақолаҳо дар дигар маҷалаҳои ғайри тақризшавандаи КОА; 410 - мақолаҳои илмӣ-оммавӣ; 317 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ; 325 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ нашр намудаанд.
Дар соли 2025 аз тарафи олимони АМИТ 23 патент, аз он ҷумла 2 патенти Авруосиёгӣ ва 2 патенти Ҷумҳурии мардумии Чин ва 19 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, инчунин 4 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 8 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ин сол инчунин, кормандони муассисаҳои зертобеъ дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъолона ширкат варзида аз ҷониби онҳо 397 адад мақолаҳои илмӣ-омавӣ нашр шуда дар 487 барномаҳои телевизионӣ ва радиёии вобаста ба самти фаъолияташон иштирок намудаанд. Кормандони муассисаҳо дар ин сол дар 97 чорабинҳои гуногуни сатҳи АМИТ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибдараҷа ва унвони илмидошта саҳми тамоми узви пайваста ва узви вобастаи АМИТ, ки дар Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ кору фаъолият менамоянд ниҳоят зиёд аст. Дар давоми соли 2025 онҳо 15- монография; 8- патент ва нахустпатент; 45- мақолаҳои Scopus; 30 – мақолаҳо дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ФР; 69 - дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ; 59 – мақолаҳо дар РИНС; 8 – мақолаҳо дар дигар маҷалаҳои ғайри тақризшавандаи КОА; 17 - мақолаҳои илмӣ-оммавӣ; 257 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ нашр намуда 16 номзади илмро тайёр намудаанд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои хориҷи кишвар 34 адад созишномаи ҳамкорӣ ва ёддоштҳо ба имзо расонида шудааст. Бо дигар ташкилот ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ оид ба ҳамкорӣ 14 созишнома ва ёддошт ба имзо расидааст.
6 январи соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии солона бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кормандони шуъба баргузор гардид.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аъзои АМИТ ва кормандони шуъбаро дар давоми соли гузашта мавриди таҳлил қарор дод.
Дар маърӯза корҳои илмии дар давоми сол ба анҷом расонидаи аъзои АМИТ ва кормандони шуъба ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи илми тиб баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раёсати АМИТ, фаъолияти илмӣ бояд бештар ба таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи мавзуъҳои афзалиятнок, истифодаи васеъи технологияҳои муосир дар амалия, инчунин ҷорӣ намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои таҳқиқотӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ дар асоси омӯзиш ва истифодаи растаниҳои шифобахши ватанӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ бояд мавриди назар бошанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ тақвияти ҳамкории илмӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, ҷалби мутахассисони ҷавонон ба корҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии олимон аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати АМИТ таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи олимони соҳа дар таҳия, такмил ва таҳрири китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ бояд тақвият ёбад.
Дар ҷаласа аъзои АМИТ ва иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди илми тиб, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот, татбиқи навовариҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтиодӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 870 000 (нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 январи соли 2026
№АП-950
